Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 8-уми март сокинони деҳаи Палдораки Мастчоҳи нав фарорасии ҷашни Наврӯзро истиқбол карданд. Дар ҳоле, ки таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон расман 21-уми март шурӯъ мешавад, вале ин ҷашн дар Палдорак -- калонтарини деҳаи Мастчоҳ, ҳудуди ду ҳафта қабл оғоз ёфт.

Онҳое, ки асрори таҷлили барвақтии Наврӯз дар Палдоракро медонистанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд ва наслҳои баъдӣ аз куҷо реша гирифтани ин суннатро намедонанд. Аммо як сокини ин минтақа дар ин робита шарҳи худро дорад.

Маҳаддӯст Сангинов, сокини кӯҳансоли деҳаи Падорак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то даврони шӯравӣ аҳли Палдорак дар рӯзи 10 ва ё 11-уми март Наврӯзро таҷлил мекарданд, вале бо омадани низоми коммунистӣ, таҷлили Наврӯз дар ин рӯзҳо манъ шуд ва ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни таҳсили мактаббачаҳо, ин ид ҳамзамон бо Рӯзи занон, ки таътил эълон шуда буд, таҷлил мешуд.

Дар ҳоле, ки таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон расман 21-уми март шурӯъ мешавад, вале ин ҷашн дар Палдорак -- калонтарини деҳаи Мастчоҳ, ҳудуди ду ҳафта қабл оғоз ёфт.

Ба гуфтаи Маҳаддӯст Сангинов, “ҳамин тавр тайи як садсола мешавад, ки мардуми Палдорак ҷашни Наврӯзро дар рӯзи 8-уми март таҷлил мекунанд. Баъди Палдорак деҳаи дигари серҷамъияти Мастчоҳ рустои Роғ аз Наврӯз истиқбол мекунад ва ҳамин тавр дар деҳаҳои дигар ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Деҳаи Палдорак деҳаи мирнишини Мастчоҳ буд ва барои ҳамин иди Навруз бошукӯҳтар ҷашн гирифта мешуд.”

Сокинони деҳаи Палдорак мегӯянд, имсол ба фарқ аз солҳои гузашта рӯзи 8-уми март офтобӣ омад ва мардуми зиёд ба ҷашнгоҳи Палдорак рехтанд. Майдони ҷашн серодам буд ва дар як гӯша паҳлавонон гӯштигирӣ мекарданд дар гӯшаи дигар сангбардорию ресмонкашӣ ва дигар оинҳои наврӯзиро ба ҷо меоварданд. Кашку нонҳои бомазза ва сумалаку дигар шириниҳо рӯи дастурхон густарда буд ва мардуми Палдорак бо сабки нақшхонӣ овоз медоданд.

Саидшоҳ Акрамов, аз табибони шинохтаи ноҳияи Мастчоҳ аз майдони ҷашни Палдорак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷашн тақрибан 3 ҳазор одам шурӯъ аз хурдсолону ҷавонону мардону солхӯрдагон ҷамъ омаданд. Ба гуфтаи вай, дар Наврӯзи гузашта, ки 11 март баргузор шуда буд, бинобар боронгариҳо ҳудуди 1000 нафар иштирок карда буд.

Вай афзуд, “ман хеле аз ин манзараи зебо ба завқ омадаам ва ҳар куҷое ҷолибтар намояд, аксбардорӣ мекунам. Ҳоло сумалак хӯрдам, “кашки шабдегӣ” хӯрдем, онтарафтар паҳлавонон мусобиқа доранд ва ҷолибтар

Наврӯзи Палдорак бо дуои пирони рӯзгордида оғоз ёфт.
Наврӯзи Палдорак бо дуои пирони рӯзгордида оғоз ёфт.

ин аст, ки мардуми Палдорак аз қадимулаём бо пайравӣ ба шайх Абдуқодири Гелонӣ дар наврӯзҳо “нақшхонӣ” мекунанд, ва ин нақшхониро дар ҷашни худ ҳамчун русуми наврӯзӣ анҷом медиҳанд ва вақте, ки кашки шабдегӣ мепазанд, гулгардониву шеърбараку байтхонӣ мекунанд.”

Сокинони деҳаи Палдорак касоне ҳастанд, ки дар солҳои 50 ва 60-и асри гузашта аз Мастчоҳи кӯҳна ба дашти Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳи нав) иҷборӣ кӯчонида шуданд ва онҳо дар макони нав бо номи Палдорак деҳаи худро шакл доданд ва то кунун зиндагӣ доранд.

Ҳоло ҷамъияти ин деҳа ба 17 ҳазор нафар мерасад ва дар Мастчоҳи Кӯҳна ё худ Кӯҳистони Мастчоҳ низ наздикону хешовандони онҳо зиндагӣ мекунанд. Мардуми Палдорак дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд низ ширкат мекунанд ва ғизоҳои қадимии худро ба намоиш мегузоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG