Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати эҳё ва ваҳдати миллӣ, ё дар хидмати ҳизби ҳоким?


Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар Душанбе бо баргузории анҷумани панҷум фаъолияти панҷсолаашро ҷамъбаст намуд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон дар ин анҷуман ба ҷои Қурбон Восеъ роҳбари кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудааст. Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар анҷумани ин ҷунбиш ҳудуди 350 нафар ба намояндагӣ аз ҳамаи ҳизбу созмонҳои аъзои ин эътилоф иштирок карданд.

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як моҳ баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 таъсис ёфта, ташвиқи субот ва ваҳдати миллӣ ҳадафаш гуфта мешуд. Масъулони ин ҳаракати ҷамъиятӣ бар онанд, ки баъд аз истиқрори сулҳ ба миён омадани ин ҳаракати ҷамъиятӣ маҳз ба хотири тақвият бахшидани пояҳои ин созишномаи сулҳ буд.

Ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамчунин дар зери як чатр ба ҳам овардани тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар гуфта мешуд. Аммо бархе таҳлилгарон бар онанд, ки ин Ҳаракат натавонист ин миссияи худро то охир иҷро кунад.

Суоли матраҳ ҳам ин аст, ки то куҷо ин ҳаракати ҷамъиятӣ барои таҳкими субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таъсиргузор будааст ва имрӯз чӣ нақше дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дорад?

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгар ва як масъули ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳаракати ҷамъиятӣ дар истиқрори сулҳ нақше надошт ва натавонистааст то ба ҳол аз доираи кашидаи ҳизби ҳокими халқии демократӣ берун биояд. «Агар ин ҳаракати эҳёи миллӣ ба номи худ мувофиқ мебуд, мо наметавонистем бигӯем, ки ваҳдати миллии мо дар рӯи коғаз аст. Бештар ваҳдат гуфтан дар хидмати ҷаноби аввали кишвар қарор доштан аст, ва ҳар чизе ки аз он ҷониб гуфта мешавад, ба ҷо овардан аст. Ҳеҷ гоҳ ин ҳаракат натавонистааст дар таҳкими ваҳдати миллӣ таъсиргузор бошад,» - гуфт оқои Сайфуллоҳзода.

Ба назари ҷаноби Сайфуллозода, ин ҳаракат дар солҳои 1999 ва 2000 кӯшишҳое дошт, «аммо эҳсос шуд, ки ин ҳаракат комилан дар хидмати ҳизби халқии демократӣ аст. Як ҳизби сиёсӣ, ки барномаи худро дорад, чаро онҳоро аз ғалбери ваҳдати миллӣ бирезанд ба хотири пирӯзии ҳизби халқии демократӣ?» Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, мухолифи вуҷуди ин ҳаракати ҷамъиятӣ нест, «аммо бояд дар ихтиёри ҷамъият бошад, на як гурӯҳ ё ҳизби алоҳида.»

Аммо Қурбон Восеъ, роҳбари ҳамакнун собиқи кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қабл аз анҷуман ин гуфтаҳоро рад карда, гуфт, «ҳаракати эҳёи ваҳдати миллӣ, як ҳаракати ҷамъиятӣ, умумимиллӣ ва умумихалқӣ аст. Ҳамчунин ташкилоти махсуси як ҳизб ё гурӯҳи алоҳида нест.»

Дар Ҳаракати эҳёи ваҳдати миллӣ, ки роҳбариашро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад, бештар афроди маъруфи собиқадор ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG