Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Фирор аз Маскавобод”


Филми “Фирор аз Маскавобод” достони муҳоҷири тоҷикест, ки бо фурӯхтани ҳамватанҳояш ба маъмурони ФМС мехоҳад ҷои худро дар Русия биёбад, вале баъд мефаҳмад, ки аз ин мондаву аз он ронда шудааст.

Филми “Фирор аз Маскавобод”, ки қиссаи зиндагии як муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия аст, дар ин ҳафта дар чорчӯби ҷашнвораи “Дубль дв@” намоиш дода шуд. Ин ҷашнвора аз сӯи “Российская газета” – нашрияи расмии ҳукумати Русия доир мешавад ва барандагонашро хонандагони ин нашрия аз тариқи овоздиҳӣ дар Интернет муайян мекунанд.

Филми “Фирор аз Маскавобод” (Побег из Москвабада”)-и коргардон Даря Полторатсия охирин филм аз силсилаи филмҳоест, ки дар Русия роҷеъ ба зиндагии муҳоҷирон рӯи навор омадааст. Сенарияи ин филмро коргардон ва сенариянависи узбак Юсуф Розиқов навишта, нақши муҳоҷири тоҷик Ҳасанро Ҷавоҳир Зокиров, бародари овозхони гурӯҳи овозадори “Ялла” Фаррух Зокиров бозӣ кардааст.

Дар маркази продюсерии “Всемирные русские студии” рӯзи 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадаф аз тарҳи “Фирор аз Маскавобод” нишон додани талхиву шириниҳои рӯзгори муҳоҷирон дар намунаи саргузаштҳои як муҳоҷири тоҷик буд ва истиқболи гарми тамошобинон нишон медиҳад, ки коргардон Даря Полторатская тавонистааст ба ин ҳадаф даст биёбад.

Даря Полторатская, ки ҳоло ба таҳияи филми наваш машғул аст, рӯзи 13 апрел дар як тамоси кӯтоҳ ба Озодӣ гуфт, ки "ман мехостам дар "Фирор аз Маскавобод" нишон бидиҳам, ки муҳоҷирон ҳам инсонанд, мисли сокинони бумии Маскав ғаму шодӣ доранд, мушкил доранд, ранҷ мекашанд ва онҳо низ мехоҳанд ҷои худро дар зери офтоби Маскав пайдо кунанд. Ман бархӯрди пархошҷӯёнаи сокинони Маскав ба ин мардумро намефаҳмам ва мехостам ба онҳо бигӯям, ки ҷудо кардани муҳоҷирон аз бақия роҳи дурусте нест."

“Фирор аз Маскавобод” достони Ҳасан аст, ки мушкилоти рӯзгор ӯро аз Ватанаш – Тоҷикистон – ба Русия меафканад. Ӯ дар инҷо ба дасти маъмурони ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русияя – меафтад ва онҳо аз Ҳасан барои худ суханчин месозанд. Дар ҷараёни амалиётҳои худ маъмурони ФМС Ҳасанро пеш меандозанд ва ӯ ба дари хонаҳое, ки ҳамватанҳояш ба сар мебаранд, занг мезанад. Муҳоҷирон ӯро худӣ гумон бурда, дарро боз мекунанд, вале маъмурони ФМС Ҳасанро як тараф партофта, дохили хона мешаванд ва ҳамаи аҳли он манзилро дастгир мекунанд.

Аммо бо вуҷуди хидматҳояш, Ҳасан барои ҳамкорони ӯ бегона боқӣ мемонад. Дар филм ҳатто лаҳзае ҳаст, ки ӯ мехоҳад сархамона бо шариконаш дӯстӣ биҷӯяд, вале яке аз онҳо бе ягон ибо дар рӯяш мегӯяд, ки “ту, чурка, худро бо ман баробар накун. Ман русам ва инҷо ҳамаҷо хонаи ман аст.” Ҳасан баъди ин радубадал дарк мекунад, ки худро дар чӣ чоҳе андохтааст – роҳи Тоҷикистон ба рӯяш баста шуда, чунки ҳамватанонаш ӯро хоин мешуморанд, вале дар Русия ҳам одами худӣ ва бо мардуми маҳаллӣ баробарҳуқуқ шуда натавонистааст. Ӯ дарк мекунад, ки Маскав, ин шаҳри ормонҳои Ҳасан дар асл барояш чоҳе шудааст, ки вай дигар аз он берун шуда наметавонад ва ӯ аз ин мондаву аз он ронда шудааст.

“Фирор аз Маскавобод” нахустин филми комили Даря Полторатская аст. Ӯ то ҳол филмҳои сериалӣ ба навор мегирифт, ки маъруфтаринҳояш "Талисман любви", "Кружева", "Русский шоколад", "Любовь как любовь", "Мамочки" ва "Бывшая жена" мебошанд.

Аммо “Фирор аз Маскавобод” танҳо филме нест, ки дар Русия аз рӯзгори муҳоҷирон, аз ҷумла роҷеъ ба мардикорони тоҷик рӯи навор омадааст.

Яке дигар аз филмҳои пуртамошобин даро бораи ҳаёти муҳоҷирон сериали “Гулчатай” буд, ки солҳои 2013 ва 2014 дар шабакаи телевизионии “Россия” намоиш дода шуд. Дар ин филм нақши қаҳрамони асосиро ҳунарпешаи тоҷик Сайёра Сафарӣ бозӣ кардааст.

Дар соли 2013 коргардони шинохтаи рус Лариса Садилова филми “Она”-ро ба бозор дароварда буд, ки аз рӯзгори занони муҳоҷир дар Русия ҳикоят мекард. Нақши асосии Майяро дар ин филм ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Нилуфар Файзиева бозӣ карда буд.

Дар чандин филму сериали дигар низ эпизодҳои вижае пиромуни муҳоҷирони тоҷик дида мешавад. Ҳамин тавр, дар Русия чанд филми мустанад дар бораи зиндагии мардикорони тоҷик ҳам рӯи навор омадааст.

XS
SM
MD
LG