Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулқодирзода муштзанӣ ва "муҳорибаи бидуни қоидаро"-ро ҳаром хонд


Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон машғул шудани ҷавонон ба бархе навъҳои варзиш, назири "муҳорибаи бидуни қоида" ва "муштзанӣ"-ро ҳаром хонд. Ӯ гуфт, ин навъи варзиш бинобар зиёновар будан ба саломатӣ, ҳаром аст.

"Агар ин гуна варзишҳо ҳаром бароварда шаванд, ҷавонони мо бо кадом навъи варзиш Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд?",-мепурсад як устоди варзиш.

Раиси Шӯрои уламо, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми июн дар минбари Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Ёқуб суҳбат мекард, дар посух ба суоли яке аз намозгузорон гуфт, "... ва хусусан бокс ва "бой без правил", ки мезананд, маъюб мекунад, ин аз нуқтаи назар дини мубини ислом ҳаром аст."

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, "ҳама бозиҳое, ки дар ивази маблағ бошанд, рибо аст, ҳаром аст. Агар маблағ несту вақту соат мегузаронанд, ки аз он на инкишофи ақл асту на руҳу равон ва на ҷисму ҷон аз он қувват мегирад, он ҳаром аст."

Вай ҳамзамон гуфт, "ҷавонони мо бояд ба ҳамон варзишҳое, мисли гуштину дигар варзишҳое, машғул шаванд, ки ҳам инкишофу ҷисмашон ва ҳам рӯҳу равон аст. Ҷавонони мусалмон бояд бо ин гуна машқҳо машҳур бошанд ва байрақбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллат ва давлати тоҷикон бошанд."

“Боло бардоштани парчами ватан ҳалол аст”

Зӯҳро Холова
Зӯҳро Холова

Зӯҳро Холова, варзишгари тоҷик, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар муҳорибаҳои омехта муаррифӣ мекунад, 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ягон навъи варзишро ҳаром намедонад. Ӯ гуфт, то ҷое ба онҳо таълим додаанд, варзиш суннат аст.

“Дар муҳорибаҳо мо ҳеҷ гоҳ бе кулоҳи муҳофизавӣ намебароем. Яъне, мо ҷони худро аз хатар ҳифз мекунем. Агар муфтии кишвар мегуфтанд, ки бе муҳофизат ва нодуруст истифода бурдани усулҳо ширкат дар варзиш ҳаром аст, қабул буд. Аз тарафи дигар муаррифӣ кардан ва бардоштани парчами ватан ҳалол аст. Мо бо ватанро бо варзиш муаррифӣ мекунем”,-гуфт Зӯҳро Холова.

Варзишҳои "номарғуб"

Изҳороти муфтии Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани бархе аз навъҳои варзиш фармон содир карда буд.

Бар асоси ин, дар муассисаҳои варзишии ин кумита ташкил кардани гурӯҳҳо оид ба 9 намуди варзиш - бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), грэпплинг, ню-фулл-контакт, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ - қатъ карда шуд.

Ба иттилои мақомоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ин тасмим бо мақсади иҷрои банди 11-и Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш гирифта шуд.

"Дар муассисаҳои варзишӣ таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзише, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад. Намуди варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд",-омадааст дар иттилоияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

"Агар ин варзишҳо ҳаром бошанд, ҷавонон чӣ кор кунанд?"

Носир Азимов, устоди риштаи бокс дар Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал аст, ки ҳаром будани муштзанӣ аз забони як рӯҳониро мешунавад. Носир Азимов, ки шогирдонаш ба мисли Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз шудаанд, гуфт, муштзанӣ дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ ва мусалмоннишинӣ иҷоза ҳаст.

Ӯ гуфт: "Дар Эрону Арабистони Саудӣ, Покистон ва Доғистон будам, бокс иҷозат ҳаст. Ҳатто рақиби ман дар соли 1997 дар як мусобиқа аз Саудӣ буд. Дар Арабистон фақат бокси занона иҷозат нест. Дар бораи муҳорибаи бидуни қоида шунида будам, ки ҳаром аст. Ин муҳориба қонун надорад, вале муштзанӣ қоида дорад. Аз ноф поин, пушти сар, умуман ҷое, ки нозук аст ва ҳангоми зарб хӯрдан инсон маъюб мешавад, задан мумкин нест."

Ин устоди варзиш мегӯяд, изҳороти муфтӣ метавонад ба рушди варзиши навъи бокс таъсир расонад. "Мо мусалмонем. Вақте бача мешунавад, ки муфтӣ ин хел гуфтааст, дилмонда мешавад. Агар ин гуна варзишҳо ҳаром бароварда шаванд, ҷавонони мо бо кадом навъи варзиш Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд? Варзишгарони маъруф дар ин соҳа, мисли Муҳаммад Алӣ ва Майкk Тайсон исломро қабул карда буданд",-гуфт Носир Азимов.

Фатвоҳои "ҷанҷолбарангез"-и Шӯрои уламо

Фатво ва изҳороти Шӯрои уламои Тоҷикистон дар солҳои ахир боиси баҳсҳои зиёд мешавад. Аввали моҳи Рамазон ин Шӯро ба коргарони нерӯгоҳи Роғун фатво дод, ки рӯза нагиранд, чун дар шароити сахт кор мекунанд. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, бори аввал чунин фатвоеро мешунаванд.

Соли 2014 аъзои ин шӯро, ки аз ҷамъе уламои исломӣ иборатанд, баъд аз якҷаласаи худ, барангехтани мардум алайҳи раҳбарияти худ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанию хориҷӣ, расонаҳо ва гуруҳу аҳзоберо, ки мақсадашон барҳам задани амнияти кишвар аст, "гуноҳи кабира" хонданд. Он замон рӯзноманигорон гуфтанд, ки ин назари Шӯрои уламо хилофи арзишҳои ҷомеаи дунявист ва он зидди озодии сухан нигаронида шудааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон ягона ниҳоди содиркунандаи фавто дар Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG