Дар давоми соли 2014-и мелодӣ Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ зиёда аз 1000, дақиқтар гуфта шавад, 1096 гузориши видеоӣ омода ва нашр кард. Ҳамаи ин наворҳо дар сафҳаи Озодӣ дар шабакаи Ютюб низ нашр шуданд. Бино бар арқоми ин шабака ҳоло 5 навореро, ки беш аз ҳама бинанда доштаанд, бароятон пешниҳод мекунем.
Ёдовар мешавем, ки барномаи таҳлилии “Военкомате, ки тоҷиконро ба Сурия мебарад” навори рекордии барномаи “Чашмандоз” буд, ки наздик ба 145 ҳазор дафъа дида шудааст.
Наворҳои дигар низ ба мавзӯъҳои ҷолибу хотирнишин бахшида шудаанд. Агар видеои дӯстдоштани Шумо дар ин феҳраст нест, луфтан, дар бораи он дар гӯшаи шарҳу назарҳо ақидаи хешро баён намоед.