Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике, ки дар Афғонистон эъдом шуд, аз Хуҷанд будааст


Мақомоти Афғонистон исми шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар он кишвар эъдом шудааст, эълон карданд.

Раҳматуллоҳ Назарӣ, муовини додситони кулли Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шахс Муҳаммадҳайдар валади Муҳаммадаҳмад, мулаққаб ба Амир Муҳаммад буда, сокини шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон мебошад. Ба иттилои ӯ, Муҳаммадҳайдар валади Муҳаммадаҳмад "дар ҳамкорӣ бо ду узви Ҳаракати Толибони Афғонистон масъули амалиёти интиҳорӣ дар шаҳри Кобул буд, ки чаҳор соли пеш аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Афғонистон боздошт шуд".

Айни замон, маълум нест, ки оё ин шаҳрванди Тоҷикистон дар кадом сол ва бо кадом роҳ ба Афғонистон ворид шудааст. Ҷаноби Назарӣ гуфт, Муҳаммадҳайдар дар Покистон машқи низомӣ дида, ба Кобул рафтааст ва дар хоки Афғонистон "ду амалиёти интиҳориро ташкил кардааст".

Ҳамлаи интиҳории аввал дар Кӯчаи Мурғони маркази Кобул анҷом дода шудааст, ки дар пай 5 кушта, 28 захмӣ дошт ва ба 30 мошини сабукрав хисорот ворид намуд. Ҳамлаи дувум ҳам, ба қавли Назарӣ, дар Чорроҳаи Ансорӣ, наздикии "Кобул сити сентр" анҷом шуда, чанд захмиву кушта бар ҷо гузошта буд.

Раҳматуллаҳ Назарӣ, муовини Додстиони кулли Афғонистон
Раҳматуллаҳ Назарӣ, муовини Додстиони кулли Афғонистон
Муовини додситони кулли Афғонистон гуфт, гурӯҳи Муҳаммадҳайдар қасд дошт дар се ҷои дигар - қароргоҳи нерӯҳои байналмилалӣ дар Пули Хумрӣ, бинои Шӯрои миллии Афғонистон ва Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон низ ҳамлаи интиҳорӣ омода кунанд, аммо ба даст афтоданд. Ба қавли ӯ, Муҳаммадҳайдар ва ду ҳамроҳи афғонаш афроди интиҳориеро, ки аз Покистон ба Кобул меомаданд, пазироӣ карда, барои онҳо нимтанаҳои интиҳориро омода ва бо ҷои амалиёт ошно менамуданд.

Муҳаммадҳайдар валади Муҳаммадаҳмад рӯзи 21-уми ноябр дар қатори 8 нафар, аз ҷумла се узви дигари Толибон дар Кобул эъдом шуд. Байни Тоҷикистону Афғонистон қарордоди табодули маҳбусон амал мекунад, вале тавре Раҳматуллоҳ Назарӣ гуфт, Муҳаммадҳайдар аз истирдодаш ба Тоҷикистон даст кашида буд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул низ ин гуфтаро тасдиқ кард ва дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин нафар ибтидо барои рафтан ба Тоҷикистон розӣ шуд, вале баъдан шояд таҳти фишори шариконаш дархости қаблиашро лағв кард. Ба гуфтаи Имомов, онҳо боз ҳам аз ин маҳбуси тоҷик аҳвол мегирифтанд ва ӯ баъди рад кардани дархости истирдодаш ба Душанбе аз мақомоти сафорат танҳо каме маҳсулот ва китоби «Тоҷикон»-ро хостааст, ки барояш овардаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим


Шарофиддин Имомов мегӯяд, Муҳаммадҳайдар танҳо тоҷики маҳкум ба қатл дар Афғонистон буд ва бо иҷрои ҳукми ӯ дар маҳбасҳои Афғонистон боз 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ки асосан бо ҷурми даст доштан дар аъмоли террористӣ ба даст афтодаанд. Ду нафари онҳо тоза дар моҳи октябр дар роҳи вилояти Каписо дастгир шуданд.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Афғонистон, боз 4 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ дар Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо ҳамаи онҳо ризоият додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷазои худро бигиранд.
XS
SM
MD
LG