Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳоло номаш маълум нест". Бунёди шаҳри нав дар канори Хоруғ


Маркази шаҳри Хоруғ

Дар вилояти мухтори Бадахшон сохтмони шаҳре барои 20 ҳазор аҳолӣ оғоз ёфтааст. Ин шаҳр дар мавзеи Дашти Тем, чаҳоркилометрии Хоруғ, дар масоҳати 200 гектар замин ва дар панҷ соли оянда бунёд мешавад. Ҳазинаи ин тарҳ ҳанӯз маълум нест. Аммо Айдармуҳаммад Гулмамадов, сардори Раёсати сохтмон ва меъмории вилояти мухтори Бадахшон, рӯзи 7 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои омода кардани зербунёди шаҳр аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар сурати бунёд шудан, ин дувумин шаҳри калон баъди Хоруғ дар Бадахшон мешавад.

Ин шаҳр дар соҳили рӯдхонаи Панҷ сохта мешавад, ки ба фарқ аз Хоруғ хатари сангрезӣ ба он таҳдид намекунад. Ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли обхезӣ ҳоло 4,5 километр соҳили Панҷ бо баландии панҷ метр ва паҳноии 8 метр соҳилбандӣ мешавад. Зимнан, ин садд ҳамчун роҳи мошингард низ истифода хоҳад шуд.

Шаҳри Хоруғ. Акс тобистони соли гузашта гирифта шудааст
Шаҳри Хоруғ. Акс тобистони соли гузашта гирифта шудааст

Ба гуфтаи Айдармуҳаммад Гулмамадов, омӯзиш нишон додааст, ки замини Дашти Тем ба сохтмони биноҳои то 12-ошёна тобовар аст. Ӯ гуфт, "мутахассисони Оҷонсии замин, харитасозӣ ва геодезӣ ҳамроҳ бо геологҳо инҷо омаданд. Омӯзиши қабатҳои хок ва зери замини ин мавзеъ нишон дод, ки он барои сохтани чунин хонаҳои баландошёна тобовар аст. Дар қитъае, ки хонаҳои як ва дуошёна сохта мешавад, замин ба сокинони ниёзманд тақсим мешавад ва онҳо худашон месозанд. Номи шаҳр пас аз сохтанаш гузошта мешавад."

Бар асоси нақшае, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дар 90 гектари ин замин хонаҳои як ва дуошёна сохта шуда, дар замини боқимонда баландошёнаҳои аз панҷ боло сохта мешаванд. Дар сурати бунёд шудан, ин дувумин шаҳри калон баъди Хоруғ дар Бадахшон мешавад.

Бар асари сангрезии як ҳафтаи ахир ёздаҳ хона зарар дидааст
Бар асари сангрезии як ҳафтаи ахир ёздаҳ хона зарар дидааст

Тасмими бунёди ин шаҳр дар ҳолест, ки аксар маҳалҳои шаҳри Хоруғ зери кӯҳҳое бунёд шудаанд, ки ҳамасола хатари резиши санг ба онҳо таҳдид мекунад. Дар пайи сангрезии як ҳафтаи охир дар Хоруғ 11 хона осеб дида, сокинон шабро бо нигаронӣ рӯз мекунанд.

Суманоро Абдулалишоева, сокини маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ, рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аксар бошандагони ин маҳалла аз тарси резиши санг шабро дар хонаи наздиконашон дар маҳалҳои бехавф рӯз мекунанд. Ӯ гуфт, "дар сурати тақсими замин дар маҳалли нав ҳатман муроҷиат мекунам, чун ҳар сол дар айёми баҳор рӯзу шаби мо бо тарсу ҳарос мегузарад."

Сокинон мегӯянд, дастрасии сокинони Бадахшон ба фарқ аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба замин сахттар аст. Акобир Носиршоев, як сокини дигари Бадахшон гуфт, пайдо кардани замин барои манзили зист ва барои кишт мушкил аст, чун қисмати асосии ин вилоят аз кӯҳ иборат буда, заминҳои ҳамвораш низ сангзор аст.

"Ҷойҳое, ки санг надорад ва имкони хона сохтан ҳаст, хатарбор ҳастанд. Ё онҷо сел меояд ва ё сангу тарма мерезад. Барои кишт ҳам мардум замин пайдо намекунанд. Аз ин хотир, шароити зист дар ин вилоят мушкил аст", - афзуд ӯ.

Дар Дашти Тем бозори марзии соҳибкорони тоҷику афғон ҳам фаъол аст
Дар Дашти Тем бозори марзии соҳибкорони тоҷику афғон ҳам фаъол аст

Дашти Тем, ки ҳоло қарор аст, дар он ҷо шаҳр бунёд кунанд, регзор аст ва барои кишт кардан чандон муносиб нест. Масоҳати вилояти мухтори Бадахшон 45 дарсади Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аммо бар асоси ҳисобҳои расмӣ танҳо дар 3 дар сади он имкони зисти мардум вуҷуд дорад. Заминҳои боқимонда бештар аз кӯҳҳои мушкилгузар, пиряхҳо ва рӯдхонаҳо иборатанд.

Тибқи омори соли 2015 шумораи аҳолии вилояти мухтори Бадахшон ба 214 ҳазор нафар мерасад. Шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон –30 ҳазор аҳолӣ дорад. Ҳоло бо бунёди як шаҳри нав дар 4-километрии Хоруғ ҳукумат мехоҳад, мушкили дастрасии сокинони ин вилоят ба манзилро то ҳадде ҳал кунад. Вале коршиносон мегӯянд, роҳи расидан ба ин ҳадаф чандон содда нест ва бояд фурсату маблағи зиёде сарф шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG