Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи муҳокимаи Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ


Акс аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ
Акс аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе мурофиаи додгоҳии Муаттара Ҷӯраева, наттоқи шинохта шурӯъ шуд, ки ӯро ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мекунанд.

Дар додгоҳи ноҳия рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Муаттара Ҷураева бар асоси банди 4-уми моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобии такрорӣ ва дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад. Барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон, ҷаримаи бисёр бузург ва ё аз 8 то 12 соли зиндон муқаррар шудааст.

Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи январи имсол хабар дод, ки Муаттара Ҷураеваро бар асоси шикояти чанд нафар рӯзи 15-уми октябри соли гузашта дастгир карданд. Ба гуфтаи муфаттишони оҷонсӣ, Муаттара Ҷӯраева аз чандин нафар дар Душанбе аз роҳи фиреб пули зиёд гирифта ва то кунун барнагардондааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи онҳо, ӯ моҳи маи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ аз боварии шаҳрванд Муллоев Н.А. сӯйистифода намуда манзили истиқоматии ӯро ба шаҳрванд Фаттоев Р. ба гарав гузошта аз ӯ 24300 доллари амрикоӣ қарз гирифта ва ҳамаи ин пулро барои таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ карда ва пулу санадҳои хонаро барнагардондааст.

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯянд, барои иттиҳомоте, ки алайҳи диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон эълон кардаанд, далелҳои зиёде доранд. Ба қавли онҳо, Муаттара Ҷӯраева моҳи январи соли 2013 аз шаҳрванд Юсупов Ш.А. низ бо баҳонаи пардохти қарзҳояш 5 000 доллар мегирад ва онро то ҳол барнагардондааст:

“Барои амалӣ намудани нияти ҷинояткоронаи худ Ҷӯраева охиринро бовар кунондааст, ки дар шабакаи телевизионии “Пойтахт” барномаеро роҳандозӣ намуда истода, баъдан аз ҳисоби маблағҳои тавассути он барнома ба дастовардааш қарзи гирифтаашро медиҳад. Вале... аз баргардонидани маблағи мазкур қасдан саркашӣ намуда истодааст."

Муаттара Ҷӯраева, инчунин, барои гирифтани қолинҳо аз яке дӯконҳои бозори “Султони Кабир” ба маблағи 3 ҳазору 370 доллар муттаҳам мешавад. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар муҳокимаи Муаттара Ҷураева, 21 ҷабрдида ҳузур доранд. Қарор аст, ҳукми ӯро то охири ҳамин ҳафта эълон кунанд.

Модараш Олиябону Ҷӯраева, мегӯяд, ин иттиҳомот беасос аст ва духтараш аз касе қарздор нест. Муаттара Ҷӯраева, ки солҳои зиёд дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ ё диктор кор кардааст, соли 2005 яке аз муддаиёни курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ашт буд, аммо дар даври дувум шикаст хӯрд. Баъд аз нокомияш барои дарёфти курсии вакилӣ Муаттара Ҷӯраева аз саҳнаи телевизион ҳам канор рафт ва чанд муддат ба чопи маҷаллаи муҷаллои “Ҷаҳоннамо” машғул буд.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик -- Рустам Ҷӯраев - таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 иловатан факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст.

Ӯ соли 2000, вақте 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд. Ӯ барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG