Пайвандҳои дастрасӣ

Сайфиддин Назарзода ва қудояш 2 ҳазор $ ҷарима шуданд. ВИДЕО, САДО


Сайфиддин Назарзода. Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 28-уми сентябри 2017

Сайфиддин Назарзода, раиси собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, барои нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш дар ду моҳи пеш ба пардохти 12-уним ҳазор сомонӣ, муодили тақрибанякуним ҳазор доллар ҷарима шуд. Ин қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 28-уми сентябр содир гардид. Бар асоси ин қарор, Тоҷиддин Ҳабибуллоев, қудои Сайфиддин Назарзода 5 ҳазор сомонӣ (беш аз 500 доллар) ҷарима шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Онҳо тамоми меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро вайрон карданд, ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон бе ягон сабаб дахл карданд. Рафтори онҳо мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалист.

Қаблан додситони шаҳри Душанбе аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт талаб карда буд, ки мудири собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистонро барои нақзи қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашида, нисбат ба ӯ ҷарима таъйин кунад. Аммо Сайфиддин Назарзода гуфт, аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

“Ин як ҳукме бар асоси туҳмату буҳтон аст. Мо тамоми маълумотеро, ки дар додгоҳ пешниҳод шуд, бо далелҳои мушаххас рад кардем. Шумо шоҳид будед. Ин як бори дигар нишон медиҳад, ки дар системаи судии мо нуқсҳои хеле ҷиддӣ нуҳуфтааст”, - афзуд ӯ.

Сайфиддин Назарзода маъмурони Оҷонсии зиддифасодро, ки бо сабти лаҳзаои тӯйи писараш ин баҳсро то ба додгоҳ кашонданд, ба дахолат ба зиндагии шахсии шаҳрвандон муттаҳам кард. Ӯ гуфт, "албатта, фаъолияти онҳо нишон медиҳад, ки таҳти кадом фармоише ҳастанд. Онҳо тамоми меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро вайрон карданд, ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон бе ягон сабаб дахл карданд. Рафтори онҳо мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалист."

Вакили дифоъ: "Рейд набуд"

Қазияи Сайфиддин Назарзода, ки баъд аз баргузории тӯйи писараш ба додгоҳ рафт, яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани мансабдори давлатӣ барои нақзи қонуни танзим мебошад.

​Қабл аз ин, Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Сайфиддин Назарзода, ҳангоми суханрониаш дар додгоҳ гуфт, ки "маъмурони Оҷонсии зиддифасод барои назорати иҷрои қонуни танзим на рейд, балки амалиёти оперативӣ-ҷустҷӯӣ ташкил кардаанд. Амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ошкор кардани ҷиноят гузаронда мешавад, на нисбат ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ." Насруллоев далелҳо дар парвандаи Сайфиддин Назарзода ва қудои ӯро нодуруст хонда, аз додрас Хуршед Исозода хоста буд, ки парванда лағв карда шавад.

Додгоҳи Назарзода: "Намояндаи оҷонсӣ ошро хӯрда навор ҳам бардоштааст"

Баҳси аслӣ бар сари теъдоди меҳмонони тӯйи писари Сайфиддин Назарзода буд. Мақомот бовар доранд, ки дар ин маърака теъдоди зиёди меҳмонон иштирок доштанд ва он муғойир бо қонуни танзим аст.

Чанд меҳмон буд: 247 ё 150?

Аммо худи Назарзода гуфт, "меҳмонҳо такрор ба такрор ҳисоб шудаанд. Дар тӯй на 247 нафар, балки 149-150 нафар меҳмон ҳузур дошт ва дигарон ашхоси барои мо ва қудоям ношинос мебошанд."

Сайфиддин Назарзода як ҳафта баъд аз нашри гузориш дар бораи тӯйи писараш, аз раҳбарии Китобхонаи миллӣ барканор шуд.
Сайфиддин Назарзода як ҳафта баъд аз нашри гузориш дар бораи тӯйи писараш, аз раҳбарии Китобхонаи миллӣ барканор шуд.

​Ба дунбол намояндаи Додситонии шаҳри Душанбе аз Сайфиддин Назарзода суол кард, ки чаро шахсони ношиносро ба тӯяш роҳ дода, кӣ буданашонро напурсидааст? Дар посух вакили дифои Назарзода гуфт, ки "дар русуми мардуми тоҷик кӣ будани меҳмононро намепурсанд. Чун ин кор боис ба шармсории меҳмонон мегардад."

Баҳси думоҳаи Назарзода

Қазияи Сайфиддин Назарзода яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудан ва ҷазои як мансабдори давлатӣ барои нақзи қонуни танзим аст. Сайфиддин Назарзода рӯзи 15-уми август, як ҳафта баъди пахши барномаи телевизионӣ, ки ӯро дар нақзи қонун муттаҳам мекард, аз мақоми мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуд.

Дар бораи нақз шудани Қонуни танзим дар туйи писари Сайфиддин Назарзода, он замон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон шоми 8-уми август дар як гузориши телевизионӣ, ки аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия шуда буд, хабар пахш гардид. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки Сайфиддин Назарзода дар оши наҳори тӯйи писараш аз меъёр зиёд одам даъват кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG