Ин нашрия аз 25-уми августи соли 1924 ба ин сӯ бо забони тоҷикӣ нашру паҳн мешавад. Вебсайт ё торнамои ҳамномаш дар Интернет низ фаъол аст.
Дар гузашта номаш “Овози тоҷики камбағал”, “Ҳақиқати Узбекистон” ва “Узбекистони сурх” буд.
Бунёдгузораш Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон, аст.
Рӯзноманигор ва муҳаққиқ Қироншоҳ Шарифзода рӯзи 25-уми август дар паёме дар "Фейсбук" нигошт, ки "барои таъсис ва ба роҳ мондани нашри “Овози тоҷик” фарзандони фарзонаи миллат Чинор Имомов, Шириншоҳ Шотемур, Нисор Муҳаммад, Сайидризо Ализода, Абдулқаюми Қурбӣ, Абдуқодир Муҳиддинов ва чанде дигарон саҳми босазо гузоштанд."
Ин рӯзнома дар ҳоли ҳозир ҳафтае ду бор нашр мешавад.
Дар солҳои охир масъалаи обуна ба он дар Узбекистон ба душворӣ дучор шудааст. Рӯзноманигор Мирасрор Аҳроров дар моҳи декабри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "маълум нест, чаро нисбати ин рӯзнома дар ҳокимиятҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ мекунанд! "Овози тоҷик" рӯзномаи дуюмдараҷа нест!"
Нашрияи "Овози тоҷик" то соли 1929 дар Самарқанд чоп шуда, бо кӯчидани пойтахти Узбекистон ба Тошканд то кунун қароргоҳаш дар ин шаҳр аст.
Дар гузашта нашрияи расмии ҳукумати Узбекистон буд, ҳоло нашрияи Маҷлиси олии он кишвар аст. Дар торнамои "Овози тоҷик" ин нашрияро "пули дӯстии байни Узбекистон ва Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон" донистаанд.