Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Непал барои бозӣ муқобили Тоҷикистон ба Душанбе омад


Тими миллии футболи Непал, ки барои бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” муқобили дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр ба Душанбе омад, дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҷойгир шудааст. Мунтахаби Непал таҳти раҳбарии сармураббӣ Кодзи Гёдоку, мутахассиси ҷопонӣ, ки бо 23 бозигар ба Тоҷикистон омадааст, нахустин тамринашро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом дод.

Бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал рӯзи 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегардад. Ин бозии гурӯҳи “F” соати 18:00 шуруъ мешавад.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Непалро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 32-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст.

Абулфазли Муҳаммадризои 40-сола ва Саид Алинажодиёни 41-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Паём Ҳайдарии 30-сола бар дӯш дорад. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Чан Лок Вун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ ҳастанд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадааст.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “F”:

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG