Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

My vision. "Ба мушкилу ташвишҳои мардум рӯ биоред" ВИДЕО


Дар Тоҷикистон барои филмсозони ҷавон дар бахши синамои таҷрибавӣ озмуне бо номи "My vision" эълон шудааст. Ин озмун барои коргардонҳои ҷавон аст, ки ба филмсозӣ нигоҳи нав доранд ва синаморо бо чеҳраи тоза муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Гуфтанӣ нестам, ки дутору анорро дар чодари гулдӯзӣ гузошта, наворбардорӣ кунанд. Мехоҳам андешаву рафтори одамонро назорат кунанд, ба мушкилу ташвишҳои мардум рӯ биёранд

Аниса Собирӣ, коргардон ва раҳбари тарҳи "My vision", рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар синамои дунё ҳозир кинои экспиременталӣ хеле маъруф аст. Ҷавонон мисли кӯдакон бисёр нигоҳи аҷиб доранд ва, албатта, инро бояд ба назар гирем. Бояд қонунҳои филмсозиро шиканем."

Синамои таҷрибавӣ ваё эксперименталӣ дар кинои тоҷик нав аст ва ҳанӯз филмҳои зиёде дар ин бахш таҳия нашудааст. Мазмун ва наворбардориву истифодаи садо дар ин гуна филмҳо метавонад ғайримуқаррарӣ бошад. "Мехоҳам, мисли онки тоҷикон дар адабиёт як чизи навро сохтанд, синамои нави тоҷик дар дунё маъруф шавад", - гуфт Собирӣ.

Аниса Собирӣ
Аниса Собирӣ

Беҳрӯз Давлатбеков, хатмкардаи Донишкадаи давлатии умумирусиягии киноматография, барои ҳимояи кори дипломӣ дар жанри синамои эксперименталӣ филм офаридааст. Вай ин таҷрибаро бо таҳияи чанд филми дигар идома дод. Давлатбеков ҳоло ба ҳайси коргардони муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" кор мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

My vision дар Душанбе. "Ба мушкили мардум рӯ биоред"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

"Коргардонҳое, ки филмҳои таҷрибавӣ месозанд, талош мекунанд, бо истифода аз таҷриба нозукиҳои қонуни киноматографиро эҳсос кунанд. Кӯшиш мекунанд барои пешниҳоди видео ва овоз шеваи нав пайдо намоянд. Талош мекунанд баъзе қолабҳоро, ки феълан дар филмсозӣ вуҷуд дорад, сарфи назар кунанд", - афзуд ӯ.

Беҳрӯз Давлатбеков
Беҳрӯз Давлатбеков

Ин коргардони ҷавон бар ин аст, ки феълан филмсозӣ дар Тоҷикистон нусхабардорӣ аз қолабҳои бади филмсозии Русия аст, дар ҳоле ки русҳо низ ин қолабро аз бадтаринҳои Аврупо нусхабардорӣ мекунанд. Ӯ гуфт, "шахсан аз коргардонҳо даъват мекунам, ки бештар ба фарҳанги миллиамон такя кунанд. Албатта, гуфтанӣ нестам, ки дутору анорро дар чодари гулдӯзӣ гузошта, наворбардорӣ кунанд. Мехоҳам андешаву рафтори одамонро назорат кунанд, ба мушкилу ташвишҳои мардум рӯ биёранд."

"Тоҷикфилм" аз эълони озмуни “My vision” истиқбол карда, чунин иқдомро дар рушди синамои тоҷик муассир донист. Аммо ба қавли масъулон ҳанӯз ин тасмим оғози роҳ аст.

Толиб Раҳматуллоев
Толиб Раҳматуллоев

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси “Тоҷикфилм” мегӯяд, "барои рушди киноматография пеш аз ҳам бояд кадр тайёр кунем. Дар ҷумҳурии мо барои омода кардани мутахассисони соҳаи филмофарӣ имконият хеле маҳдуд аст. Танҳо як донишгоҳи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон наметавонад талаботи имрӯзаро қонеъ гардонад."

Коргардонҳои ҷавон ва хоҳишмандон метавонанд аз 2-юми июли имсол дар тӯли як моҳ барои иштирок дар озмуни “My vision” сабтином шаванд. Пас аз интихоби барандаҳои озмун дар тӯли ду моҳ онҳо таҷрибаи филмсозӣ дар бахши синамои таҷрибавиро меомӯзанд ва ҳамзамон дар сабту таҳияи филм ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG