Пайвандҳои дастрасӣ

Сангрезӣ дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – хонаи ҳадди ақалл 11 сокини минтақаро хароб карда, бархеи дигарро барои кӯчидан ба ҷои амнтар ё хонаи наздиконашон маҷбур намудааст. Мақомот гуфтанд, ки бориши зиёди борон дар чанд рӯзи гузашта боис ба сангрезиҳо шудааст.

Соли 2010 бар асари сангрезӣ дар роҳи Хоруғ - Рӯшон як мошин ва як автобус ба ҷарӣ сарозер шуда, 15 мусофир ҷон бохтанд. Дар миёни онҳо 5 кӯдак низ буд.

Фирдавс Қудратбеков, сокини маҳаллаи Мамадназари шаҳри Хоруғ, рӯзи 5 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ва аҳли хонаводааш тасодуфан аз сангрезӣ ҷон ба саломат бурданд. Ӯ гуфт, шаби 2 апрели имсол резиши хоку санг хонаи гилии онҳоро комилан вайрон кард. "Ҳамон шаб дар хонаи яке аз наздикон будем ва ҷон ба саломат бурдем. Ҳоло тамоман бехонаам. Аз он рӯз ба ин сӯ дар манзили ёру бародарон зиндагӣ мекунем. Ваъда кардаанд, ки дар биноҳои нуҳошёнаи навбунёд хона медиҳанд", - афзуд ӯ.

Навори видео дар инҷост:

Резиши сангу хок барои сокинони куҳансоли маркази маъмурии Бадахшон як падидаи нохушоянду хатарнок, вале дар айни замон ошност. Соли 2010 бар асари сангрезӣ дар роҳи Хоруғ - Рӯшон як мошин ва як автобус ба ҷарӣ сарозер шуда, 15 мусофир ҷон бохта буданд, ки дар миёнашон 5 кӯдак низ буд.

Хоруғ имсол шоҳиди барфрезиҳои шадид буд
Хоруғ имсол шоҳиди барфрезиҳои шадид буд

Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини резиши сангу хок мардум худро ба канораҳои амни шаҳр зада, ҷони худро аз сангрезиҳои баъдӣ эмин медоранд. Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуотии ҳукумати Бадахшон, рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, дар пайи ин ҳодисаҳо "як хона пурра, 5 манзил қисман ва 5 хонаи дигар андак зарар дидаанд. Зиёда аз 300 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд. Қисмати зиёд ба хонаҳои хешу таборашон рафтанд".

Хоруғ-маркази маъмурии вилояти Бадахшон дар иҳотаи кӯҳҳои баланд воқеъ буда, хатари бештар аз сангфароӣ ба сокинони мавзеъҳои Тем, Сайфулло Абдуллоев, Барҷев, Хуфак ва маҳаллаи мавсум ба “Селхозтехник” таҳдид мекунад.

Чунин натиҷагирӣ ба гуфтаи Асламшоева, рӯзи 5 апрел дар ҷаласаи ҳукумати вилоят садо дод. Ба гуфтаи вай, бархе аз донишҷӯёни иҷоранишин ва бархе аз хонаводаҳо дар толори мактаби рақами 2-юми шаҳри Хоруғ ҷой дода шудаанд. “Ҳамчунин дар марказҳои фарҳангии маҳаллаи Тирчид, Носири Хусрав ва маҳаллаи Комбинати гӯшту шир барои ҷой додан мардум омодагӣ дида шудааст ва як қисми хоҷагиҳо ба ин марказҳо кӯчонида шудаанд", - афзуд Нилуфар Асламшоева.

Ин масъули ҳукумати Бадахшон мегӯяд, сангфароӣ асосан шабона сабт шудааст ва ба ин хотир, масъулони шаҳрдорӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулода супориш гирифтаанд, ки дар мавзеъҳои хавфнок чароғҳои калонҳаҷми барқӣ насб кунанд. Инчунин дар мавзеъҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Афзун бар ин, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҳодисаҳои нохуш, ҳаракати нақлиёт ба самти Хоруғи боло маҳдуд шудааст. Ин роҳ аз мавзеи Чинаки шаҳри Хоруғ мегузарад, ки эҳтимоли сангрезӣ дар ин мавзеъ хеле баланд аст.

Хоруғ-маркази маъмурии вилояти Бадахшон дар иҳотаи кӯҳҳои баланд воқеъ буда, хатари бештар аз сангфароӣ ба сокинони мавзеъҳои Тем, Сайфулло Абдуллоев, Барҷев, Хуфак ва маҳаллаи мавсум ба “Селхозтехник” таҳдид мекунад.

Муслима Зардодхонова, сокини шаҳри Хоруғ, ки бар асари сангфароии шаби 4 ба 5 апрел хонааш хароб шудааст, ҳоло дар хонаи наздиконаш дар маҳаллаи “Гӯлакен” ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд ҳарчанд дар пайи хатари сангфароӣ хонаашро тарк кардааст, аммо ҳоло ҳам худро амн эҳсос намекунад. “Ин манзили 4 ошёна ҳам наздик ба кӯҳ аст. Чанд рӯз пеш як санги калон фаромаду вориди бозор шуд.”

Ин сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, хонааш, ки феълан онро тарк кардааст, дар миёни 5 санги калон монадааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд комилан тахриб нашудааст, аммо дигар онҷо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG