Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви намоишномаи Захарова, ҳунарпешаи тарафдори Путин


Светлана Захарова. Акс аз соли 2014
Светлана Захарова. Акс аз соли 2014

Мақомоти Словения бо дархости Украина намоишномаи як балеринаи русро бекор кардаанд.

Қарор буд Светлана Захарова, ҳунарпешаи тарафдори Владимир Путин, моҳи август дар шаҳри Любляна, пойтахти Словения, ҳунарнамоӣ кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Украина дар иттилоияе гуфт, Захарова дар Театри бузурги Modanse нақши Коко Шанелро иҷро мекард.

Светлана Захарова зодаи Украина буда, узви ҳизби ҳокими "Русияи воҳид"аст. Ӯ дар солҳои 2007-2011 вакили Думаи давлатии Русия буд. Захарова соли 2014 ошкоро аз ғасби нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия пуштибонӣ карда буд.

Ин ҳунарпеша дар соли 2024 дар маъракаҳои таблиғотии Владимир Путин дар интихобот фаъолона ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG