Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаббат Нурхонова: "Сангҳо ҳам гап мезананд"


Ин шабу рӯз дар Итолиё намоишгоҳи ғайриодии наққошӣ аз сангҳо идома дорад. Муаллифи наққошӣ Муҳаббат Нурхонова – духтари рассоми маъруфи тоҷик Ҷӯрахон Нурхонов – аст, ки Академияи санъати муосир дар Амстердамро хатм карда, ҳунари кошикории қадимиро дар Итолиё омӯхтааст.

Барои шахси эҷодкор, фикр мекунам, бе ягон баҳс озодӣ ва фақат озодӣ зарур аст.

Муҳаббат Нурхонова: "Намоишгоҳ дар шаҳри Люкка ҷараён дорад ва дар он бист намунаи корам ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ дар инҷо тӯли ду ҳафта баргузор шуда, баъдан дар Флоренсия ва ҷойҳои дигар идома хоҳад кард. Ман ба сангҳо ёрӣ медиҳам, ки таърихи худро бозгӯ намоянд."

Радиои Озодӣ: Сангҳо ҳам метавонанд гап зананд?

Муҳаббат Нурхонова: "Бале, ҳар санг дорои энержии махсус ва таърихи худ аст ва омодааст, онро ба дигарон ҳам нақл кунад. Ман бисёр вақт дар Итолиё гардиш мекунам, табиати бисёр зебое дорад. Боре соҳили ғайриодиро пайдо кардам, ки дар онҷо бисёре аз сангҳои рангорангу зебо вуҷуд дошт. Онҳоро ба даст гирифта эҳсос кардам, ки дар вуҷуди ман хоҳиши сохтани чизе аз онҳо пайдо шуд. Дар аввал тасвирҳоеро дар чаҳорчӯби қонуни зебоишиносӣ сохтам. Сипас, таваҷҷуҳам ба сангҳои дигар низ бештар гардид. Сангҳое, ки дар нигоҳи аввал зишту содда, аммо айни замон пур аз таъриху достон ҳастанд. Ман ҳам ба коркарди онҳо пардохтам. Санг ба унвони модда дар назари аввал бисёр пойдор ва тағйирнопазир аст, аммо агар ба он нигоҳ кунед, метавонад бесуботӣ ё ноустувориашро ошкор кунад."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки барои эҷодкорон ҳар як офаридаашон мисли фарзанд аст. Албатта, фарзандҳоро бояд яксон дӯст дошт. Аммо миёни коратон чизе ҳаст, ки зиёд дӯст медоред?

Муҳаббат Нурхонова: "Ба эҳтимоли зиёд наметавонам чизеро ба таври алоҳида ҷудо кунам. Аз назари эҳсос, тамоми корҳо барои ман бисёр азиз аст. Вақте харидорӣ мешаванд, эҳсоси рашк фаро мегирад, мисли инки чизи азизе хонаамро тарк мекунад."

Радиои Озодӣ: Одатан лаҳзаи эҷод як ҷараёни ҳамроҳ бо баъзе эҳсосот аст. Шуморо чӣ эҳсосе фаро мегирад?

Муҳаббат Нурхонова: "Бе ягон гап, эҳсоси хушӣ. Ман ҳангоми кор мавҷи энержӣ ва хуширо эҳсос мекунам. Барои ман, ин мисли бозӣ аст, ки ба роҳе ворид шуда, ба дидани ҷузъҳои нонамоёни бисёре шуруъ мекунам. Ин мисли бозгашт ба даврони кӯдакист, аммо айни замон бо озодии мутлақи интихоб."

Владимир Жириновский
Владимир Жириновский

Радиои Озодӣ: Дар зимн, дар бораи озодӣ. Бибинед, сиёсатмадори рус Владимир Жириновский аз бад шудани вазъи эҷод дар Русия шикоят кард. Ӯ гуфт, осори дурахшон дар муҳити ғайриозод ҳосил мешавад ва барои ҳамин пешниҳод кард, олимону нависандаҳо ба «ҳошия» ва ё «лагерҳои Шӯравӣ» фиристода шаванд, то Ломоносовҳо ва Лермонтовҳои нав зуҳур кунанд. Шумо чӣ фикр мекунед, барои эҷод озодӣ муҳим аст, ё майл ба озодӣ?

Муҳаббат Нурхонова: "Барои шахси эҷодкор, фикр мекунам, бе ягон баҳс озодӣ ва фақат озодӣ зарур аст. Танҳо дар чунин шароит офарандагӣ рушд мекунад. Булбулро агар дар қафаси тиллоӣ ҳам гузорӣ, аз хондан мемонад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло мо дар давраи технологияҳои навин бисёр корро тавассути комютер анҷом медиҳем ва санъати диҷиталӣ ҳам пайдо шудааст. Ба ин чӣ гуна муносибат мекунед? Оё ҳамзистии эҷоди суннатӣ ва диҷиталӣ мумкин аст?

Муҳаббат Нурхонова: "Фикр мекунам, ҳамзистӣ мумкин аст. Технологияҳои компютерӣ як ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии мо ҳастанд. Ман ба санъати диҷиталӣ эҳтиром мегузорам, аммо ба ин назарам, ки он бештар математикист ва ҳамааш аз қабл ҳисобу китоб шудааст. Ман беҳтар мешуморам он чиро, ки намедонӣ дар охир чӣ чизе ҳосил хоҳад шуд. Нуктаи аслӣ, ба назари ман, ин аст, ки дар эҷод бояд ҳама чиз дар ҳамоҳангӣ бошад. Ва ин чизест, ки худам ҳамеша барои он талош мекунам."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG