Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳар чӣ дилам хост, на он мешавад". Ширкат аз Шумо, ном аз Кумитаи забон


Акс аз бойгонӣ

Шумо нияти таъсиси ширкат ё ташкилотеро доред ва мехоҳед номи писандидаатонро ба он гузоред? Ин орзуятон ба шарте метавонад амалӣ шавад, ки номи интихобкардаи Шумо ба масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон писанд ояд.

Агар бренди ҷаҳонӣ ва эътирофшуда ҳаст, албатта, метавонад бо номи худ дар ҷумҳурӣ фаъолият кунад. Аммо номи ширкатҳои дохилӣ ҳатман бояд тоҷикӣ бошад

Дар Тоҷикистон минбаъд номи ҳар як ташкилот, созмон ва ё ширкат қабл аз таъсисёбӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот бояд мувофиқа шавад. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте бе мувофиқаи мо ин корро кунанд ва номи ширкат ба меъёр мувофиқ набошад, ташвишашон зиёд хоҳад шуд. Чун онҳоро зарур меояд, номи ширкатро бо назардошти меъёрҳо аз нав сабтином кунанд. Ин кор ҳам ташвишу вақти иловагиро металабад."

Номгузории мағозаҳо ба номи фарзандон мамнӯъ мешавад?

Саодатшо Матробиён
Саодатшо Матробиён

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ҳамаи ширкатҳое, ки дар қаламрави кишвар таъсис дода мешаванд, номашон бояд тоҷикӣ бошад. Истисно танҳо номи ширкатҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ ваё ширкатҳои маъруфи хориҷӣ ҳаст, ки иҷоза доранд мувофиқ ба забони худ ширкатро номгузорӣ кунанд.

"Агар бренди ҷаҳонӣ ва эътирофшуда дар ҷаҳон ҳаст, албатта, метавонад бо номи худ дар ҷумҳурӣ фаъолият кунад. Аммо номи ширкатҳои дохилӣ ҳатман бояд тоҷикӣ бошад", - афзуд Саодатшо Матробиён.

Ин талаботи Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳолест, ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, бе ин ҳам ташкили ширкат ва пешбурди тиҷорат дар кишвар мушкил аст ва ин талаботи навини Кумитаи забон ва истилоҳот болои ҳама мушкилоти дигар зам мешавад.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Маҳмурод Азимов, иқтисоддон ва маркетологи тоҷик, мегӯяд, соҳибкорон аҳамияти забони давлатиро дарк мекунанд, вале дар шароити глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ маҳдуд шудан дар доираи як забон ояндаи кори ширкатро танг мекунад. “Бубинед, вақте як нафар ширкатро таъсис медиҳад, шояд ният дорад дар бозори хориҷа харидор пайдо кунад. Вале бо номи тоҷикӣ чӣ хел ширкат метавонад дар бозори кишварҳои дигар муваффақ шавад. Ҳоло забони коргузорӣ дар байни ширкатҳои байналмилалӣ англисӣ аст, то барои муштариёни хориҷӣ фаҳмо шавад”, - гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, гиромидошти забони давлатӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки монеи рушди ширкатҳои миллӣ нашавад.

Тоҷикистон дар ду соли пеш шоҳиди баҳси як ширкати хусуӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот шуда буд, ки зоҳиран ба хотири дарёфти муштариёни хориҷӣ номи худро англисӣ гузошта буд. Соли 2015 Кумитаи забон ва истилоҳот алайҳи ширкати таҳияи либос – “I am different”, ки моликаш шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба додгоҳ шикоят бурда буд. Асли даъво аз англисӣ будани номи ин ширкат буд ва кумита талаб кард, номи ширкат иваз шавад.

Аммо ин кумита дар баҳси додгоҳӣ мағлуб шуд, чун гуфта мешуд моликони ин ширкат хеле шахсиятҳои пурнуфуз буданд ва ба нуқтаи назари худ истодагарӣ карданд. Пӯлод Амирбеков, раиси ширкати “Промошн” дар Тоҷикистон мегӯяд, номгузорӣ ва ё нейминг як илм аст ва дар кишварҳои хориҷӣ ба он ширкатҳои алоҳида машғул ҳастанд. “Шахсоне, ки нияти таъсиси ширкатро доранд, ба ширкатҳои махсус фармоиш медиҳанд, ки корашон интихоби номи мувофиқ ба ширкатҳо аст. Ин як илм аст. Чун дар хориҷа бисёре аз номҳо алакай банд ҳаст, барои ширкатҳои нав номе бояд пайдо шавад, ки назир надорад”, - афзуд ӯ.

Амирбеков афзуд, онҳо бо назардошти талаботи нав ба ширкатҳо номҳои тоҷикӣ мегузоранд. Ин ширкат муаллифи номи чанд ширкати тоҷикӣ, аз ҷумла “Хонаи солим” ва “Аҳсант” аст.

Бо ин вуҷуд, то кунун ҳеҷ яке аз ширкатҳои тоҷикистонӣ дар бозори ҷаҳонӣ ном ва муштарӣ пайдо накардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG