Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи варзиши тоҷик дар осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф. ВИДЕО. АКС


Нарзуллоҳи Латиф

Бозии миёни дастаҳои футболи "Динамо"-и Маскав ва "Помир"-и Душанбе дар соли 1989. Дастаҳое, ки 30 сол пеш дар чемпионати СССР дар лигаи олӣ бозӣ мекарданд. Сабти ин бозӣ ҷузъе аз маводи осорхонаи шахсии шореҳи шинохтаи варзиш ва корманди Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аст.

Осорхонаи шахсии Нарзуллоҳи Латиф чанде пеш дар ҳавлиаш, берун аз Душанбе, кушода шуд. Ӯ рӯзи 29-уми сентябр гуфт, масоҳати осорхона 65 метри мураббаъ аст ва ҳадаф аз таъсиси он, "зинда нигоҳ доштани таърихи варзиши тоҷик ва таърихи фарҳангу таърихи хонаводагӣ аст."

Дар ин осорхона шореҳ ҳосили кори панҷоҳсолаи худро ҷамъ овардааст. Меҳмонони осорхона метавонанд дар ин ҷо бо таърихи қариб якасраи варзиши тоҷик ошно шаванд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф -- таърихи варзиши тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:29 0:00

"Акси аввалин дастаи футбол дар Тоҷикистон, ки "Строител"-и Душанбе ном дошт, соли 1931 аккосӣ шудааст ва дар инҷо ҳаст. Дар акси дигар, ки таърихи 80-сола дорад, аъзои бошгоҳи футболи “Динамо”-и Душанберо мебинем. Чунин аксҳои таърихӣ дар осорхона бисёранд. Бисёриҳо мепурсанд, ки ин қадар маводро аз куҷо пайдо намудам? Рости гап, худам ҳам ҳайронам", -- иброз дошт шореҳи варзиш.

Мутахассисон ва ҳаводорони варзиш кушода шудани чунин осорхонаро барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи варзиш ва қаҳрамонҳои варзиши Тоҷикистон муҳим медонанд. Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбо, мегӯяд, "ҷавонон метавонанд аз инҷо баҳра бигиранд. Мутахассисон метавонанд барои корҳои илмиашон истифода кунанд ва дар ин ҷо маълумоти зарурӣ ба даст биёранд."

Нарзуллоҳи Латиф давоми ним аср дар бораи ҳам комёбӣ ва ҳам шикасти варзишгарони кишвар дар арсаи байналмилалӣ, дар мусобиқоти гуногун, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ гуфтааст. Маъруфияти ӯ аз замони шореҳияш тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон дар бораи бозиҳои дастаи "Помир"-и Душанбе шурӯъ шуд. Ҳаводорони бузургсолу миёнасоли футбол ӯро хуб дар ёд доранд.

Яке аз онҳо – пизишк Бозоралӣ Назаров -- гуфт, "бозиҳои командаи "Помир"-и Душанберо ба воситаи радиоприёмникҳо гӯш мекардем ва садои Нарзулло Латифовро бесаброна интизор мешудем. Хеле шавқовару бурро гап мезаданд."

Дар ин осорхона шореҳ ба ҷуз аз маводи варзишӣ чанд гӯшаро ба таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик, чизҳои қадимаи тоҷикон бахшидааст.

Гӯшае аз осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф мақоми махсус дорад. Шореҳ бо қаҳрамонҳои олимпӣ сӯҳбат мекунад. Қаҳрамонҳое, ки бузургтарин дастовардҳои варзиширо ҳам дар замони Шӯравии пешин ва ҳам дар даврони истиқлол барои Тоҷикистон овардаанд.

Кушодашавии осорхона
Кушодашавии осорхона

Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори варзиш, ба аксҳову китобу барномаҳо ва маводи ин осорхона менигарад ва аз замони ҳамкориаш бо Нарзуллоҳи Латиф ёд меорад. Онҳо беш аз 40 сол ҳамкорӣ кардаанд.

Ӯ гуфт, "ҳамроҳи Нарзулло Латифов ҳанӯз аз замони даъват шуданам ҳамчун дарвозабон ба ҳайати дастаи “Помир” ошно ҳастам ва то ҳоло ҳамкорӣ мекунем."

Гӯшае дигар аз осорхона ба кори Нарзуллоҳи Латиф дар Радиои Озодӣ бахшида шудааст. Ӯ давоми 18 соли ахир ба ҳайси шореҳи варзиш дар ин расонаи байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Нарзуллоҳи Латиф
Нарзуллоҳи Латиф

Нарзуллоҳи Латиф мегӯяд, осорхона ҷоест, ки барояш эҳсоси оромӣ мебахшад.

"Аз инҷо берун кардани ман бисёр мушкил аст. Баъзан то ҳадде банд мешавам, ки мебинам аллакай торик шудааст. Ҳоло ки кор мекунам, фақат рӯзҳои истироҳатӣ ба инҷо меоям. Тамоми чизе, ки дар ин ҷо ҳаст, бароям ҷолиб аст, зеро ки гузаштаро ба ёд меорад ва ман аз дидану шунидану хонданаш лаззат мебарам", -- гуфт шореҳи варзиш.

Нарзуллоҳи Латиф 18 сол инҷониб раиси Ассотсиатсияи журналистони варзиши Тоҷикистон аст. Гӯшае дар ин осорхона ба фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ бахшида шудааст.

Нарзуллоҳи Латиф, ки соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои мухталифи кишвар ва идораҳои давлатӣ ифои вазифа кардааст. Ӯ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, бо унвон ва нишонҳои баланди фахрии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG