Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Непал дар Ҳисор, Афғонистону Урдун дар Душанбе бозӣ мекунанд


Рӯзи 10-уми октябр дар Тоҷикистон ду бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол баргузор мешавад. Нахуст дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Афғонистон чаҳорумин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили мунтахаби Урдун баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи «С», ки мизбонии онро Афғонистон бар ӯҳда дорад, рӯзи сешанбеи оянда соати 15:00 оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки тими миллии Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор мекунад. Зимнан, мунтахаби Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам 28-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Бегоҳи сешанбеи 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Непал анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 18:00 шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон Урдун дар зинаи 110-ум, Тоҷикистон дар зинаи 140-ум, Афғонистон дар зинаи 158-ум ва Непал дар зинаи 175-ум қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.

Мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28-уми март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, барпо гардид.

Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ 5-уми сентябр дар шаҳри Катманду доир шуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG