Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти шукӯҳи Соли Нав ба Кӯлоб


Шаҳрдори Кӯлоб дастур додааст, ки дар 20 гӯшаи ин шаҳр “Арчаҳои солинавӣ” гузошта шавад. Ҳарчанд насби ин гуна арчаҳо дар шаҳри Кӯлоб шурӯъ шудааст, аммо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ сар аз рӯзи 27-уми декабр оғоз мешаванд.

Рамазон Насридинзода, як масъули шаҳрдории Кӯлоб чаҳоршанбеи 20-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гузоштани “Арчаҳои солинавӣ” дар даромадгоҳи Кӯлоб, Мактаби Президентӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи №53, назди Боғи фарҳангӣ, Қалъаи Кӯлоб ва дар мавзеҳои марказӣ, сурат мегирад.

Соли Нави милодӣ дар Кӯлоб дар ҳоле бошукӯҳтар таҷлил мешавад, ки солҳои қабл дар ин шаҳр ду арча ороиш дода мешуд ва сокинон шаби 31 декабр бо гаштугузор ва чорабинии фарҳангӣ, Соли Нави мелодиро ҷашн мегирифтанд.

Ҷаноби Насриддинзода афзуд, ки ҳар арчаи насбшуда оро дода шуда, мардум бояд эҳсос кунанд, ки Соли Нав бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш таҷлил карда мешавад. Ба гуфтаи ин масъули шаҳрдории Кӯлоб, қарор аст, сар аз 27-уми декабр барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳр ба муносибати Соли Нав оғоз шаванд.

“Раиси шаҳр супориш дод, ки 20 арча дар ҳар гӯшаи оро диҳанд ва мардум эҳсос кунан, ки Соли Нав дар роҳ аст. Аллакай дар як қисмати шаҳр арчаҳо насб шуда, онҳо ороиш дода шудаанд. Дар баробари ороиши арчаҳо, сар аз 27-уми декабр барномаҳои фарҳангӣ роҳандозӣ шуда, қарор аст дар назди Қалъаи Кӯлоб оғоз шавад”,--гуфт мусоҳиби мо.

Гузоштани арчаҳои солинавӣ ва як моҳ қабл дар ҳоле роҳандозӣ шуд, ки тайи чанд соли ахир таҷлили Соли Нави мелодӣ дар шаҳри Кӯлоб камранг гашта буд ва танҳо дар ду гӯшаи Кӯлоб арча гузошта мешуд. Фариддуни Ҷӯрахон, як сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳар сол барои ҷашнгирии Соли Нави милодӣ ба Душанбе мерафт ва дар онҷо ин идро ҷашн мегирифт.

Фаридун мегӯяд, ҳамакнун бо гузошта шудани арчаҳои солинавӣ дар шаҳри Кӯлоб қасд дорад, имсол Соли Нави милодиро дар худи Кӯлоб ҷашн гирад. Чун ба гуфтаи вай, ҳангоме, ки ҳоло шабонгаҳ дар Кӯлоб гаштугузор мекунад, эҳсос мекунад, ки дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

“Рости ҳар сол Душанбе бо ёру рафиқонам рафта Соли Навро дар пойтахт мегузаронидам. Имсол дидам, ки арчаҳоро аз ҳоло насб карданд ва дар гирди арчаҳо чароғакҳои солинавӣ насб шуда ва симои шаҳр аллакай барои пешвозгирии Соли Нав омода шудааст. Ҳоло ба худ қарор додам, ки имсол дар Кӯлоб Соли Навро гузаронам. Чун ҳар сол дар Кӯлоб на он қадар Соли Нав хуб мегузашт. Имсол эҳсос мекунам, ки шукуҳу шаҳомати Соли Нав дигар аст ва аз ҳоло ҳама омодагии ҷашнгирии Соли Навро мебинанд”,-гуфт мусоҳиби мо.

Аммо бархе хонаводаҳо дар Кӯлоб баръакси Фаридун, Соли Нави милодиро ҷашн намегиранд ва мегӯянд, ки ин Соли Нав аз онҳо ба ҳисоб намеравад. Зулфия, як сокини Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то чанд соли пеш онҳо Соли Нави милодиро ҷашн мегирифтанд, аммо ҳамакнун бародаронаш онҳоро намегузорад, ки Соли Навро ҷашн гиранд. Зулфия гуфт, ки ба ӯ фарқ надорад, ки дар куҷои шаҳр арча насб кардаанд ва дар шаҳр Соли Навро чигуна ҷашн мегиранд.

“Хонаводаи моро бародаронам чанд сол шуд намегузоранд, ки Соли Навро ҷашн гирем. Ва ҳоло дигар фарқе надорад, ки Соли Навро чигуна ҷашн мегиранд. Ҳаминро ба мо гуфтанд, ки Соли Нав аз мо нест ва ҷашн намегирем ва иҷозат нест, дигар мо ҷашн намегирем. Ҳарчанд фарзандам таваллуд шудааст, вале мо Соли Навро ҷашн намегирем”,--гуфт мсоҳиби мо.

Ҳоло дар Кӯлоб эҳсос мешавад, ки бархе сокинон барои падруд гуфтани соли кӯҳна дар хонаҳояшон омодагӣ мегиранд ва мегӯяд, ки ҷашнгирии Соли Нав ягон хосияти бад надорад, балки хонаводаро сари як дастархон ҷамъ оварда, рӯзҳои хуби соли равонро ба ёдашон меорад ва бо ҳам дар сари дастахон шодӣ мекунанд.

Саида Шерхонова, як сокини Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳар сол соли навро дар ҳалқаи хонавода ҷашн мегирад, аммо соли 2017 ба фарқ аз солҳои дигар ба ӯ хотираҳои хуб гузошт. Шерхонова гуфт, ки дар ин соли равон наберадор шуд ва як духтарашро ба шавҳар доду писараш соҳиби ҷои кор шуд. Ӯ мегӯяд, ки аз ин рӯ соли 2017 фаромуш нахоҳад кард.

“Кӯдаконам ҳар шаби Соли Нав ба марказ рафта ҷорабиниҳои фарҳангиро тамошо карда меоянд. Як хосияти хуб дорад, ки аз роҳи дуру наздикро дар сари дастархон ҷамъ мекунад ва ҳама шодикунон рӯзҳои хуши соли равонро ба ёд меоранд. Аз ин рӯ, мо ҳар сол Соли навро ҷашн мегирем. Ягон хосити бадашро надидем. Аммо соли 2017 боз барои ман хеле хотирмон хоҳад буд, зеро соҳиби набераи аввал ва духтари дуюмамро ба шавҳар додаму писарам бошад баъди хатми мактаби олӣ соҳиби ҷои кор шуд”,--гуфт мусоҳиби мо.

Зимнан, ҷашнгирии Соли нави милодӣ дар ҳоле бо шукуҳтар шуд, ки солҳои қабл дар Кӯлоб ду арча, яке дар назди Боғи фарҳангӣ, дигаре дар назди Қалъаи Кӯлоб ороиш дода шуда, сокинон рӯзу шаби 31 декабр бо гаштугузор ва чорабинии фарҳангӣ Соли нави мелодиро ҷашн мегирифтанд. Аммо имсол нисбати солҳои қабл чанд руз пеш чорабиниҳои фарҳангӣ оғоз шуда, сокинон Соли Нави милодиро ҷашн мегиранд.

XS
SM
MD
LG