Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол аз пули нафақааш нахӯрду напӯшид. Аммо мактаб сохт


Бунёди мактаб аз ҳисоби пули нафақа
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00

Як деҳқони суғдӣ 20 сол пули нафақа ва ҳосили заминашро ҷамъ карда, барои кӯдакони деҳааш мактаб сохтааст.

Бачаҳои деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ, ки қаблан дар гармову сармо барои таҳсил 4-5 километр роҳи то мактаби ягонаи деҳаи худро пиёда тай мекарданд, имсол аз ин мушкил халос хӯрданд. Ҳамдеҳаи онҳо Маҳкам Ёқубов бо пули худ, 7 писар ва бародараш барои бачаҳо дар маҳаллаи поёни деҳаи Метк мактаби нав бунёд кард ва он дари худро ба рӯи кӯдакон боз намудааст.

Деҳаи кӯҳистонии Метк бо беш аз 5 ҳазор аҳолӣ танҳо як мактаби миёнаи рақами 27 дошт ва зарурати сохтани мактаби нав ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми и асри гузашта матраҳ шуда буд. Акнун ин мактаби нав аз ҷониби як оилаи деҳа бунёд гардид. Маҳкам Ёқубов, сокини 71-солаи деҳаи Метк мегӯяд, барои сохтани мактаб 1 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Ин мактаби нав (мактаби рақами 60) дорои синфхона ва хонаи муаллимон буда, атрофи саҳнаш панҷарабанд аст. Ин бузургтарин ва зеботарин бино дар деҳаи кӯҳистонии Метк аст. Онро устоҳову коргарон аз Истаравшан бунёд кардаанд.

Баръакси бинои мактаби бунёдкардааш манзили иқоматии Маҳкам Ёқубов, сокини 71-солаи деҳаи Метк, одӣ аст ва аз манзилҳои сокинони дигари русто фарқ надорад. Худи ӯ ҳам аз дигар мардони деҳаи тоҷик ба зоҳир фарқ намекунад, либоси одии обшуста дар бар ва тоқӣ - бар сар. Аммо номи вай баъди бо пули худ мактаб сохтанаш вирди забони сокинон шуд. Суҳбати мо бо Маҳкам Ёқубов дар манзили зисташ, дар қисмати даромади деҳааш сурат гирифт. Вай мегӯяд, орзуи сохтани мактабро ҳудуди 20 сол боз дар дил дошт ва барои ин кор пул ҷамъ мекард. “Чунки бачаҳои мо аз ҳамин поёни деҳ то боло, ба мактаб 4-5 километр раҳ тай мекарданд. Хусусан вақти барфу борон рафтуомад ба онҳо вазнин буд. Ҳамин сол ҳукумат ба мо замин ҷудо карда дод, мо ҳам кори хайрро ба таъхир наандохта, мактабро сохта додем,” – гуфт ӯ.

Ҳабиба, хонандаи синфи 8, мегӯяд, ки акнун роҳашон то мактаб хеле наздик шуд ва бо иҷозаи волидона ҳафтае чанд рӯз дар дарсҳои иловагии риёзиёт низ иштирок мекунад.

Ато Ёқубов, бародари Маҳкам Ёқубов, 30 сол собиқаи кори муаллимӣ дорад ва ҳоло дар мактаби навбунёд ба тадрис машғул аст. Ҷаноби Ёқубов мегӯяд, ин мактаби навро ибтидои солҳои 90-уми и асри гузашта сохтанӣ буданд, аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар монеаш шуд.

Маҳкам Ёқубов қаблан дар колхоз кор мекардааст, ҳоло нафақахӯр ё бознишаста аст. Ӯ мегӯяд, ҳудуди як гектар замин дорад, ки ҳамроҳи фарзандонаш сдар он сабзавот ва картошкаву сабзӣ корида, пули ҷамъоардаашон умдатан аз даромади ҳамон замин аст.

Мусоҳиби мо мегӯяд, “агар интизор меистодем, ки кай давлат омада мактаб сохта медиҳад, мумкин ин кор дертар мешуд. Пуламон, ки буд, худамон сохтем.” Вай мегӯяд, аз зиндагии одияш розӣ аст ва дучанд аз он розист, ки ба орзуи дилаш, яъне сохтани мактаб барои кӯдакони деҳааш расидааст. Ба назар мерасад, вайро чун дигар мардони кӯҳистонии тоҷик аслан орзуву умедҳои беҳтару роҳаттар кардани зиндагии шахсиву хонаводагии худаш камтар машғул медорад.

Мактабе, ки Маҳкам Ёқубов сохт, ба ҳайси муассисаи хусусӣ фаъолият надорад, он як мактаби давлатист ва таҳсил дар он барои ҳамаи талабаҳо ройгон (бепул) аст. Ба қавли мусоҳиби мо, ҳукуматҳои ноҳияву вилоят ин иқдоми ӯро аз оғоз дастгирӣ намуда, мактаби навбунёдро бо мизу курсӣ, тахтаву ҷевон ва дигар таҳҷизоти зарурии хониш таъмин кардаанд.

Ихтиёр Раҷабов, муовини раиси ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ, ки деҳаи Метк як ҷузъи он аст, мегӯяд, дар ду деҳи ин ҷамоат бачаҳо мактаб надоштанд, ки якеро дар Метк худи сокинон сохтанд ва дуюмиро дар деҳаи Ҳуқуқ соли оянда давлат аз маблағи буҷа хоҳад сохт.

Вилояти Суғд беш аз 900 мактаб дорад, ки дар онҳо ҳудуди 470 ҳазор талаба таҳсил мекунанд. Бештари ин мактабҳо дар замони Шӯравӣ сохта шуда, ҳоло ба бозсозӣ ниёз доранд. Ҳукумат мегӯяд, дар 10 соли охир дар шимоли Тоҷикистон барои 41 ҳазор хонанда бо пули буҷа ва сокинон мактаб ва синфхонаҳои нав сохта шудааст. Вале бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам бархе аз деҳу маҳалҳои нав ва дурафтодаи Суғд мактаб надоранд ва кӯдакон дар утоқҳои тангу торик дарс мехонанд.

XS
SM
MD
LG