Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатманд: Умедворам, “Шаҳнавоз” минбари озоди овозхонон хоҳад шуд


Дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқӣ ба фаъолият пардохт, ки барномаҳои вижаи мусиқӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷикро ба намоиш мегузорад.

Телевизиони нав рӯзи 13 ноябр муаррифӣ шуд ва дар ҳамин рӯз расман ба кор пардохт. Ин телевизион 24 соат барномаҳои мусиқӣ таҳия ва тақдим хоҳад кард.

ТВ “Шаҳнавоз” шабакаи ҳафтуми телевизионӣ мешавад, ки дар солҳои

Минбаре васеъ барои густаришу таблиғи мусиқии ноби тоҷик ва балад бардоштани ҳунари мусиқӣ мешавад

охир таъсис шудааст. ТВ “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, ТВ “Варзиш”, “Синамо”, "Душанбе" ҳама телевизионҳои давлатӣ мебошанд. Танҳо телевизионе, ки мақоми мустақилро дорад, СМТ ё “Симои мустақили телевизион” аст, ки ҳамарӯза барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангӣ таҳия мекунад.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар бозори дохилии Тоҷикистон ТВ “Шаҳнавоз” ҳамакнун бо телевизионҳои маъруфи форсизабони мисли PMC ва GEM Music вориди рақобат мешавад ва эҳтимолан, тамошобинони аслии телевизионҳои хабариву иттилоотии дигари фаъол дар Тоҷикистонро аз они худ хоҳад кард.

Маросими ифтитоҳи шабакаи нави мусиқӣ

Хуҷаназари Аминиён, як масъули шабакаи давлатии телевизиони “Тоҷикистон” зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “маросими таъсиси шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз” дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар сурат гирифт”.

Ба гуфтаи ҷаноби Аминиён, ин шабака дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон”, аммо дар канали алоҳида муддати 24 соат барнома пахш хоҳад кард, ки ғолибан аз консерту барномаҳои мусиқӣ иборат мешавад.

Вай ҳадафи таъсиси ин шабакаро "минбаре васеъ барои густаришу таблиғи мусиқии ноби тоҷик ва балад бардоштани ҳунари мусиқӣ ва ғизои маънавӣ бахшидан ба шунавандагону мухлисон ва ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои куллия ҳунармандону овозхонони тоҷик" унвон кард.

Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Ализода, ки ҳоло сармуҳарири барномаҳои “Субҳ” –и ТВ “Тоҷикистон” аст, раҳбарии ин шабакаро бар дӯш дорад.

Давлатманди Хол: Ин рӯйдоди муҳими ҳунарист

Давлатманди Хол, ҳунарманди саршиноси тоҷик таъсиси шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз”-ро иқдоми бесобиқа дар ҳаёти ҳунарӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик арзёбӣ кард.

Вай рӯзи 13 ноябр дар вокуниш ба таъсиси ин шабака дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳли ҳунару фарҳанг ва мардуми тоҷик солҳо дар интизори таъсиси ҳамчун шабакае буданд. Чун мардуми тоҷик муштоқи мусиқӣ ва ҳунар ҳастанд ва мехоҳанд то аз ин ғизои маънавӣ ҳаловат баранд.

Ба гуфтаи ин ҳунарманд, дар ҳоле, ки дар кишварҳо даҳҳо шабакаҳои мухталиф, аз ҷумла шабакаи мусиқӣ доранд, Тоҷикистон, ки макони мусиқӣ аст, ҳатман, ки бо ин шабака барои сокинону меҳмонон ҳаловат хоҳад бахшид.

Давлатманди Хол ибрози умедворӣ, кард, ки шабакаи нави “Шаҳнавоз” минбари озоде барои аҳли ҳунару овозхонон хоҳад шуд, то тавонанд дар баробари муаррифии ҳунар ва истеъдоди худ, мушкилоту масоили касбии худро матраҳ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG