Пайвандҳои дастрасӣ

Терминали нави замонавӣ, вале беодам дар Душанбе. ВИДЕО


Бо як тасмими мақомоти пойтахт, истгоҳи таксиҳое, ки мусофиронро ба самти вилояти Хатлон мебаранд, нав шуда, дар канори шаҳр ҷой гирифт. Мақомот гуфтанд, ки ҳадафи онҳо – танзими ҳаракати нақлиёт ва ҳам ҷилавгирӣ аз тамбашавии роҳҳои Душанбе аст, ки солҳои охир ба мушкили ҷиддии пойтахт табдил шудааст. Вале ронандаҳо ҳарчанд аз истгоҳи нав шикоят намекунанд, вале мегӯянд, набуди муштарӣ якбора ба даромад ва маҳсули кори онҳо таъсир кард.

Аз саҳар ҳаминҷо мунтазири мусофир ҳастем

Ронандаҳо мегӯянд, ки набуди муштарӣ якбора ба даромад ва маҳсули кори онҳо таъсир кардааст.

Нурулло Иззатуллоев ҳамарӯза мусофиронро аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебарад. Ӯ мегӯяд баъди омадан ба терминали “Дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе” тамоми рӯз дар интизори мусофир аст. Вақте мо ба ин терминал рафтем соат ба 17 наздик мешуд, аммо ронандагон интизор буданд, ки кай мусофирон меоянд. Нурулло Иззатуллоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд соати 9 субҳ ва ҳамкораш соати 6 саҳар омадааст, то ҳанӯз ҳеҷ муштарие ба наздашон наомад.

Шаҳрдори Душанбе моҳи феврал тасмим гирифт, ки тамоми таксиҳоеро аз шаҳр берун барад, ки ба минтақаҳои Тоҷикистон мусофир мебаранд. Баъди ин тасмим, хатсайрҳои мазкур ба терминалҳои “Дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе“ ва ба як терминали дигар дар минтақаи маъруф ба “7-ум километр” кӯчонданд.

2 ҳазор протокол дар ду моҳ

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, зимни гузаронидани рейд дар пойтахт нисбати 2340 нафар ронанда барои ташкили таваққуфгоҳи ғайриқонунӣ протоколи маъмурӣ тартиб додааст. Муҳаббатшо Ҷамшедов, муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рейди онҳо моҳҳои феврал-марти соли равон гузаронда шудааст.

Ҷаноби Ҷамшедов афзуд, “Нуқтаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт асосан дар хиёбони Неъмат Қарабоев дар назди бозорҳои “Саховат” ва Маркази ташхисии техникӣ ё “Автосентр” ҷойгир ҳастанд. Инчунин дар назди фурӯшгоҳи “Садбарг” ва Раёсати БДА низ чунин нуқтаҳои ғайриқонунии ҷамъшавии таксиҳо буданд. Мақсад - аз байн бурдани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани фаъолияти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш мебошад. Дар давоми ду моҳ 2340 адад проколи маъмурӣ тартиб дода шуд.”

“Бояд ҳама таксиҳо ба терминал оварда шаванд”

Аммо ронандаҳо мегӯянд, бо гузашти як моҳ ҳоло ҳам таксиҳо ғайриқонунӣ дар нуқтаҳои пештараи ҷамъшавӣ мусофиронро мегиранд. Ба гуфтаи ронандаҳо, маҳз набуди назорати зарурӣ дар ин самт онҳоро маҷбур кардааст, ки дар терминалҳои нав мунтазири мусофирон бошанд.

Назрихуҷа Идиев, ронандаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа мегӯяд, “баъзе таксиҳо аз «Саховат» дар як рӯз ду-се маротиба мусофир бурда меоянд, аммо мо аз саҳар то бегоҳ инҷо мешинем. На танҳо ман, балки бисёр таксиҳое ҳастанд, ки аз саҳар ҳамин ҷо мунтазиранд. Агар инҳо таксиҳои дар назди бозори "Саховат" бударо назорат кунанд, дар як рӯз то ду маротиба мусофир бурда омадан мумкин аст.”

Масъулини терминали “Дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе” мегӯянд, барои ронандаҳо тамоми шароитро муҳайё кардаанд. Як масъули ин терминал, бидуни зикри номаш гуфт, дар ҳафтаҳои аввали кор онҳо аз ҳисоби худ мусофиронро аз «Саховат» ба назди терминал оварданд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, сарфи назар аз рейдҳои онҳо ҳамроҳ бо шаҳрдори Душанбе, ҳоло ҳам таксиҳо ғайриқонунӣ дар назди бозори "Саховат" мусофир мегиранд.

Мушоҳидаҳои мо дар назди бозори “Саховат” -- макони қаблии таҷаммӯи таксиҳо нишон дод, ки ҳоло ҳам дар ин макон шахсоне ҳастанд, ки барои даъвати сафар то Қӯрғонтеппа мусофир ҷамъ мекарданд. Ин ронандагон нахостанд бо мо сӯҳбат кунанд, аммо як нафари онҳо мегӯяд, терминали “Дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе” дар зери хати баландшиддаи барқ ҷойгир шудааст ва ӯ ба онҷо намеравад. Инчунин ба гуфтаи ин ронанда, роҳкиро ба зиндагиашон ба зӯр мерасад ва онҳо намехоҳанд барои ҳар даромад боз ба тафаққуфгоҳ ҳам маблағ диҳанд.

Аммо Саймумин Бозоров, муовини раиси “Тафаққуфгоҳи хатсайри нақлиётҳои мусофирбар” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “маблағи пардохтаи ронандаҳо ҳатто барои маоши кормандони тафаққуфгоҳ намерасад ва дар моҳҳои наздик тафаққуфгоҳ пурра асфалтпӯш карда мешавад.”

Дар ин миён на ҳама мусофирон ба иваз кардани ҷойи таксиҳо розӣ ҳастанд. Фирӯз Раҷабов, як мусофири хатсайри Душанбе-Кӯлоб мегӯяд, аз “Автосентр” то маҳаллаи “9 километр” рафтан ба қимати роҳпулӣ 3 сомонӣ афзудааст: “То 9 километр меравӣ ва мебинӣ, ки нарх 30-40 сомон мегӯянд. Аз “Автосентр” роҳро дароз карданд ва ин барои мо мушкилӣ овард.”

Аммо Орифҷони Мирзоалӣ, мусофири хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар терминали нав макони қаблии таксиҳо бисёр пурғаво буд ва инҷо оромтар ва роҳаттар аст.

Коршиносон мегӯянд, бидунии тайёрии зарурӣ ва набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тағйир додани макони таксиҳо ҳам ронандаҳо ва ҳам мусофиронро сарсон кардааст. Огоҳони соҳа мегӯянд, агар қаблан ҳама аҳолӣ аз тағйири макони таксиҳо хабардор карда мешуданд, пас баъзе аз таксиҳо дубора ба маконҳои ғайриқонунӣ барнамегаштанд.

Вале нозирони бетараф ва онҳое, ки дар сафарҳои хориҷӣ аз кори автовокзал ё таваққуфгоҳи автобусҳои байнишаҳрӣ дидан кардаанд, мегӯянд, танзими кори ин истгоҳҳо ҳам вақт мехоҳаду ҳам як бахши фарҳанги шаҳр аст. «Ҳама кори нав одатан бо интиқод қабул мешавад, - гуфт як мусоҳиби радиои Озодӣ. – Вале вақте ҳама ҷобаҷо ва танзим шуд, боз ба манфиати мусофирону худи ронандаҳо мешавад, чун аз макони махсус таъйиншуда ва аз рӯи муқаррарот ҳаракат хоҳанд кард».

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG