Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии Назарбоев. «Қонуни замин» мутаваққиф шуд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мӯҳлати иҷрои қонуни моҷаробарангези хусусигардонии заминҳои кишоварзиро то соли 2017 ба таъхир андохт.

Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба тағйиру иловаҳо ба «Қонуни замин», ки баҳсу эътирозҳои оммавиро дар кишвар ба бор овард, моротория эълон кард. Тасмими Назарбоев рӯзи гузашта эълон шуд ва ин ягона қарор набуд. Президент дар заминаи таҳаввулоти ахир, вазири иқтисоди миллӣ Эрболат Досаевро ба истеъфо фиристод. Бинобар хабари «Интерфакс – Қазоқистон», вазири кишоварзӣ Асилҷон Мадмидбеков курсии раҳбариро ҳифз кард, аммо аз раисиҷуҳмур ҳушдор гирифт.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар тавҷеҳи қарори ахири худ гуфт, ки муҳтавои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни замин аввал бояд ба мардум фаҳмонида шавад. Сар аз 24 марти соли равон мавҷи эътирозҳо алайҳи тағйири «қонуни замин», ки иҷораи тӯлонии заминҳои кишварзиро ба хориҷиҳо иҷозат медиҳад, бахшҳое аз кишварро фаро гирифт.

Қазоқҳо бар зидди фурӯши замин садо баланд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар оғоз эътирозҳоро тавтеаи «дасисакорон» унвон карда буд, билохира таҳти фишори шарвандони кишвар маҷбур шуд аз қарори дигаргуниҳо ба қонун то як соли дигар даст кашад. "Аввал бояд масъаларо омӯхт, ба мардум шарҳ дод ва сипас ба қарори ягона расид. Агар ин кор амалӣ шуд, мороторияро бекор мекунем, вагарна моратория мемонад»- гуфт Назарбоев.

Ҳоло бисёре аз коршиносони минтақавӣ атрофи ин мавзӯъ баҳс мекунанд, ки чӣ Назарбоевро ба ақибнишинӣ водор кард ва қадамҳои минбаъдаи ӯ чигуна хоҳанд буд.

Тасмими Назарбоев дар бораи қонуни замин иваз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

XS
SM
MD
LG