Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Замоне аз байнашон қил намегузашт, акнун фил мегузарад"


24-уми ноябри соли 2017, маросими савгандёдкунии Сооронбой Ҷеенбеков

Гашти то ҳадде мустақилонаи Сооронбой Ҷеенбеков – раиси ҷумҳури Қирғизистон – ва интиқоди бебоконааш аз кадрҳои даврони президенти собиқ Алмосбек Отамбоев, ду шарикро зоҳиран дар муқобили якдигар қарор дод.

Сооронбой Ҷеенбеков дар интихоботи соли 2017 бо ҳимояти Отамбоев ба қудрат расид. Эҳтимол дувумӣ ният дошт, бо супурдани ҷилави қудрат ба дасти шарики ҳизбиаш ин саҳнаро аз паси парда идора кунад. Аммо маълум мешавад, ин тарбуз то дер дар бағал истоданӣ нест.

Шурӯи "ҷанги" лафзӣ?

Қатъи ваколат ё боқӣ мондани Асилбек Ҷеенбеков дар поролумон намоиш хоҳад дод, ки Сооронбой Ҷеенбеков то чӣ ҳад президенти мустақил аст ва қудратро дар дасти худ нигоҳ медорад

Ҳоло ин ду мақоми Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон – раиси ҷумҳури кунунӣ ва президенти собиқ – бо тарафдорони худ вориди "ҷанги" лафзӣ шудаанд. Аз як тараф, Сооронбой Ҷеенбеков кадрҳои даврони Отамбоевро ба олудагӣ ба фасод муттаҳам карда, ба онҳо барои ислоҳ фурсат додааст. Аз сӯи дигар, ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев президенти феълиро ба хешутаборбозӣ муттаҳам карда, аз ӯ хостанд, ба эҷоди ҳукумати хонаводагӣ роҳ надиҳад.Дар ҳоли ҳозир Асилбек Ҷеенбеков, бародари хурдии Сооронбой Ҷеенбеков, вакили порлумон аст. Ӯ дар гузашта раёсати Жокоргу Кенешро бар уҳда дошт, аммо баъди ба нахуствазирӣ расидани бародараш истеъфо дода буд.

Мээрбек Мискинбоев, узви Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон ҳафтаи ҷорӣ аз президент Ҷеенбеков расман хост, "таҳти таъсири онҳое қарор нагирад, ки қасди бозгашт ва эҷоди ҳукумати авлодиро доранд". "Қонун бояд барои ҳама як бошад. Мо аз Ҷээнбеков мехоҳем, пайрави Алмосбек Отамбоев бошад ва роҳи бунёди Қирғизистони воҳид, нирӯманд ва озодро идома диҳад", - гуфт Мискинбоев.

Асилбек Ҷеенбеков
Асилбек Ҷеенбеков

Вай дар муроҷиати худ ба раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ваъдаи Асилбек Ҷеенбеков ҳам ёдовар шуд, ки гӯиё гуфта будааст, дар сурати президент шудани бародараш курсии вакилиро озод хоҳад кард. Мақомоти фраксияи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон дар порлумон ва худи вакил Асилбек Ҷеенбеков то ба ҳол ин изҳори назари Мээрбек Мискинбоевро шарҳ надодаанд.

Нишонаҳои шикоф дар миёни президенти собиқу амалкунанда

Аммо бисёриҳо ин вазъиятро ҳамчун шикоф миёни раҳбари кунунӣ ва собиқи Қирғизистон арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба президенти собиқ Отамбоев ва атрофиёнаш, эҳтимол, иқдоми ахири Ҷеенбеков хуш наомад. Сооронбой Ҷеенбеков дар нишасти ахири Шӯрои амнияти кишвараш раҳбарони сохторҳои қудратиро танқид кард ва гуфт, муборизони зидди фасод худ дар фасод ғӯтидаанд. Вай барои ислоҳи вазъ муҳлат дод.

Равшан Ҷеенбеков
Равшан Ҷеенбеков

Равшан Ҷеенбеков, вакили собиқи порлумон низ шикофи миёни раҳбари собиқ ва феълиро дар ҳамин масъала мебинад. Ӯ гуфт: "Отамбоев бидуни кадом хастагӣ борҳо эълон кардааст, ки ислоҳоти муваффақиятомез доштанд ва бо фасод муборизаи муассир бурданд. Амалкарди раиси ҷумҳури кунунӣ гапҳои ӯ рад мекунад. Барои ҳамин, мумкин аст, гашти Сооронбой Ҷеенбеков ба президенти собиқ ва атрофиёнаш нафоридааст."

Аммо вакил аз фраксияи Ҳизби сотсил-демократ Рискелдӣ Момбеков изҳороти ахири Мискинбоевро «ҳангома» номид. Вай гуфт, «иддаои ҳукумати хонаводагӣ ё авлодӣ аз бунёдаш ғалат аст. Ин як ҳангома аст. Агар ин ҳолат вуҷуд медошт ва агар наздикони президент дар умури давлат дахолат мекарданд, мардум аллакай дар ин бора мегуфтанд ва ин гапи дигар буд. Асилбек Ҷээнбеков – вакили қаторӣ аст. Вай ҳатто ягон фраксия ё кумитаро раҳбарӣ намекунад.»

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков низ қаблан дар суҳбат бо раҳбарони расонаҳои ин кишвар гуфта буд, ки хешовандонаш ба умури идораи давлат дахолат нахоҳанд кард. “Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон -- Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, пас аз шаш сол бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам”, - афзуд ӯ.

Имтиҳони мустақилият барои Ҷеенбеков

Дар миёни сиёсатмадорон онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, ҳарфҳои Мээрбек Мискинбоев "аз гӯлӯи кӣ" берун омадааст ва онҳо ба сӯи раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев ишора мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо берун кардани Асилбек Ҷеенбеков аз порлумон ташаббускорон мехоҳанд, ба раиси ҷумҳур таъсир гузоранд. Равшан Ҷеенбеков, вакили собиқи порлумон ҳам гуфт, ваколати Асилбек Ҷеенбеков метавонад, мояи мухолифатҳои нави сиёсӣ шавад.

Меербек Мискинбоев
Меербек Мискинбоев

"Қатъи ваколат ё боқӣ мондани Асилбек Ҷеенбеков дар порлумон нишон хоҳад дод, ки Сооронбой Ҷеенбеков то чӣ ҳад президенти мустақил аст ва қудратро дар дасти худ нигоҳ медорад. Агар Асилбек аз порлумон равад, он вақт Ҷеенбеков аз ҳимояти маҷлис маҳрум хоҳад шуд. Ва барои маҳрум шудани раиси ҷумҳур аз ин пуштибонӣ, қатъи ваколати Асилбек Ҷеенбеков ба Отамбоев ва гурӯҳаш муҳим аст. Асилбек Ҷээнбеков сиёсатмадорест, ки дар порлумон нирӯҳоро ҷамъ меорад, то президент битавонад мустақилона ҳукумат кунад", - афзуд ӯ.

Ин баҳсҳо дар Қирғизистон дар ҳоле бархостааст, ки дар фурсати камтар аз даҳ рӯзи дигар анҷумани Ҳизби сотсиал-демократ баргузор хоҳад шуд. Дар ин анҷуман чанд масъала, аз ҷумла номзадии раиси нави ин ҳизб баррасӣ хоҳад шуд. Аз қабл гуфта мешавад, ки Алмосбек Отамбоев раёсати ин ҳизбро бар уҳда хоҳад гирифт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG