Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Натиҷагирӣ аз Евро-2012 ва озмуни Озодӣ бо Нарзуллоҳи Латиф


2-уми июл соати 14:00 ба вақти Душанбе шореҳи варзиши Радиои Озодӣ ба ҳама саволҳои мухлисони варзиш аз студияи мо посух медиҳад.

Саволу ҷавоби Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ ва раиси Ассосиатсияи хабарнигорони риштаи варзиш, бо шунавандаву хонандаҳои сайти интернетии Озодӣ ба таври зинда аз студияи мо дар Душанбе сурат мегирад ва навори видеоии онро метавонед ҳамзамон дар сайти мо тамошо кунед.

Натиҷагирӣ аз Евро-2012 ва озмуни Радиои Озодӣ, омодагиҳои варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон аз мавзӯъҳои аслии ин сӯҳбати зинда бо шунавандаву хонандаи сайти Озодӣ хоҳад буд.

Рӯзи 2-уми июл рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил мекунанд. Ҳар саволе роҷеъ ба фаъолияти касбии худи Нарзуллоҳи Латиф дошта бошед, бидиҳед.

Саволҳои худро метавонед пешакӣ бо истифода аз ин роҳҳо фиристед:

- Зери ин матлаби сайти радиои Озодӣ нависед
- Ба телефони мо тавассути барномаи Skype занг занед: ozodi.skype
- Ба саҳифаи Радиои Озодӣ дар Facebook саволҳои худро фиристед
XS
SM
MD
LG