Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи модарон бо ёди фарзандони раҳдур. ВИДЕО


Дар ҷашни Наврӯз Фотима Воҳидова аз ноҳияи Данғара ҳамсояву дӯстонашро сари хони идона даъват кард. Ин модар 5 сол мешавад, ки ду писари ноновари хонаашро надидааст.

Ҳар як бонуи меҳмони ин хонадон дар сари дастурхон ба ёди азизи раҳдураш аст. Маҳрам мегӯяд, ҳатто вақти бозгашти мавсимии писараш “ӯро басерӣ намебинад”. Вале хонум Ҷумъагул барои шавҳари бедаракаш оҳ мекашад.

Ҳар як зан дар ин деҳа як азизи худро дар Русия дорад, ки дар ин шабу рӯз барои хонаводаашон кор мекунанду ба Тоҷикистон пул мефиристанд. Модарону ҳамсарон дуогӯи азизони раҳдурашон ҳастанд.

Ин бонувон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон кору даромад буд, ҳеҷ гоҳ наздиконашонро ба маконҳои дур барои кор намефиристоданд.

Мисли ин бисёр деҳоти Тоҷикистон ин шабу рӯз Наврӯзро дар ҳалқаи занону кӯдакон ва ё пиронсолон таҷлил мекунанду як пораи дили худро ба ёди мардони муҳоҷирашон мебахшанд.

Наврӯзи модарон бо ёди азизони раҳдур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

XS
SM
MD
LG