Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон боло меравад. Кӣ чӣ чора мебинад?


Бензин дар Тоҷикистон гарону камчин шудааст

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон боло меравад. Ҳукуматҳои ду кишвар барои нигоҳ доштани нарх чораҳои гуногун меандешанд, аммо коршиносон мегӯянд, дар фурсатҳои наздик нигоҳдории арзиш дар як сатҳ имконпазир нахоҳад буд.

Нархи имрӯзаи бензини АИ-92-ро бо пули миллӣ гиред, бо нархи соли 2010 муқоиса кунед ва сипас ба доллар табдил диҳед. Бо асъори миллӣ афзоиши чандинкаратаи арзиш ба амал хоҳад омад, аммо бо доллар амалан ҳамон сатҳи пешин хоҳад буд.
Пайрав Чоршанбиев

Анҷумани фурӯшандагони нафти Қирғизистон хабар дод, ки дар давоми моҳи апрел нархи бензин 6 дарсад ва сӯзишвории дизелӣ 9 дарсад гарон хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Қирғизистон арзиши бензини навъи АИ-92 46,9 сом (6,24 сомонӣ) ва арзиши миёнаи сӯзишвории дизелӣ 43,9 сом (5,84 сомонӣ) аст.

Бино ба иттилои Анҷумани мазкур, дар бозори нафти Русия қимати ниҳоӣ ва яклухти маводи сӯхт боло меравад ва ба ҷуз ин беқурбшавии соми қирғизӣ дар баробари доллар низ ба назар мерасад.

Дар пойтахти Тоҷикистон арзиши бензин 8,80 сомонӣ аст ва дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар қимати як литр бензин 9 сомонист.

Далелҳои боло рафтани нархи сӯзишворӣ

Пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Раҷабалӣ Маҳсиддинзода, муовини сардори Хадамоти зиддинмонополии Тоҷикистон, далели боло рафтани нархро ба кам шудани содироти ин маҳсулот аз Қазоқистон рабт дода буд. Расонаҳои қазоқӣ хабар дода буданд, ки як корхонаи истеҳсоли гази моеъ дар шаҳри Атирау ба далели таъмири куллӣ аз кор мондааст.

Дар Қирғизистон, ба гуфтаи мудири иҷроияи Анҷумани фурӯшандагони нафт, Қанот Эшатов, далели болоравии нарх гарон шудани нархи фурӯш дар корхонаҳои Русия ва қатъи воридот аз Қазоқистон аст. Боло рафтани нархи фурӯш дар корхонаҳои Русияро ӯ ба омилҳои зерин рабт дод:

  • Боло рафтани нархи фурӯши яклухт;
  • Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли сӯзишворӣ дар соли 2020;
  • Афзоиши талабот ба маҳсулоти нафтӣ;
  • Баланд шудани аксизҳо барои бензин дар Русия.

Дар натиҷа, ба гуфтаи вай, агар ду моҳ пештар як тонна бензин бо 300 доллар харида мешуд, ҳоло ин рақам аз 500 доллар болост ва сӯзишвории дизелӣ аз 360 ба 470 доллар барои як тонна боло рафт.

Ба Қирғизистон маводи сӯхтро аз Русия ва Қазоқистон меоранд, вале содироти ин маҳсулот аз Қазоқистон аз моҳи январи соли 2021 қатъ шудааст.

Мақомот чӣ чора меандешанд?

Мувофиқи иттилои расонаҳои қирғизӣ, Оҷонси зиддимонополии Қирғизистон баъзе аз масоили зеринро барои баррасӣ ба Вазорати иқтисод ва молия пешниҳод кардааст:

  • Тибқи шартнома масъалаи ҳисоббаробаркунӣ бо арзи миллиро барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба роҳ монад, ки имкон медиҳад аз болоравии иловагии нарх, бино ба тағйир ёфтани қурби доолари амрикоӣ, пешгирӣ шавад;
  • Ба имзо расонидани шартномаи дуҷониба барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон бидуни боҷ;
  • Коҳиши сарбории андоз барои фурӯшандаҳои маҳсулоти нафтӣ.

Дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми март палатаи поёнии порлумон Оҷонси захираҳои моддиро аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти маҳсулоти хӯрокӣ ва нафтӣ озод кард. Намояндаҳои Вазорати молия пешниҳоди ин сабукиҳоро ба нигоҳ доштани болоравии нарх, пеш аз ҳама нархи маҳсулоти хӯрокӣ ва нафтӣ, марбут донистанд.

Вале коршиносони мустақил изҳори нигаронӣ карданд, ки чӣ гуна пешниҳоди имтиёз ба як ниҳоди давлатӣ, ки саҳми он дар бозори маҳсулоти нафтӣ ба 20% намерасад, метавонад болоравии нархи сӯзишвориро боздорад.

"Газмпромнефт" яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи нафт ба Тоҷикистон аст
"Газмпромнефт" яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи нафт ба Тоҷикистон аст

Воридкунандаи аслии ин маҳсулот ширкатҳои “Газпромнефти Тоҷикистон” ва “Сеганҷ” мебошанд, ки саҳми умумии онҳо 70% аст. Ба ҷуз инҳо, ба воридоти маводи сӯхт 50 ширкати дигар сару кор доранд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои ба даст овардани шарҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо то ин дам бенатиҷа буд. Дафтари матбуоти ин ниҳод ба зангҳои такрор ба такрори мо посух надод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар соли 2021 Русия бояд 830 ҳазор тонна сӯзишвориро ба Тоҷикистон бидуни боҷ бидиҳад.

Айби арзи заиф

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, ягона василаи нигоҳ доштани болоравии нархи сӯзишворӣ метавонад, муваққатан бекор кардани пардохтҳои гумрукӣ барои воридот ва андозҳои дохилӣ бошад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

“Аммо дар шароити мо, мақомот ба гумон аст, ки ба ин розӣ шаванд. Андозбандии сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар сохтори даромади андоз ҳаҷми назаррасро ишғол мекунад. Бахусус дар шароити норасоии шадиди буҷа. Дар кишвари мо 70% даромади умумии буҷа аз андозҳо ҳаст”, -- мегӯяд Чоршанбиев.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ бо коҳиши пули миллӣ рабт дорад.

“Масалан, нархи тамғаи машҳуртарини бензин (АИ-92)-ро барои имрӯз ва соли 2010 гиред, бо пули миллӣ муқоиса кунед ва сипас ба доллар табдил диҳед. Бо асъори миллӣ афзоиши чандинкаратаи арзиш ба амал хоҳад омад, аммо бо доллар амалан ҳамон сатҳи пешин хоҳад буд”, - шарҳ дод ӯ.

Агар дар моҳи январи соли 2011 бензини АИ-92 дар Тоҷикистон 3,37 сомонӣ (0,77 доллар) арзиш дошт, пас, моҳи феврали соли 2021 қимати он бо пули миллӣ ба 7,5 сомонӣ расидааст, ки бо доллар ба 0,66 сент баробар аст. Дар асл, бо доллар арзиши бензин 10 сент арзон шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2020 ба Тоҷикистон 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шудааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG