Аз равғани офтобпараст то гӯшти гову гӯсфанд ва меваю сабзавот. Маҳсулоте, ки ошхона ва дасторхони тоҷиконро бе онҳо тасаввур кардан мушкил аст, дар соли 2025 аз ҳафт то бисту ҳафт дарсад афзудааст. Дар ҳоле ки мардум нигаронанд, раиси Оҷонси омор далели болоравии нархи баъзе аз ин маҳсулотро мавсимӣ номид.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода рӯзи 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Баландшавӣ ва пастшавӣ омили мавсимӣ аст. Ҳозир ҳамаи шумо медонед, ки зимистон аст. Фақт гармхонаҳо кор мекунанд. Аз моҳи март он тараф мардум маҳсулотро дар заминҳои боз парвариш ва истеҳсол карда, ба бозор мебароранд. Баъд ба нарх таъсир мерасонад, нарх мефарояд."
Гӯшти гову гӯсфанд яке аз маҳсулотест, ки болоравии нархаш ҳамеша боис ба нигаронии сокинон дар Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси Оҷонси омор дар соли гузашта саршумори чорво ба таври қобили мулоҳиза бештар шуд.
“Чорвои калон ба 2 миллиону 782 ҳазор расид, ки сад ҳазор бештар аст. Чорвои майда, бузу гӯсфанд, қариб се миллион шудааст. Ин ҳам қариб 300 ҳазор зиёд. Дар баробари ин, талаботи мардум ҳам зиёд шудааст," – афзуд ӯ.
Аммо дар Хадамоти зиддинҳисорӣ сабаби болоравии нархи гӯшти гову гӯсфандро баръакс камшавии саршумори чорво номиданд. Хуршед Мирзозода, сардори як раёсат дар Хадамоти зиддиинҳосорӣ гуфт: “Сабаби асосӣ ин кам будани чорво дар бозорҳо аст. Омили асосии кам будани чорво ин гарон шудани хӯроки чорво аст, аввалан. Дуюм, кам ворид шудани чорво ба бозорҳои ҷумҳурӣ мебошад. Сеюм, шумораи чорвопарварон кам шудааст.”
Сокинон дар Тоҷикистон пайваста аз маоши каму нархҳои баланд дар бозорҳо шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, ҳар сол маошро боло мебаранд.
Баъзе аз иқтисодшиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, вале моил нестанд номашон ошкор шавад, гуфтанд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум ё инфлиятсия зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ пайваста дар ҳоли афзудан аст.
Ба иттилои расмӣ, музди миёнаи кормандон дар Тоҷикистон 2 ҳазору 727 сомонӣ, камтар аз 300 доллари амрикоӣ аст ва ба ҳамин далел ҳар сол садҳо ҳазор нафар дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар рафта, сахтиҳоро дар муҳоҷират таҳаммул мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: