Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи нави муҳоҷирони боздоштшуда дар Оқсарой ба Душанбе бармегардад


Рӯзи 22 ноябр ба Душанбе гурӯҳи 17-нафарии муҳоҷирони тоҷики дар Русия боздоштшуда интиқол меёбанд.

Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ин нафарон бахше аз даҳҳо шаҳрвандонанд, ки таахминан се ҳафта пеш дар истгоҳи марзии

Шикояти аслии муҳоҷирон ин буд, ки ҳамаи онҳо дар шароити номуносиб, бидуни дастрасӣ ба ғизо ва ҷои хоби дуруст нигаҳдорӣ мешуданд

Оқсарои Русия-Қазоқистон аз қатор фароварда шуда, бо далели нақзи муқаррароти Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳоло як гурӯҳи дигари 29-нафараи муҳоҷирон мунтазири интиқол ба Тоҷикистон ҳастанд.

Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" рӯзи 22 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи муҳоҷирон ройгон ва бо таъмини ғизо ба Тоҷикистон расонида мешаванд. Ба иттилои ӯ, ин афрод баъди судури қарори ихроҷ ҳақи бозгашт ба Тоҷикистонро ба даст оварданд. Интизор меравад, қатораи муҳоҷирон дар соати тақрибан 17 ба вақти Душанбе ба истгоҳи Роҳи Оҳан бирасад.

Аз рӯзи 2 то 6 ноябр мақомоти марзбонии Русия зиёда аз 180 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори хатсайти Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аз қатор фароварда боздошт кардаанд.

Гурӯҳи аввали муҳоҷирони тоҷик шоми 2-юми ноябр, ҳангоми бозгашт ба ватан дар қатори Маскав-Душанбе фароварда шуданд. Мақомоти марзбонии Русия иддао карданд, ки аксари ин афрод барои нақзи қоидаи будубош ва шаҳодатномаи қалбакии бозгашт ба ватан муттаҳам мешаванд.

Анвар Латифзода
Анвар Латифзода

Шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар Русия барои он шаҳрвандоне медиҳад, ки шиносномаи худро гум кардаанд, ё муҳлати истифодаи шиносномаашон гузаштааст. Баъди санҷиши гурӯҳи аввали муҳоҷирон, санади 40 нафари онҳо дуруст ва қонунӣ арзёбӣ шуд, вале дигарҳо боздошт шуданд.

Шикояти аслии муҳоҷирон ин буд, ки ҳамаи онҳо дар шароити номуносиб, бидуни дастрасӣ ба ғизо ва ҷои хоби дуруст нигаҳдорӣ мешуданд ва дар шароити боздошт дар саҳни истгоҳи роҳи оҳани Оқсарой мебоист аз ҳисоби худ хароҷоти будубошро пардохт мекарданд. Сафорати Тоҷикистон ҳайатеро барои мусоидат дар ҳалли мушкили ин афрод ба Оқсарой фиристод. Бар асоси ҳукми додгоҳи аксари онҳо, бо сабаби нақзи муқаррароти будубош дар Русия, адами сабтином ё патенти кор, ба ихроҷ ва депортатсия маҳкум шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG