Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи геология: "95% рустоҳои Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст"


Наваду панҷ дарсади рустоҳо дар Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст ва мақомоти Идораи геологияи Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ба ҷойи амн кӯч додани ин сокинон, бояд тадбир андешида шавад. Беш аз 70 дарсади ҷамъияти 8,5 миллион нафарии Тоҷикистонро сокинони рустоҳо ташкил мекунанд. Аммо мавзӯи кӯчонидани ин сокинони рустоӣ ба минтақаҳои амн ҳазинаи ҳангуфтеро талаб мекунад.

40 сол ҳушдор ба як сокини Мастчоҳ

Юлдош Азизов, сокини деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд, ки тӯли чиҳил соли ахир мақомот пайваста ба ӯ ҳушдор медиҳанд, ки манзилаш дар роҳи селгузар қарор дорад ва ӯ бояд ба макони дигаре кӯч бандад. Азизов рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан чанд сол қабл аз кӯҳҳо ҷониби деҳаи онҳо селоб омад ва чанд ҳавлии ҳамедаҳагонашро вайрон кард. Ӯ афзуд, ки мақомот осебдидагонро ба ноҳияи Зафаробод кӯчониданд ва онҳо тӯли чанд сол бо машақати зиёде барои худ манзил сохтаанд.

Юлдош Азизов дар посух ба ин савол, ки оё худаш намехоҳад деҳаи хатарзоро тарк карда, дар минтақаи амн зиндагӣ кунад, гуфт, “хешовандони зиёде дорад, ки солҳои 50-ум ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷират карданд ва баъд аз ҳатто даҳсолаҳо ба рустои бобоии худ баргаштанд. Ба гуфтаи вай, якеро табиату ҳавои биёбонӣ қонеъ накард ва дигариҳо натавонистанд дар шароити нав манзили дилхости худро бисозанд.

"Ҳоло мақомот мехоҳад, ки мо низ ба ҳамон ноҳия ё ноҳияи Хуросон кӯч бандем. Вақте савол мекунем, ки чӣ кӯмаке мекунанд, мегӯянд, ки ҳоло замони бӯҳрони молӣ аст ва набояд ба кӯмаки давлат умедвор бошем. Яъне, мо бояд бароямон худ манзил бисозем. Ба ман ҳам пешниҳод шуд, ки ба ноҳияи Хуросон бикӯчам. Ҳудуди се ҳазор сомонӣ медиҳанд, ки ними онро бояд то ду соли дигар баргардонам. Вале бӯҳрони молӣ на танҳо хоси ҳукумат, балкӣ дар хонаводаҳо низ эҳсос мешавад. Дар ин ҷо мо картошкапарварӣ мекунем, дар он ҷо чӣ кор мекунем, намедонам",-афзуд Юлдош Азизов.

Ба кадом деҳаҳои хатар таҳдид мекунад?

Дар ҳамин ҳол, Маркази равандҳои экзогенӣ-геологии назди Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли гузашта дар 287 рустои кишвар таҳқиқот анҷом дода, ба 826 хоҷагӣ машварат додаанд, ки маҳалли ҷойгиршавии худро иваз диҳанд. Ба гуфтаи Азиз Гуламадшоев, Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд.

Азиз Гуламадшоев дар ин робита гуфт, ки тибқи арзёбии коршиносон, ҳудуди 95 дарсади рустоҳои Тоҷикистон дар минтақаҳое ҷой гирифтаанд, ки бо хатари тармафароӣ ва фаромадни ярчу селобҳо рӯбарӯ ҳастанд. "Ҳоло мо харитаи электронии тамоми минтақаҳои осебпазири Тоҷикистонро таҳия кардаем, ки дар зудтарин фурсат дастраси ҷомеа мегардад. Аз ин харита дида мешавад, ки ба кадом деҳа чӣ хатарҳое таҳдид мекунанд”,-афзуд ҷаноби Гуламадшоев.

"Арзёбӣ шубҳаомез аст"

Аммо Рустам Латифзода, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин арзёбии хатарзо будани рустоҳои кишварро шубҳаомез арзёбӣ кард. Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон таҳияи чунин як харитаи деҳаҳои кишварро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода супориш додааст. Ҳарчанд, бештаре аз қаламрави Тоҷикистон аз лиҳози ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ хатарзо дониста мешавад, вале 95 дарсади ҷойи деҳаҳо хатарнок буданаш каме шубҳаовар аст.

Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Вай афзуд, харитае, ки таҳия шудааст, барои пешбинӣ кардани эҳтимоли вуқӯи ҳодисаҳои нохуш зарур аст ва таҳияи ин харита ба он маънӣ нест, ки тамоми сокинони ин деҳаҳо бояд зуд ба минтақаҳои амн кӯчонида шаванд. "Барои ин кор давлати Тоҷикистон маблағи зарурӣ дар ихтиёр надорад. Бо фароҳам шудани шароити муносиби молӣ ин деҳаҳо тадриҷан кӯчонида мешаванд. Вале минбаъд интихоби маҳалли бунёди деҳаҳои нав танҳо бо машварати заминшиносон ва геологҳову ҳавошиносон сурат хоҳад гирифт”,-афзуд ҷаноби Латифзода.

32 нафар аз тармаву сел дар як сол ҷон бохтанд

Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар пайи беш аз 90 ҳодисаҳои фақуллодаи табиӣ 32 сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Дар зимистони соли гузашта 720 ҳодисаи тармафароӣ рух додааст, ки бештаре аз фавтидагон аз ҳолатҳои изтирорӣ маҳз зери барф ҷон бохтаанд. Селобҳо, ярч, бодҳои тӯфонӣ, боришоти шадиди барфу борон, зилзила ва ғайра аз офтаҳои дигари табиӣ мебошанд, ки низ талафоти ҷонӣ дар пай доранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG