Ираклий Узнадзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, сармураббии тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин гардид.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Узнадзе аз зумраи мураббиёни шинохта ва соҳибтаҷрибаи ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар тули фаъолияти касбии худ роҳбарии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркияро ба уҳда доштааст.
Зери роҳбарии ӯ даҳҳо варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Аврупо, инчунин мусобиқаҳои бонуфузи силсилаи Grand Slam, Grand Prix ва Masters муваффақ шудаанд.
Ираклий Узнадзе ду маротиба аз ҷониби Иттиҳоди ҷудои Аврупо (EJU) беҳтарин мураббӣ дониста шудааст. Ҳамчунин вай ба унвони беҳтарин мураббии Гурҷистон даст ёфтааст.
Ҳадафи асосии фаъолияти сармураббии нав тақвияти ҳайати тими миллии Тоҷикистон, тарбияи насли нави ҷудокорон ва омода намудани варзишгарон барои ширкати муваффақона дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мебошад.
Шарҳи ҳол
Ираклий Узнадзе 18-уми майи соли 1982 дар Гурҷистон таваллуд шудааст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Туркия муҳоҷират кардааст. Аз соли 1993 то соли 1995 дар мусобиқаҳо бо номи туркии Ирфон Токер ширкат варзидааст. Вай соли 1995 бо ин ном дар қаҳрамонии Аврупо медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Соли 1996 дар Олимпиадаи Атланта иштирок карда, ҷои ҳафтумро касб намуд. Соли 1998 дар қаҳрамонии Аврупо бори дигар медали биринҷӣ гирифт, ки ин натиҷаро соли 2001 такрор кард.
Соли 2002 бидуни рақобат қаҳрамони Аврупо шуд, зеро рақибаш дар финал Алексей Будилин аз Эстония бинобар ҷароҳат бардоштан натавонист муборизаро идома диҳад.
Соли 2006 корномаи варзишиаш ба поён расид. Аз соли 2013 то соли 2016 сармураббии тими миллии Гурҷистон буд. Соли 2017 сармураббии тими миллии Туркия таъин шуд.