Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Помир - дар миёни зеботарин роҳҳои дунё


Сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Помир
Сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Помир

Нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” шоҳроҳи Помири Тоҷикистону Қирғизистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё дар ҷои дувум гузоштааст.

Нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” дар шумораи наваш, ки рӯзи 28 феврал нашр шуд, дар даҳгонаи зеботарин роҳҳои дунё ҷои дувумро ба шоҳроҳи Помири Тоҷикистону Қирғизистон додааст. Шоҳроҳи Помир (Памирский тракт, М41 Highway, Pamir Highway) роҳи мошингардест, ки аз шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон ба Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва аз инҷо ба Душанбе мебарад ва аз пойтахти Тоҷикистон метавон тавассути шоҳроҳи М41 то ба Мазори Шарифи Афғонистон рафт.

“National Geographic Россия” дар ин даҳгона роҳҳоро на аз нигоҳи сифаташон, балки вобаста ба ҷаззобияти табиати атрофаш интихоб карда ва роҳеро, ки бар фарози дараи Вердон дар Фаронса мегузарад, зеботарин роҳи ҷаҳон номидааст. Маҷалла менависад, ҳарчанд дараи Вердон ҳамагӣ 25 километр ва тӯли роҳи рафту баргашташ ҳудуди 100 километр аст ва аз лиҳози шебу фарозаш шояд аз канони машҳури Аризона дар Амрико кам биояд, вале аз лиҳози зебоии табиати атрофаш дараи Вердон аз Аризона болост.

Шоҳроҳи Помир - дувумин роҳи зебои дунё
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
Линки мустақим

Маҷалла шоҳроҳи Помирро дар ин раддабандиаш дар ҷои дувум оварда, менависад, шоҳроҳи Помир “баландкӯҳтарин роҳ дар қаламрави Шӯравии собиқ аст. Ин шоҳроҳи мошингарди қариб пурра сангу хокист, ки аз се ағбаи асосии кӯҳистони Помир – Талдиқ (баландиаш 3615 метр), Қизил-Арт (4280 метр) ва наздиктарин нуқта ба “Боми ҷаҳон” – ағбаи Оқбайтал (4655 метр) мегузарад.”

Ризо Назарзода
Ризо Назарзода

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин идора масъулияти умури ҷаҳонгардиро бар ӯҳда дорад, рӯзи 29 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шоҳроҳи Помир як масири умда дар харитаи сайёҳии Тоҷикистон аст: “Ин шоҳроҳ дар таърих дар баробари Суғдиён, Қаротегин ва Хатлон ҳамчун яке аз 4 қисмати Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аст, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ин роҳест, ки аз як сӯ, Осиёи Марказиро бо Чин ва аз тарафи дигар бо Афғонистону Покистону Ҳинд мепайвандад. Ин роҳ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон хеле муҳим аст.”

Аммо муаллифони “National Geographic Россия” зебоии ин роҳро дар ин мебинанд, ки он “аз доманакӯҳҳои сабзе, ки онҷо аспҳо мечаранд ва юртаҳои тоқаву хонаҳои деворҳояш тапакзада истодаанд, ҳамчунин аз паҳлуи Боғи миллии Помир, ки дар пои қуллаи Ленин(7134 метр) ҷойгир шудааст, мегузарад.”

Макони дигари диданӣ дар канори ин шоҳроҳ кӯли Қарокӯл дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр аст, ки аз он ба баъд роҳҳои пурпечутоби баландкӯҳ шурӯъ мешаванд.

Сохтмони шоҳроҳи Помир, бино ба маъхазҳои таърихӣ, ҳанӯз соли 1894 бо нирӯи дасти низомиҳои Русия оғоз ёфта, дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон барои сохтани ин роҳи пурхатар асирони ҷанг аз артиши Австро-Венгрия ҷалб шуда буданд.

Шоҳроҳи Помир ба ду қисм ҷудо мешавад: Шоҳроҳи Помири шарқӣ, ки роҳи Ӯш - Хоруғро дар бар мегирад ва сохтмонаш дар солҳои 1931-1934 такмил шуд. Қисмати дигар роҳи Хоруғ – Душанбе аз тариқи ағбаи Хобуработ аст, ки соли 1940 сохта шуда, ба шоҳроҳи Помири ғарбӣ шомил мешавад.

Шоҳроҳи Помир дар минтақаи Аличӯр
Шоҳроҳи Помир дар минтақаи Аличӯр

Баъди бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки имкони иртиботи доимӣ байни маркази Тоҷикистон ва вилояти Бадахшонро таъмин кард, шоҳроҳи Помири ғарбӣ, ки дар фасли сармо ба далели баста шудани ағбаи Хобуработ масдуд мешуд, аҳамияти қаблиашро гум кард. Вале ин масир барои сайёҳоне, ки ба хотири тамошои табиати кӯҳистони Тоҷикистон меоянд, ҳамчунон маҳбуб боқӣ мемонад.

Ризо Назарзода мегӯяд, дар солҳои охир ба хотири ҷалби сайёҳони бештар як силсила барномаҳои зербиноӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои нав ва кандани нақбҳои ҷадид анҷом ёфта ва қад-қади масирҳои асосии сайёҳӣ ҳудуди 150 меҳмонхонаи муосир низ сохта шуданд. Вале, меафзояд муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, “бояд гуфт, ки ба Тоҷикистон бештар сайёҳони саргузаштӣ ё экстремалӣ меоянд. Онҳо бештар ба табиати мо ва таърихи қадимаи мо таваҷҷӯҳ доранд. Онҳо мехоҳанд, дар хонаҳои мардум зиндагӣ кунанд ва бо тарзи зиндагии онҳо, чӣ тавр ғизо пухтан ва дигар урфу одатҳояшон шинос шаванд. Ба ҳамин хотир, мо барномаеро рӯи даст дорем, ки мардум дар манзилҳои худ як хонаро ҳамчун ҳостел барои сайёҳон ҷудо мекунанд ва онро тибқи анъанаҳои миллӣ ороишу зиннат медиҳанд. Сайёҳон чунин хонаҳоро назар ба меҳмонсароҳои муосир бештар бартарӣ медиҳанд.”

Қисмате аз шоҳроҳи Помир
Қисмате аз шоҳроҳи Помир

Бино ба омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар тӯли соли 2015 аз ин кишвар 463 ҳазор хориҷӣ, аз ҷумла қариб 414 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд. Аз ҳисоби сайёҳон дар як соли гузашта ба будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 207 миллион доллар ворид шудааст. Аксари сайёҳон ба Тоҷикистон барои тамошои кӯҳистони Бадахшон меоянд ва роҳи сафари онҳо аз ҳамин шоҳроҳи Помир, ки маҷаллаи “National Geographic Россия” дувумин роҳи зебои дунё унвонаш кардааст, мегузарад.

Дар даҳгонаи зеботарин роҳҳои дунё ин маҷалла дар пайи роҳи дараи Вердон ва шоҳроҳи Помир ҳамчунин шоҳроҳи Далтони Амрико, шоҳроҳи Трансфэгэраши Руминия, роҳи Чуй дар водии Олтойи Русия, роҳи Атлантики Норвегия, Шоҳроҳи Дарвозаҳои Бузурги Чин, шоҳроҳи рақами 40-и Аргентина, Grand Circle ё Ҳалқаи Бузург дар Колорадои Амрико ва роҳи бузурги уқёнусии Австралияро шомил кардааст.

XS
SM
MD
LG