Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои соҳибкорон -- аввал "оқсақол" ҳал мекунад, баъд додгоҳ


Дар Тоҷикистон барои соҳибкорон роҳи нави ҳалли баҳсҳои молу мулкиро омода мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо таҳияи қонун "Дар бораи миёнҷигӣ", мехоҳанд ба соҳибкорон имкон диҳанд, ки пеш аз додгоҳ баҳсҳои худро бо кӯмаки шахси холис ҳал кунанд.

Масъулини Палатаи савдо ва саноат мегӯянд, медиатор ё миёнҷӣ, мисли "оқсақол" аст, ки дар ҳолати сар задани баҳс ҷонибҳоро ба созиш меорад. Ҳарчанд соҳибкорон аз ҷорӣ шудани чунин роҳи ҳал истиқбол мекунанд, аммо коршиносон ба муваффақ шудани ин тарҳ бо шубҳа менигаранд.

"Дар ИМА 97 дарсади баҳсҳо бо ин роҳ ҳал мешаванд"

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун "Дар бораи медиатсия" аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент тасдиқ шуда, ба кор шурӯъ кардааст. Хонум Рустамова рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ афзуд, ҳадаф аз таҳияи қонуни нав, пешниҳоди роҳи алтернативии ҳалл барои баҳсҳои соҳибкорон ва дастгирии ин қишр мебошад.

Ин масъули Палатаи савдо ва саноат мегӯяд, бо амалӣ шудани қонун "Дар бораи медиатсия", дар кишвар марказҳои медиатсия ба кор шурӯъ мекунанд ва соҳибкорон метавонанд пеш аз марҳилаи додгоҳӣ, тавассути шахси холис баҳсҳои худро ҳал намоянд.

"Яъне соҳибкорон метавонанд медиаторро ҷалб намоянд ва медиатор роҳҳои осони ҳалли масъаларо ба онҳо пешниҳод менамояд. Агар ҷонибҳо розӣ шаванд, байни худ созишномаи оштишавиро ба имзо мерасонанд ва баҳс то ба суд нарасида ҳалли худро меёбад",-мегӯяд Манзура Рустамова. Масъулини Палатаи савдо ва саноат роҳи нави ҳалли баҳсҳо барои соҳибкоронро ба “оқсақол”-ҳо монанд мекунанд, ки бо маслиҳати онҳо баҳси ду ҳамсоя ба хубӣ ҳал мешавад.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат мегӯяд, таҳияи қонун "Дар бораи медиатор" баргирифта аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта аст. Масалан, ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, дар Амрико 97 дарсади баҳсҳо бо ҳамин усул ҳал мешаванд.

Гурӯҳи корӣ барои таҳияи нахустин лоиҳаи Қонун “Дар бораи медиатсия” тоза ба кор шурӯъ кардааст. Ба ҳайати ин гурӯҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Додгоҳӣ олӣ, Додгоҳии олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Палатаи савдо ва саноат шомил шудаанд.

Медиатсия яке аз роҳҳи алтернативаи ҳалли баҳс мебошад, ки дар он ду тарафи даъвогар шахси холисро барои ҳалли масъала даъват менамоянд. Шахси сеюм ё бетараф бояд касе бошад, ки аз дилхоҳ натиҷаи баҳс манфиат намебинад.

“Вақте соҳибкор пушти дари суд медавад, кор суст мешавад”

Мақомоти тоҷик дар ҳоле мехоҳанд барои соҳибкорон роҳи алтернативии ҳалли баҳсҳояшонро пешниҳод кунанд, ки намояндагони ин қишр мегӯянд, ин кор бояд чанд сол қабл сурат мегирифт. Умедҷон Улмасов, як соҳибкор аз вилояти Суғд мегӯяд, баҳси додгоҳӣ ҳамеша барои соҳибкор як хароҷоти зиёдатӣ ва сарфи беҳудаи вақт мебошад.

Умедҷони 41-сола, ки соҳиби корхонаи шарбатбарорӣ аст, мегӯяд, дар давоми даҳ соли соҳибкориаш бо ҳамтоёнаш баҳсҳои зиёде дошт, аммо тавонистанд ҳамаи онҳоро то рафтан ба зинаи додгоҳӣ ҳал кунанд.

"Агар баҳс ба суд равад, ҳалшавиш дуру дароз мешавад. То як баҳсро ҳал мекунем, хеле вақт мегузарад. Баҳс ва нофаҳмиҳо асосан байни соҳибкорони ҷавон сар мезанад. Яке аз роҳҳои хуби ҳалли ин ҷалби соҳибкорони таҷрибадор мебошад. Бояд ягон соҳибкори таҷрибадор омада ба соҳибкорони ҷавон фаҳмонад, роҳи ҳалли масъаларо нишон диҳад дигар ҳеҷ мушкил боқӣ намемонад",-мегӯяд ин соҳибкори тоҷик.

Умедҷон Улмасов мегӯяд, агар мақомоти тоҷик воқеан мехоҳанд баҳсҳои додгоҳии соҳибкорон коҳиш ёбад, бояд нахуст миёни ин қишри ҷомеа корбарӣ намоянд.

"Вақте соҳибкор бо муштарӣ забон намеёбад"

Ҳарчанд мақомот талош мекунанд бо роҳандозии Қонун “Дар бораи медиатсия” аз баҳсҳои зиёди додгоҳӣ миёни соҳибкорон ҷилавгирӣ кунанд, таҳлилгарон мегӯянд, ба пурра амалӣ шудани кор шубҳа доранд. Аз ҷумла ба бовари Мавҷудахон Бурҳонова, як коршиноси масоили иқтисодӣ, бо тафаккури феълии соҳибкорон дар гумон аст, ки қонуни медиатсия дар Тоҷикистон муваффақ шавад.

Ба қавли ин коршиноси тоҷик, аксари соҳибкорони тоҷик то дараҷае нарасидаанд, ки якдигарро ба хубӣ фаҳманд ва масъаларо ба хушӣ ҳал кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, соҳибкорони мо ҳатто дар баъзе ҳолат бо муштариҳо вориди муноқиша мешаванд.

"Таҳияи лоиҳаи қонун албатта хуб аст, аммо ба назари ман барои ин кор ҳоло барвақт аст. Мутаассифона то ҳол чунин нест, ки ду соҳибкори мо бидуни суд ва бо тариқи гуфтугӯ нофаҳмиҳоро бартараф кунанд. Масъала ҳал намешавад ва баъзан охири баҳс бо мушту лагад тамом мешавад. Баъзе соҳибкори мо ҳатто бо иззати нафси муштариҳо мерасанд, ҳол онки муштарӣ дар ҳама ҳолат ҳақ аст. Бо ин аҳвол мо чигуна умедвор мешавем, ки соҳибкорони мо бидуни суд метавонанд баҳсҳои мавҷударо ҳал кунанд?"-суол мегузорад ин таҳлилгари тоҷик.

"Медиатсия-манбаи нави фасод дар роҳ аст?"

Таҳлилгарон умури иқтисодӣ мегӯянд, медиатсия ё роҳи ҳалли алтернативи барои соҳибкорон дар пайи худ хатарҳои фасодро низ ба думбол дорад. Ба қавли таҳлилгарон, хатари аслӣ дар кори медиатор ё шахсони холис ин аст, ки онҳо метавонанд ба миёнаравҳо табдил ёбанд.

"Ман ба ин бовар нестам, ки медиатсия ё худ миёнаравӣ бо назардошти воқеиятҳои мо ба муносибатҳои нави фасодкорӣ наовард. Акнун соҳибкор бояд кадом як миёнаравро ҳақгузорӣ кунад",-мегӯяд як таҳлилгари тоҷик.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳанд баҳсҳои соҳибкорон дар додгоҳҳо коҳиш ёбад, ки ҳамасола даҳҳо тан аз соҳибкорон дар додгоҳҳо барои ҳаққи худ талош мекунанд. Оморҳои мақомот низ ҳокӣ аз он аст, ки солҳои ахир баҳси соҳибкорон дар додгоҳҳои кишвар зиёд шудааст. Дар соли гузашта додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 2720 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 371 адад зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG