Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия хешовандони аъзои GTA-ро меҷӯяд. САДО


Баъди куштори чор узви ГТА дар дохили лифти додгоҳи вилоятии Маскав
Баъди куштори чор узви ГТА дар дохили лифти додгоҳи вилоятии Маскав

Додгоҳи вилояти Маскав наздикону пайвандони аъзои гурӯҳи ҷиноии мавсум ба “GTA”-ро, ки дар ҳодисаи рӯзи 1-уми август дар бинои ин додгоҳ ба ҳалокат расиданд, ҷустуҷӯ дорад.

Чор узви ин гурӯҳи нӯҳнафара, ки аксар аъзояш шаҳрванди Тоҷикистон ваё тоҷиктабор мебошанд, пас аз мурофиаи додгоҳӣ ҳангоми интиқол ёфтанашон аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққат дар дохили лифти ин додгоҳ ба ду посбон ҳамла карда силоҳҳои онҳоро мусодира карданд.

Дар натиҷаи тирпаронӣ се узви гуруҳ – Холиқ Субҳонов, Абумуқим

"Инҳо афроде нестанд, ки ба онҳо раҳм карда шавад". Дар ҷасади бархе қурбониҳо то 20 захми корд ошкор шудааст

Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов дар ҷои ҳодиса ва Фазлиддин Ҳасанов дар бемористон ҷон доданд. Ҳар як боздоштшуда бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин, назири куштор, қасд ба куштор, ғоратгарӣ, ҳамла, истифодаи силоҳ ва ташкили иттиҳоди ҷиноӣ дар қаламрави Русия айбдор мешуданд. Дар натиҷаи тирпаронӣ ду нафар посбонҳои “Росгвардия” – горди миллии Русия низ захмӣ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд.

Додгоҳи Русия хешовандони аъзои GTA-ро меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
Линки мустақим

Гурӯҳе, ки бо бераҳмии хос ном баровардааст

Ин гумонбарон дар солҳои 2014-2015 боздошт шуда мурофиаи ҷиноии онҳо дар додгоҳ як соли охир идома дошт. Замони фаъолиятҳои ҷиноии ин гурӯҳи муташаккил тахминан се солро дар бар мегирад. Тафтишот мегӯяд, аъзои «бандаи ГТА», ки асосан дар шоҳроҳи М4 “Дон” амал мекарданд, дар маҷмӯъ дар 17 куштори бераҳмонаи мусофирону ронандагон дар ин шоҳроҳ ва гирду атрофи он айбдор мешаванд.

Овозаи бераҳмиҳои ин гурӯҳ на танҳо барои сокинони Русия, балки барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҳам маълум аст. Як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, "инҳо афроде нестанд, ки ба онҳо раҳм карда шавад". Дар ҷасади бархе қурбониҳо то 20 захми корд ошкор шудааст.

Мурофиа баъди се ҳафта аз сар гирифта шуд

Наталя Осипова, раҳбари дафтари матбуоти Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 23-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҳодисаи куштор дар дохили лифт, додгоҳ муҳокима панҷ узви дигари ин гурӯҳ рӯзи 22-уми август дар ҳамин додгоҳ аз сар гирифта шуд.

Ӯ гуфт: «Дар мурофиа додситон аз додгоҳ дархост кард, ки муҳлати боздошти чор нафар - Ҳазратхон Субҳонов, Зафарҷон Ғуломов, Шерҷон Қодиров, Умар Ҳасанов то санаи 28-уми декабри соли 2017 тамдид шавад. Ҳамчунон додгоҳ муҳлати ҳабси Холиқ Субҳонов, Фазлидин Ҳасанов, Абдумуқим Мамадҷонов, Мирзомавлон Мирзошариповро бинобар фавташон бекор намуд”.

Осипова афзуд, дар мурофеаи додгоҳӣ танҳо наздикони яке аз нафарони фавтида дар ҳодисаи тирпаронӣ ҳузур дошт ва ба ӯ ҳаққи аз сардхона гирифтани ҷасад дода шуд. Ба гуфтаи Осипова, наздикони се фавтидаи дигарро додгоҳ ҳанӯз ҷустуҷӯ дорад.

Додгоҳ дар мурофеаи охир дар нисбати Ҳазратхон Додохонов ташхиси иловагии тиббиву руҳӣ таъин кардааст. Чунки Додохонов ҳини тирпаронӣ аз ноҳияи сар осеб дида “додгоҳ мехоҳад бидонад, ки вазъи равонии ӯ чӣ гуна аст”, гуфт Осипова.

"Домодам тоҷири бозори Садовод буд"

Аз миёни кушташудагон дар тирпаронии дохили додгоҳи Маскав танҳо хушдомани Мирзошарипов дар мурофеаи додгоҳӣ ҳузур доштааст. Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ хушдомани Мизошарипов, ки худро Маърифат ном бурд, гуфт то замони боздошт аз фаъолиятҳои домодаш Мирзомавлон ҳеҷ иттилое надошт:

“Ба мо мегуфт, ки дар бозори Садоводи Маскав ба савдо машғул аст, ман дигарашро намедонам”. Хонум Маърифат дигар нахост дар ин бора сӯҳбта кунад.

Аз ҳақи айбдоршавандаҳо 8 адвокати давлатӣ, ки аз ҷониби додгоҳ таъйин шудаанд, ҳимоят мекунанд. ​Абубакар Минаев, ягона вакили дифои кирояи аъзои гуруҳи GTA дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Таваҷҷуҳи зиёди матубот ба ин парвандаи боиси пайдо шудани ривоятҳои зиёде дар мавриди ин нафарон шудаст, ки воқеият надорад.

Аммо айни замон ҳар иттилое, ки мо дар марвиди ин нафарон диҳем, бар зидди онҳо тамом мешавад. Аз ин рӯ, ман аз додани иттилоъ худдорӣ мервазам. Танҳо як чизро мегӯям, ки он чизе, ки матбуоти Русия дар ин бора менависад, асос надорад. Ҳоло барои идомаи муҳокимаи ин парванда ба мо сарусадо неву оромӣ зарур аст, то ин парванда одилона баррасӣ шавад”.

Парвандаи “бандаи GTА” аз пурсарусадотарин парвандаҳои солҳои охир дар Русия ба шумор меравад. Исми гурӯҳ аз номи бозии компютерии Grand Theft Auto (GTA) гирифта шудааст ва ин номро матбуоти Русия ба гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Аксар ҷиноятҳои худро гурӯҳи ҷиноии GTA бо истифода аз як дастгоҳи оҳании хордори маъруф ба «куриная лапа» шурӯъ мекарданд. Ин дастгоҳ хорҳои оҳание дорад, ки ба ҳангоми аз болояш гузаштани мошин, чархҳояш мекафанд. Мошин меистад ва аъзои даста ба ронанда ҳамла карда баъди қатли ӯ молу ашёи ӯро ба яғмо мебурданд. Ҷасади кушташудаҳоро маъмулан дар ҷангал пинҳон мекарданд.

Наталя Осипова мегӯяд, аз гуруҳи 9-нафари GTA панҷ нафарашон - Зафар Ғуломов, Хазратхон Додохонов, Шерҷон Қодиров, Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Пуштибони қавӣ дар сохтори прокуратура

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, гурӯҳи ҷиноӣ моҳи марти соли 2012 дар вилояти Маскав аз сӯи шаҳрванди узбактабори Қирғизистон Убайдулло Субҳонов таъсис шудааст. Худи Субҳонов ҳамроҳи бародараш Умар, ки бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон бо номи Исмоилов дар Русия гашту гузор дошт, дар бӯстонсарои Сергей Староверов – сардори раёсати корҳои додситонии кулли Русия зиндагӣ мекард. Баъди ошкор шудани ин ҳодиса, Староверов аз мақомаш истеъфо дод ва дар ҷараёни тафтишот ба ҳайси шоҳид дар ин павранда бозпурсӣ шудааст.

Бо вуҷуди он ки матбуоти Русия фарзияҳои гуногунро дар мавриди ангезаҳои ҳамлаву қатлҳои бераҳмонаи дастаи ҷиноӣ нашр кард, Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ҳадафи ин гурӯҳ танҳо ғоратгарӣ буд.

XS
SM
MD
LG