Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ хоҳад шуд? - пурсиши аввали мардум дар Душанбе (2 ВИДЕО)


Зиреҳпӯш ва милисаҳои мусаллаҳ дар посгоҳи Чорбоғ
Зиреҳпӯш ва милисаҳои мусаллаҳ дар посгоҳи Чорбоғ

Сарусадоҳо дар атрофи даъватҳо ба намоиши эътирозӣ дар Душанбе ва тақвияти тадобири амниятӣ аз тарафи мақомот бисёре аз сокинони пойтахти Тоҷикистонро дар лобалои ташвишу нигаронӣ андохтааст.

Сокинони Душанбе, қатъи назар аз он ки ба баргузории гирдиҳамоии норозиён дар ин шаҳр бовар доранд ё на, аз вазъи феълӣ як андоза нороҳат ва асабониянд.

Баъзе аз сокинони Душанбе масири ҳаракати худро дар шаҳр барои рӯзи 10-уми октябр ба гунае сохтаниянд, ки аз марказ нагузарад, вале бархеи дигар мегӯянд, маҳз аз марказ гузар хоҳанд кард, то бубинанд, “митинг мешавад ё на?” Бархе аз падару модарон ҳайронанд, ки фарзандонаш рӯзи 10 октябр ба мактаб раванд ё на, аммо маъмурияти донишгоҳҳо гуфтаанд, донишҷӯёне, ки рӯзи 10-уми октябр ба дарс намеоянд, аз ҳаққи идомаи таҳсил маҳрум хоҳад гашт.

Шиддат гирифтани чораҳои амниятӣ дар Душанбе ва атрофи он бо намудор шудани маъмурони мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо, хабари созмони тундрав унвон шудани “Гурӯҳи 24” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пасманазари баста шудани як қатор сомонаҳои интернетӣ фазоеро ба миён овардааст, ки баъзе шаҳрвандон онро “воҳима дар атрофи ҳеч чиз” меноманд. Онҳо мегӯянд, овозаҳои гирдиҳамоиро 10-15 нафаре ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд ва ҳукуматро намебоист ба ин даъватҳо вокуниши беш аз ҳад нишон медод.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Аммо таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар бораи ин “посухи нобаробар” мегӯяд, “ҳукумати Тоҷикистон эҳтимол дар мавриди ҳаракати “Гурӯҳи 24” маълумотеро дар даст дорад, ки мо онро намедонем. Мантиқан хадамоти махсус маълумотеро дар мавриди пуштибонии ин гурӯҳ аз сӯи ягон давлати пурқудрати хориҷӣ дар даст доранд, ки ба якборагӣ шеваи муносибаташонро ба ин гурӯҳ дигар кардаанд.”

Ҷаноби Муллоҷонов афзуд, ҳарчанд аъзо ва ё тарафдорони “Гурӯҳи 24” ё Эътилофи мухолифони “Тоҷикистони нав” амалан дар дохили кишвар ҳузури воқеӣ надоранд, бо истифода аз интернет даъватҳое карданд, ки мақомот дар онҳо нишонаҳои экстремизмро дидаанд.

Рӯзи 9 октябр Додгоҳи олии Тоҷикистон расман фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ кард. Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни қироати ҳалномаи Додгоҳи олӣ гуфт: “Ҳаракати ҷамъиятии “Гурӯҳи 24” ташкилоти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф ва фаъолияташ манъ карда шавад. Сомонаҳои интернетии “Гуруҳи 24” чун васоити ахбори омма баста шавад. Ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои “Гурӯҳи 24” манъ карда шаванд.”

Манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Хонум Ҳакимова дар идомаи суханронии хеш гуфт, масъулони "Гурӯҳи 24" метавонанд дар зарфи як моҳ аз ин ҳалнома ба додгоҳ шикояти истинофӣ баранд. “Рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳое, ки ба далели фаъолиятҳои ифротиву иртиҷоӣ фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст, дар ҳоли ҳозир 12 созмон, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ихвонулмуслимин ва ҳизби Тоҷикистони озоди сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷоновро дар бар мегирад.

Мамнӯъ эълон шудани фаъолияти “Гуруҳи 24” дар Тоҷикистон пас аз даъватҳои роҳбари ин ҳаракат барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон иттифоқ афтод. Тарафдорони Умаралӣ Қувватов рӯзи 8 октябр аз номи “Эътилофи нерӯҳои оппозитсия “Тоҷикистони нав” дар як баёния сабабҳои ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон даъват кардани мардумро шарҳ доданд.

Акс аз Facebook
Акс аз Facebook

Ин гурӯҳи то ҳол ноошнои мухолифи ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бекории саросарӣ, ба 2 миллион расидани шумори муҳоҷирони тоҷик, ба зиндон андохта шудани тарафдорони оппозисиюн ва табиати авлодӣ гирифтани ҳукуматро аз ҷумлаи кӯтоҳиҳои ҳокимони кунунии Тоҷикистон баршумурда, гуфтааст, онҳо “барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, демокросӣ, ҳуқуқи инсон ва таъсиси як ҳукумати фарогири воқеъан миллӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон” вориди мубориза шуда, ҳар навъ оқибати эътирозҳо дар Тоҷикистонро ба дӯши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегузоранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин дар паcманзари даъватҳо ба гирдиҳамоӣ "хотиррасон" кардааст, ки дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе видеокамераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, ки бар иловаи шумораи зиёди кормандони милиса барои хизмат дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳаллаҳои пойтахт, тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе зери назорати дастгоҳҳои мушоҳидавии наворбардорӣ ҳастанд.

Тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар посгоҳҳои атрофи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти аксарияти донишгоҳҳо ба донишҷӯён гуфтаанд, ки рӯзи 10 уми октябр ҳатман ба дарс ҳозир шаванд ва то соати 5-и бегоҳ дар донишгоҳ боқӣ монанд. Айни ҳамин гуна дастур ба мактабачаҳои синфҳои болоии пойтахт низ дода шудааст. Танҳо мувофиқи ин дастур, хонандагони мактаб бояд то соати 4-и бегоҳ дар мактаб боқӣ бимонанд. Ин нуктаро ҳадди ақал панҷ нафар аз муҳассилини мактабҳои миёнаи пойтахт ва донишгоҳҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд.

Зимнан бархе аз соҳибназарон мегӯянд, якбора шадид кардани тадобири амниятӣ ва истиқрори зирепӯшҳо дар атрофи шаҳр аз даъвати мунтақидони ҳукумат дида, мардумро бештар ба ташвиш андохтааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: ”Мо, тоҷикҳо, як мақол дорем. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳам аз ин шева кор гирифтанд ва баҳри ҳифзи назму тартибот чораҳои амниятии бештар андешиданд. Интернет ҳоло як воситаи муассири таъсиррасонӣ ба афкори умум шудааст ва набояд фаъолиятҳои “Гурӯҳи 24” тариқи он нодида ё кам гирифт. Бубинед, ки як ҳафта қабл тазоҳурот дар Ҳонгконг низ маҳз тавассути интернет роҳандозӣ шуд.“

Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ки дар гузашта раҳбарии ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт ва чанд соҳаи дигари тиҷорати Тоҷикистон муваффақи “Фароз” ва “Тоҷирон”-ро бар дӯш доштанд, дар тобистони соли 2012 тарки ин кишвар карда, созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд.

Онҳо иддао доранд, ки ширкатҳояшонро Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол алайҳи ҳарду бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд. Умаралӣ Қувватов дар поёни соли 2012 дар Дубай ва Шарофиддин Гадоев тобистони имсол дар Мадрид бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале додгоҳҳои Имороти Араб ва Испания аз супурдани онҳо ба дасти мақомоти Тоҷикистон худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG