Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангу афюну ҳероин кам буд? Мусодираи беш аз 5000 ҳаби экстазӣ


Мақомоти Тоҷикистон аз мусодираи беш аз 5000 ҳаби экстазӣ хабар доданд, ки дар соли ҷорӣ бесобиқа будааст.

Дар дохили ошхонаи “Ҳоҷиён” дар бозори “Саховат”-и Душанбе ва аз манзили як қочоқбар 5418 дона ҳаб (таблетка)-и мадҳушкунандаи экстазӣ кашф ва мусодира шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бузургтарин миқдори ҳабҳои экстазӣ аст, ки дар соли 2015 дар ҳудуди Тоҷикистон мусодира шудааст.

Ҷаноби Раҳматуллоев гуфт, кормандони зудамали оҷонсӣ бо ошкор шудани нафари ҳабфурӯш рузи ҷумъаи гузашта ӯро дар дохили ошхонаи бозори "Саховат" ҳангоми фурӯши маводи мухаддир боздошт карданд.

Ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни тафтишот ва барои ошкор кардани ҳамкорони афроди боздоштшуда номи насабу ӯ ифшо нашудааст.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, кормандони ин ниҳод худро ҳамчун харидори ҳабҳои экстазӣ муаррифӣ намуда, як марди 46-сола аз ноҳияи Рудакиро бо борхалтаи ҳомили 3 587 ҳаби “экстазӣ” боздошт карданд.

Мусодираи экстазӣ бо арзиши 80 ҳазор доллар дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Баъдан мақомот дар манзили зисти ҳабфурӯш,аз дохили мошини дарздӯзӣ қариб 2 ҳазор ҳаби дигар дарёфт кардаанд.

Сокини ноҳияи Рудакӣ қасд доштааст, ин миқдори зиёди ҳабҳои экстазиро дар дискотекаҳо ва муассисаҳои дилхушии пойтахт ба савдо занад.

Феълан сокини ноҳияи Рудакӣ дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигаҳдорӣ шуда ва шӯъбаи тафтишотӣ зидди ӯ ба иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон - манбаи асосии тавлиди афюну ҳероини дунё - 1370 километр марзи мустақим дорад, як масири қочоқи ин ду навъи маводи мухаддир шинохта мешуд. Соли гузашта дар ин кишвар тақрибан дувуним тонна маводи мухаддир, аксаран афюну ҳероин ва банг, кашф ва мусодира шуда буд.

Аммо дар солҳои охир аз ин кишвар ҳарчӣ бештар дар бораи кашфу мусодираи маводи мухаддири синтетикие, ба мисли экстазӣ ва спайс гузоришҳо ба даст мерасанд.

XS
SM
MD
LG