Пайвандҳои дастрасӣ

Кушоиши шаҳраки нав барои осебдидагони сели Барсем


Калидҳои хонаҳои нав ба осебдидагони селхезиҳои тобистони соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнонро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба соҳибонашон супурд.

Рӯзи 21 сентябр дар ноҳияи Шуғнон 82 хонаи нав ба истифода дода шуд ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон калиди ин хонаҳоро дар шаҳраки нав ба 82 хонаводаи осебдида аз селобҳои моҳи июл супурд.

Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ба ин шаҳраки нав шабакаи барқ кашида шудааст ва хонаҳои нав бо ҷиҳози аввалияи зист таъмин шудаанд. Ба гуфтаи оқои Гиёев, бо супориши ҳукумат, муассисаву ширкатҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ин хонаҳоро бо пули худ сохтаанд. Сарраёсати геология Тоҷикистон дар наздикии шаҳраки навбунёд кандани чоҳи зерзаминиро идома медиҳад.

Ба гуфтаи мақомот, рӯзи 5 октябр хати оби ошомиданӣ ба шаҳрак пайваст мешавад. Ҳамин тавр сохтмони мактаби шаҳрак идома дорад ва маркази нави беҳдоштӣ 21 сентябр ба кор шурӯъ кард ва мағозаи нав барои сокинон боз шуд.

Раиси шаҳри Хоруғ мегӯяд, ҳамаи хонаводаҳое, ки аз селоб осеб дида буданд, бо хона таъмин шуданд. Вале бо ширкати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шароити баъзе хонаводаҳое, ки дар соҳаи хатар қарор доранд, таҳти омӯзиш қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамин рӯз муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияи Данғара ба 9 хонавода аз ноҳияи Дарвоз, ки бар асари селхезӣ манзилҳояшон хароб гардидаанд, калиди хонаҳои навбунёдро супурдааст. Барои ин сокинон дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори Данғар хонаҳои нав бунёд шудааст.

Дар пайи гармои тафсон ва обшавии пиряхҳои Помир, охири моҳи июли имсол рустоҳои наздисоҳилии ноҳияҳои Шуғнон, Хоруғ, Ванҷу Дарвоз ва баъдан ноҳияи Ғарм дучори селобҳои шадид шуданд. Мақомот гуфтанд, ки дар ин офатҳо даҳҳо манзили сокинони маҳаллӣ хароб шуда, дасти кам 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Сел дар ноҳияи Шуғнон 56 оиларо бе манзил карда, бинои як мактаб ва шаш фурӯшгоҳро низ пурра вайрон намуда буд. ​

Тоҷикистон дар як муроҷиаташ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ100 миллион доллар кӯмак хост. Аз он замон то имрӯз давлатҳои Чин, Қирғизистон, ИМА, Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон кӯмакҳо ирсол карданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG