Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон. Мардум соҳиби хона мешаванд, ё хона ба дӯш?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баҳраи, ба гуфтаи вакилони тоҷик, аз ҳад зиёди қарзҳои ипотекӣ ё қарз барои хариди манзил ва мушкили дастрасии сокинон ба он аз мавзуъҳое буд, ки охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи порлумони Тоҷикистон баҳсҳоро ба вуҷуд овард. Вакилон пешниҳод карданд, ки дарсади қарзи ипотекӣ то 6 ё 7 дарсад поин оварда шавад. Мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, ин кор ғайриимкон аст.

Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, гуфт, бар асоси маълумоти расмии Бонки Миллӣ, баҳраи қарзҳои ипотекӣ беш аз 21 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин ҷаласа бархе аз вакилони порлумон хитоб ба Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллӣ гуфтанд, баҳраи баланди қарзҳои ипотекӣ боис шудааст, афроди ниёзманде, ки мехоҳанд бо гирифтани ин намуди қарз соҳиби хона шаванд, ба он дастрасӣ надоранд.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон ва раиси ҳизби сотсиалист, гуфт, ҷавонҳое, ки ба хотири соҳиби манзил шудан қарзи ипотекӣ мегиранд, бинобар баҳраи хеле баланд ба мушкилиҳои зиёд гирифтор мешаванд. Баргардонидани дарсади қарзи ипотекӣ яке аз мушкилиҳоест, ки ба назари Ғаффоров сокинонро нигарон кардааст.

Дар пайи нигарониҳо аз боло будани қарзи ипотекӣ, Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки Миллӣ гуфт, барои бо баҳраи паст додани қарзи ипотекӣ ташкилоти қарзии кишвар бояд манбаъҳои қарзӣ ва сармоя дошта бошанд. "Масъалаи фоизи қарзҳои ипотека чанд дафъа бардошта мешавад. Чанд бор пешниҳод шуд, ки баҳраи қарзҳои ипотекӣ бояд 5-6 дарсад бошад, вале ба ин миқдор паст намешавад. Барои бо баҳраи 6 дарсад додан ташкилоти қарзӣ манбаъҳои қарздиҳӣ бояд дошта бошанд ва сармоя ҷалб кунанд," -- шарҳ дод ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба Ҳамидулло Машрабзода гуфт, қарзи ипотекӣ дар кишварҳои дигар 5-6 дарсад ва дар бадтарин ҳолат 7 дарсад аст ва дар Тоҷикистон набояд фоизи ин намуди қарз зиёд бошад. Зуҳуров аз муовини раиси Бонки Миллӣ хост, аввал вазъи молии бонкҳоро беҳтар кунанд ва дар мавриди кам кардани фоизи қарзи ипотекӣ чора андешанд.

"Мо қонунҳоро барои мардум бояд қабул кунем, ки ягон фоида бинанд, онҳо имконияти ипотека гирифтан дошта бошанд ва баргардонида тавонанд, соҳиби хона шаванд. Қарзе, ки ҳоло дода мешавад бо фоизҳои баланд аст", -- афзуд ӯ.

Муовини раиси Бонки Миллӣ ба баъзе пурсишҳои вакилони Маҷлиси намояндагон посухи дақиқ надод ва таъкид намуд, ки феълан дар мавриди ипотека баъзе оморро рӯйи даст надорад. Раиси Маҷлиси намояндагон ба ӯ гуфт, "Шумо бирасонед, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин бора маълумоти қаноаткунанда надоранд. Ин кор чӣ хел ба роҳ монда шудааст ва чӣ хел мешавад."

Бо таваҷҷуҳ ба мушкили дастрасӣ ба қарз ва механизми номукаммал дар низоми пешниҳоди қарзи ипотекӣ чанде аз вакилони Маҷлиси Намояндагон иброз доштанд, ки аз қабули қонун дар бораи ипотека беш аз 10 сол мегузарад, вале он дуруст мавриди истифода намешавад.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, мавзӯи дастрасӣ ба қарзи ипотекӣ воқеан ҳам боис ба нигаронист ва бо маоше, ки феълан сокинон дар Тоҷикистон мегиранд, наметавонанд ипотека бигиранд. Ӯ гуфт, дигар кишварҳои дигар ниёзмандон бо гирифтани қарзи ипотекӣ мушкили худро ҳал мекунанд, вале дар Тоҷикистон аксари сокинон дар бораи ин намуди қарз ҳатто маълумот надоранд.

Ӯ таъкид кард, ки дар кишвар фоизи қарзи ипотекӣ баланд аст, бино бар ин онҳое, ки аз вуҷуди ипотека хабардор мешаванд, бо далели мувофиқат накардани даромади моҳонаашон ба пардохти фоизи қарзи он аз дастрас намудани ипотека худдорӣ мекунанд.

Баҳсҳо атрофи қарзи ипотекӣ дар порлумон замоне садо дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун "Оид ба ворид намудани тағӣиру иловаҳо ба қонун дар бораи ипотека"-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин санад, ки ба қавли Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллӣ барои ҳалли баҳсҳо миёни қарздеҳу қарзгир дар мавриди ипотека пешбинӣ шудааст, аз сӯи вакилон қабул гардид. Бо қабули ин лоиҳаи қонун, минбаъд муштариёне, ки қарзи ипотекӣ дастрас мекунанд, дар ҳолатҳои иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар назди бонк ё сар задани дигар баҳсҳо, метавонанд, амволи ба гарав гузоштаро бидуни қарори додгоҳ ба фурӯш гузошта, баҳсҳои молии ба миён омадаро ҳал намоянд.

Дафтари матбуотии Бонки миллӣ мегӯяд, феълан шумораи онҳоеро ки қарз барои хариди манзил гирифтаанд, рӯи даст надоранд, зеро то ҳол аз ташкилоти қарзӣ чунин омор пешниҳод нашудааст. Ин ниҳод мегӯяд, соли 2018 бонкҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 129 милион сомонӣ "ипотека" додаанд.

XS
SM
MD
LG