Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳал Авзалшоева, вакил аз Тоҷикистон интихоботи Амрикоро назорат мекунад


Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Як муҳаққиқи тоҷик дар ҳайати нозирони интихобот ҷараёни рақобатҳои Доналд Трамп ва Ҷо Байденро барои соҳиб шудан ба мансаби президенти Амрико назорат мекунад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико 3-юми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Зуҳал Авзалшоева, муҳаққиқи тоҷик, узви ҳайати маҳдуди нозирони интихоботии ODIHR (Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА) будааст. Ҳамроҳи ӯ 29 нафари дигар аз Олмон, Швейтсария, Сербия, Ҷумҳурии Чех, Монтенегро, Молдова, Мақдунияи Шимолӣ, Боснияву Ҳерзоговина, Албания, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Гурҷистон шомили ин ҳайат ҳастанд.

Рӯзи 19-уми октябр сомонаи CNSNews.com навишт, “нисфи дастаи 30-нафарии нозирони байналмилалии САҲА аз кишварҳое омадаанд, ки аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ дар қатори кишварҳои “ноозод” ва “қисман озод”-и созмони Freedom House мебошанд”. Сомона дар идома менависад, ин афрод бояд “арзёбӣ кунанд, ки то куҷо интихобот мутобиқ ба меъёрҳои САҲА оид ба интихоботи демократӣ ва қонунҳои миллӣ аст, ё на”.

Дар раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ин шахс намояндаи мақомоти давлатӣ нест”.

Таҷрибаи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати нозирони интихоботии САҲА камназир аст, вале бино ба корномаи Зуҳал Авзалшоева, ӯ то ҳол дар чанд ҳайати САҲА дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси нозири интихобот иштирок кардааст.

Зуҳал Авзалшоева. Акс аз LinkedIn
Зуҳал Авзалшоева. Акс аз LinkedIn

Ӯ зодаи шаҳри Хоруғ буда, соли 2005 Донишгоҳи бритониёии Сассексро дар бахши ҳуқуқ ва ҳуқуқи ҷиноии байналмилалӣ хатм кардааст. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Додгоҳи байналмилалии Гаага таҷриба андӯхта ва барои САҲА ва Бунёди Оқохон кор кардааст.

Зуҳал Авзалшоева рӯзи 20-уми октябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба назорати интихоботҳои кишварҳои узви САҲА аз соли 2009 пардохта, то ҳол дар интихоботи Албания, Туркия, Монтенегро (Черногория), Русия, Белорус ва Булғористон иштирок кардааст.

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи инки дар кадоме аз ин кишварҳо, ба назари ӯ, меъёрҳои САҲА бештар риоя шудаанд, гуфт, мутобиқ ба муқаррароти кор ҳақ надорад, интихоботи кишварҳои гуногунро бо ҳам муқоиса бикунад.

Зуҳал Авзалшоева дар мавриди назорат аз интихоботи Амрико гуфт: "Ҳоло дар Амрико ҳастем. Корро сар кардем. Нозирони дарозмуддат ба Амрико 6-уми октябр ва коршиносон 28-уми сентябр расиданд. Ман дар ҳайати нозирони дарозмуддат аз 6-уми октябр дар инҷоям. Мо 30 нозири дарозмуддат мебошем. То 8-уми ноябр дар ин ҷо хоҳем буд. САҲА гузориши худро дар вебсайташ нашр мекунад."

Вай афзуд, бар асоси нақшаи кор, рӯзи 4-уми ноябр, яъне рӯзе баъд аз овоздиҳӣ нозирон нишасти матбуотӣ доир карда, хулосаҳои худро аз ҷараёни интихобот пешкаш мекунанд. Баъд аз ду моҳ гузориши пурра нашр хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ин навбат ба Амрико барои назорат аз интихобот ба ҷойи 100 нозир 30 нозири байналмилалӣ рафтааст ва аз ҳамин хотир онҳо бояд кори бештаре анҷом диҳанд.

Зуҳал Авзалшоева гуфт, ӯву як шарикаш интихоботро дар ду аёлат - Индиана ва Мичиган, дар қисмати шимолу шарқи Амрико мушоҳида хоҳанд кард. Ин ду аёлат бо ҳам ҳамсоя мебошанд.

Оинномаи ODIHR мегӯяд, онҳое, ки хостори иштирок дар ҳайатҳои назоратии интихоботӣ ҳастанд, бояд шаҳрвандони кишварҳои узви САҲА бошанд. Вале онҳо ҳақ надоранд, интихоботи кишварҳоеро назорат кунанд, ки шаҳрвандии онро доранд. Барои шомил шудан ба тими нозирон шахс бояд бар асоси муқаррарот дар озмуни ODIHR иштирок кунад.

Тоҷикистон яке аз 57 узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аст, ки ҳадафаш пуштибонӣ аз меъёру муқаррароти демократӣ дар кишварҳои узв мебошад.

Солҳои охир бино ба интиқодҳои зиёди САҲА аз фазои сиёсии Тоҷикистон фаъолияти созмон дар Душанбе маҳдуд шудааст. Имсол Тоҷикистон бо тасдиқи раҳбари бахши САҲА дар умури озодии баён Ҳарлем Дезир дар мақомаш барои муҳлати дуюм мухолифат кард.

XS
SM
MD
LG