Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писарони Мулло Амриддинро дар Тоҷикистон то 23 сол зиндонӣ карданд


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ ва Саидҷамолиддин, писарони Амриддин Табаров (Мулло Амриддин), раҳбари пешини "Ҷамоати Ансоруллоҳ", як созмони мамнуъ дар кишварро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Назари пайвандон ва вакилони мудофеи Табаровҳо феълан дастрас нест. Баъзе аз хешовандони дури онҳо гуфтанд, ки солҳо боз бо хонаводаи Мулло Амриддин тамос надоранд ва дар бораи ҳукми писаронаш низ чизе гуфта наметавонанд.

Писарони Мулло Амриддин соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд. Ҳукми онҳо охири моҳи августи имсол содир шудааст, вале мақомоти Додгоҳи олӣ танҳо рӯзи 22-юми октябр баъзе аз ҷузъиёти онро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ошкор карданд.

Масъулони додгоҳ гуфтанд, ки Абдуфаттоҳ Табаров ба 23 сол ва Саидҷамолиддин Табаров ба 16 соли ҳабс маҳкум шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, писарони Мулло Амриддинро бо ҷурми "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ", "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" ва "пинҳон кардани силоҳ" гунаҳкор шинохтанд. "Онҳо дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа гуфтанд, ки аз соли 2009 падарашонро надидаанд ва дар борааш чизе намедонанд. Писари калониаш ҷойи пинҳон кардани силоҳҳоро дар Тоҷикистон нишон дод", -- афзуд манбаъ.

Вале маълум нест, ки маҳкумшудаҳо дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кардаанд ё не ва иқрори онҳо таҳти чӣ шароите ба даст омадааст.

Мақомоти Афғонистон соли гузашта писарони раҳбари "Ҷамоати Ансоруллоҳ" - як гурӯҳи ифротгарои исломиро ба Тоҷикистон супурда буданд. Гуруҳи мазкур, ки умдатан аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, иборат аст, бино ба гузоришҳо дар Покистон таъсис ёфта ва дар онҷо қароргоҳ дорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2012 "Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро террористӣ эълон кард. Аз соли 2013 то кунун даҳҳо нафар бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин созмонро аз ҷумла масъули ҳамла ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тирамоҳи соли 2010 медонанд. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд.

Фарзандони Амриддин Табаровро соли 2009 нерӯҳои амрикоӣ бо иттиҳоми иртибот бо гуруҳҳои ифротгаро дастгир карда ва дар зиндони Багром нигаҳ медоштанд. Баъд аз 6 соли нигаҳдорӣ бидуни муҳокима додгоҳи Афғонистон онҳоро моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Афғонистон ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Дар бораи сарнавишти фарзандони Амриддин Табаров соли 2016 аввал рӯзномаи “Вашингтон Пост” навишт. Дар он замон нашрия гуфта буд, ки бар асоси қонун мӯҳлати нигаҳдории фарзандони раҳбари пешини “Ансоруллоҳ” дар зиндони Багром тамом шудааст, вале онҳо намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Бино ба гузоришҳо Саидҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ аз Тоҷикистон ба Эрон рафта, дар мадрасаи динӣ таҳсил кардаанд ва баъдан вориди Афғонистон шудаанд. Ҳадафи вуруди онҳо ба Афғонистон маълум нест, вале падари онҳо дар гузашта таҳдид карда буд, ки барои “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.

Амриддин Табаров соли 1997, баъд аз имзои созишномаи сулҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашт, вале баъд аз чанде бо эълони норизоиятӣ аз созиши сулҳ, соли 2000 ҳамроҳ бо аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон, як созмони ифротгарои исломӣ дубора ба Афғонистон рафт. Баъди оғози амалиёт ба зидди Толибон, пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик пештар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз рӯзҳои аввали ҳузураш дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон наздикӣ дошт. Ӯ гуфт, ҳоло ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон пойгоҳ дуруст кардааст ва зоҳиран аз пуштибонии Толибон бархӯрдор аст.

Амриддин Табаров, ки аҳёнан дар наворҳои видеоии таблиғотӣ дида мешуд, ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2016 ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG