Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филму мустанадҳо - василаи дигари мубориза бо терроризм?


Маъракаи мақомот дар амри мубориза бо ифротгароӣ ва майли ҷавонон ба созмону ақидаҳои ифротӣ, ки дар гузашта бештар бо сӯҳбату мулоқотҳо маҳдуд мешуд, ҳоло бо намоиши филмҳои мустанад оид ба таҳдидҳои терроризму экстремизм идома пайдо кардааст.

Дар чанд ҳафтаи охир дар манотиқи мухталифи вилояти Хатлон дар миёни сокинони маҳаллӣ, ба вижа мардони ҷавону миёнасол филмҳои мустанади сохтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Ҷавонони огоҳ аз фанновариҳои навин ва интернет бештар ба мубаллиғони мавҷуда дар фазои маҷозӣ бовар мекунанд, ки аз ноадолатиҳои иҷтимоӣ, набуди озодиҳои сиёсӣ, кору даромад ва маҳдудиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳарф мезананд, чизе, ки шояд дарди бисёре аз тамошобинҳои ин филмҳоро инъикос мекунад.

Дар соатҳои пеш ё баъди намоз ба гурӯҳи сокинони деҳоту русто дар як хона ё маҳфиле тавассути СД-дискҳо мустанадҳое аз даҳшати ҷангҳо дар Ховари Миёна, хушунатҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», нақли шоҳидону наздикони ҷангиёни ифротӣ ва мавқеи давлат намоиш дода мешавад.

Мақомот мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 2014 Тоҷикистонро беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар, аксаран мардон тарк карда дар қаламравҳои Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» пайвастанд. Наздики 500 нафари онҳо кушта шуданд. Вале аз назари бархе нозирон, ҳодисаи охири моҳи июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара кушта шудани чор сайёҳи хориҷӣ, ки масъулияти ин ҳамларо аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтанд, нигаронии мақомотро аз пайвастшавии ҷавонон ба ин гурӯҳ амиқтар кард.

Тамошобини филмҳо - кишоварзон, беморон ва намозгузорон

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, мустанадҳои зидди ифротгароӣ ба сокинон дар соатҳои фориғ аз кори саҳро, бо беморону пизишкон дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳо намоиш дода мешаванд.

Марям Шарифзода, муовини бахши идеалогияи ҳукумати ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рӯзи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аввал ин филмҳоро дар миёни мардум, хусусан роҳбарияти ҳукумати навоҳӣ намоиш дода, сипас ба дурдасттарин деҳот бурдаанд:

"Пештар дар миёни кормандони мақомот намоиш дода шуд ва баъдан дар деҳот ба мардум низ. Филмҳое ҳаст, ки терроризу ифротгароиро маҳкум мекунад. Бояд ҳама донад, ки террористро инсон гуфта намешавад, онҳо як хоин ҳастанд ва инро бояд насли ҷавон фаҳмад ва аз намоишаш огоҳ шавад. Намоиш медиҳем, ки мисли инҳо нашавед, чун онҳоро садқаи номи тоҷику садқаи Тоҷикистон кунад".

Панҷ ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон аст
Панҷ ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон аст

Яке аз филмҳое, ки дар байни мардум намоиш дода мешавад, "Бозгашт аз ҷаҳаннам" ном дорад. Дар ин филм мақомоти интизомӣ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро мавриди интиқод қарор додаанд. Ҳизбе, ки соли 2015 дар паи ошӯби мусаллаҳе мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд, ин иттиҳомот комилан рад мекунад. Мақомот ахиран гуфтанд, ки ҳамлаи террористӣ ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳам кори дасти аъзои ин созмон аст, ки зери пӯшиши “Давлати исломӣ” амал мекарданд. Вале ин иттиҳомро ҳам аъзои ҳизб қабул надорад ва ин айбмониҳоро берун аз мантиқ мехонад.

Ҳандулло чӣ фаҳмид?

Ҳандулло, як омӯзгори 30-солаи мактаби миёнае дар ноҳияи Кушониён шаби 2 ба 3-уми сентябр баъди тамошои ин филм гуфт: "Як нафаре, ки пушаймон шуда баргаштааст, ба мардуми Тоҷикистон мегуфт, ки ҳушёр бошанд ва ба роҳе, ки ӯ тай кардааст, нараванд”.

Маҳмадӣ Шарипов, як масъули ҷамоати дурдасти "Машъал"-и ноҳияи Вахш гуфт: "Баъди ҳодисаи моҳи июл вохӯриҳо барои пешгирӣ аз амалҳои террористӣ бештар шудааст. Ҳоло ба намоиши филмҳо шурӯъ кардем".

То ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ аксар мақомот аз маъракаи сӯҳбату мулоқот бо мардуми оддӣ дар деҳоту навоҳии дурдаст ҳамчун василаи муассири ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷавонон истиқбол мекарданд. Вале ба қавли коршиносон, вақте ҳамлаи мудҳиш дар хоки Тоҷикистон сурат гирифту омилони ин ҳамла дар навори видеоии савгандёдкунии ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” зоҳир шуданд, нигаронӣ аз роҳ ёфтани ақидаҳои хатарзои террористӣ дар дохили Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ин ҳодиса бонги изтиробе шуд, ки шояд методҳои муборизаи мақомот бо ифротгароӣ замонавӣ нест ва бо қолабҳои қадима пеш меравад. Ҷавонони огоҳ аз фанновариҳои навин ва интернет бештар ба мубаллиғони мавҷуда дар фазои маҷозӣ бовар мекунанд, ки аз ноадолатиҳои иҷтимоӣ, набуди озодиҳои сиёсӣ, кору даромад ва маҳдудиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳарф мезананд, чизе, ки шояд дарди бисёре аз тамошобинҳои ин филмҳоро инъикос мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG