Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Дар бораи Қирғизистон бад нагуфтам". ВИДЕО


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ки рӯзи 25 декабр бо як сафари расмӣ вориди Остона шуд, гуфт, ки омода аст масоили мавриди баррасии кишвари ҳамсояро ҳаллу фасл кунад.

Радиои Азаттик, бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи Душанбе дар нақли қавл аз ҳарфҳои Нурсултон Назарбоев навишт:

«Мо дар шароити 26 соли истиқлолият кор мекунем. Ман шахсан ҳеҷ

Сарҳади ду кишвар бояд дари эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд бошад. Ҷеенбеков

гоҳ дар бораи Қирғизистон ҳарфи баде нагуфтам ва ҳеҷ коре бар зарари Қирғизистон накардаам», гуфт Назарбоев дар дидор бо Ҷеенбеков дар Остона. «Ин ҳам дуруст аст. Мо меоему меравем, вале ду кишвар пеш аз мо ҳам буданду баъди мо ҳам зиндагӣ хоҳанд кард. Масъулияти мо ин аст, ки барои наслҳои баъдӣ робитаҳои ду кишварро хубу тоза нигоҳ дорем», гуфт Назарбоев.

Ишораи Назарбоев ба дилсардиву ихтилофи назаре буд, ки дар моҳҳои охири президентии Алмосбек Отамбоев бархост. Баъди он ки моҳи сентябр довталаби курсии президентӣ Омурбек Бабанов дар кабинети кории Назарбоев ба ҳангоми мулоқоте ба акс афтоду он дар вебсайти президенти Қазоқистон нашр шуд, Отамбоев Қазоқистонро дар мудохила ба умури дохилии Қирғизистон айбдор кард.

Моҷарои байни Қирғизистону Қазоқистон баъди нашри ин акс шурӯъ шуд
Моҷарои байни Қирғизистону Қазоқистон баъди нашри ин акс шурӯъ шуд

Дар суханҳои худ Отамбоев Назарбоевро «як президенти пир» номид ва ин ҳамлаҳо боиси бад шудани равобити ду кишвар шуд. Шурӯъ аз 10 октябр Қазоқистон марзаш бо Қирғизистонро баст ва садҳо мошини борбару тоҷирони қирғиз натавонистанд ба хоки кишвари ҳамсоя ворид шаванд. Равобити байни ду кишвар танҳо баъди гуфтугӯи ду президент дар охири моҳи ноябр дар Минск беҳбуд ёфт. Сафари Ҷеенбеков, президенти нави Қирғизистонро ба Остона бисёриҳо чун талоши давлатмардони ду кишвар ба оддӣ кардани муносибатҳо арзёбӣ карданд.

Созишномаи аломатгузории марзи Қирғизистону Қазоқистон имзо шуд

Рӯзи 25 декабр дар Остона президентон Сооронбой Ҷеенбеков ва Нурсултон Назарбоев изҳороти муштарак ва ҳам созишномаи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора дастгози президенти Қирғизистон хабар дод.

Ҷеенбеков гуфт, ки ду кишвар тарҳрезии ҳуқуқии сарҳари Қазоқистонро анҷом доданд. «Сарҳади ду кишвар бояд дари эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд» бошад, гуфт раҳбари Қирғизистон. «Бо ин вуҷуд, мо бояд кӯшиш кунем, ки ин сарҳад танҳо як расмиёт бошад ва мардумони мо тавонанд бидуни мушкил онро убур кунанд, мисле, ки дар гузашта буд. Мо халқи бародарем. Наздиктар аз мардуми қазоқу қирғиз буда наметавонад», гуфт ӯ.

Ҷеенбеков Назарбоевро ба Қирғизистон даъват кард. Назарбоев, дар навбати худ гуфт, ки мизони додугирифти молу колои байни ду кишвар дар соли 2020 бояд то 1 миллиард доллар бирасад.

Назарбоев гуфт, ҳеҷ гоҳ дар бораи Қирғизистон бад нагуфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Ҷеенбеков: Қирғизистону Қазоқистон шарикони стратегӣ ҳастанд

Президенти Қирғизистон кишвари ҳамсояро як шарики муҳими стратегӣ номид ва гуфт, ки «мисли гузаштаҳо, Қирғизистон сиёсати хориҷиашро тавре пеш мебарад, ки ҳамкориҳои стратегии байни ду кишвар тавсеа ёбанд».

Сафари расмии презизенти Қирғизисон Сооронбой Ҷеенбеков ба Остона анҷом ёфт ва қарор аст рӯзи 26 декабр ӯ барои ширкат дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ба Маскав парвоз кунад.

XS
SM
MD
LG