Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзе, ки аз мансаб рафтам, дӯстонам якбора нопадид шуданд..."


Аксари мансабдорон ё сарватмандони тоҷик мегӯянд, ки онҳо танҳо баъди канор рафтан аз мақом дӯстро аз душман фарқ карданд.

Аксари мансабдорон ё сарватмандони тоҷик мегӯянд, ки онҳо танҳо баъди канор рафтан аз мақом дӯстро аз душман фарқ карданд. Онҳое, ки як замон соҳибмансаб ва сарватманд буданд ва аз зангҳои телефонии ёру дӯстон халосӣ надоштанд, ин воқеиятро таҷруба кардаанд, ки баъди сабукдӯш шудан аз мақом ва ё кам шудани дороӣ, қариб ҳамаи дӯстону ҳамнишинонро аз даст доданд. Яке аз намунаҳои ин ҳолат -- хонаводаи Ғаффор Мирзоев аст.

Як мақомдори собиқ, ки хоҳиш кард аз ӯ ном набарем, мегӯяд, рӯзе, ки ӯро аз вазифа гирифтанд, телефонаш аз занг задан монд ва онҳое, ки бе ӯ наҳор намехӯрданд, якбора нопадид шуданд. “Мардум вақте шуморо суроғ мекунанду эҳтиром мекунанд, ки вазифа дошта бошед, вақте аз кор рафтед, гапзании хонавода ҳам бо шумо дигар мешавад,”- мегӯяд ӯ бо ханда.

Оиша Мирзоева, хоҳари фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва раиси собиқи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, аз галаи ёру дӯстони бародараш, ки бо ҷурми хиёнат ба ватан барои якумр зиндонӣ шудааст, қариб касе намондаст.

Ҳоло азизтарин нафари ин зиндонии якумрӣ хоҳараш Оиша Мирзоева аст, ки дар мӯҳлати муқарраршуда ба дидани бародараш ба маҳбас меравад. Ӯ мегӯяд, муносибати як гурӯҳ атрофиён баъди ҳабси Ғаффор комилан дигар шуд. Чандин сол худи Оишаро низ ба баъзе маъракаҳо

Оиша Мирзоева
Оиша Мирзоева

даъват намекарданд. “Одам, ки дар пастӣ зад, ҳамаро мешиносад”, мегӯяд ӯ ва меафзояд, “дар 11 сол як чизро дарк кардам. Одамони зиёде ҳастанд, ки агар мансабу пул дошта бошӣ, “апаҷон” гуфта гирдат давр мезананд. Аз мансаб, ки рафтӣ, агар дар кӯча бинанд, рӯяшонро дигар ҷониб мегардонанд. Одамоне ҳастанд, ки хурсандӣ карда мегуфтанд: «хуб шуд». Аммо нафароне низ ҳастанд, ки мегӯянд Ғаффор инсони хуб аст. Як вақт барои Ғаффор зиндон хӯрок мебурдам. Пуле надоштам ба таксист диҳам. Вақте таксист пурсид, «Ин қадар хӯрокро куҷо мебарӣ?», - гуфтам, барои фалонӣ, пуламро нагирифт. Гуфт, хубиҳои Ғаффор ба мо расидааст”.

Оиша Мирзоева, ки дар гузашта дар мақомҳои раҳбарикунанда ҳам кор кардааст, мегӯяд, аввалин бор пас аз панҷ соли боздошти Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи ноҳияи Восеъ Султон Валиев ӯро ҳам дар қатори занҳои дигари маҳаллӣ барои таҷлили Иди занон – 8 март даъват карда буд. Баьзе сарватмандони собиқ аз таҷрибаи худ мегӯянд, ки даврони тиллоии умри инсон замонест, ки на сарватманд бошӣ на бебизоат.

Давлаҳмад Саидов, раиси бозори “Саховат”-и Душанбе ва собиқ раҳбари заводи пахтатозакунии ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳам вакили

Давлаҳмад Саидов
Давлаҳмад Саидов

парлумони Тоҷикистон дар солҳои 2000-ум мегӯяд, ҳар касе аз мансаб меравад, мегӯяд: “Нав дӯстро аз душман фарқ кардем. Мансабу пул надошта бошӣ касе суроғат намекардааст”.

Давлаҳмад Саидов мегӯяд, баъзе аз онҳое, ки дар вақти мақомдориаш бештар суроғаш мекарданду эҳтиром нишон медоданд, муносибатро бо ӯ қатъ кардаанд. Аммо Давлаҳмад Саидов мегӯяд, ки аз касе намеранҷад, шояд худаш дар куҷое хато карда бошад. “Аврупоро намедонам, аммо дар Тоҷикистон ҳар касе сари вазифа аст, мардум ӯро зиёд бологузар мекунанд.

Шояд табиати мардум ҳамингуна бошад. Вақте дар мансаби болотар кор мекунӣ, мавриди таваҷҷӯҳи бештар ҳастӣ. Дар мансаби паст бошӣ, таваҷҷӯҳ камтар аст. Яъне, дар мансаби болотар бошӣ, нафарони атрофат ҳам зиёдтар аст”. Давлаҳманд Саидов мегӯяд, ченаки асосӣ дар зиндагӣ барои бисёриҳо пул шудааст. “Инсонро бо пул чен мекунанд. Бо пул баҳо медиҳанд, ки ин хато аст. Таъриф нашавад, ман кӯшиш мекунам, ки тағйир наёбам”, - мегӯяд ӯ.

Депутати собиқ мегӯяд, пул ва мансаб ҳирсест, ки дар сурати зиёдаравӣ, «мисли маводи мухаддир одамро ҳатто ба зиндон мекашад». Дар Тоҷикистон барои дақиқ намудани он ки одамон бо нафарони доро ва мансабдор чӣ гуна муносибат мекунанд, ширкат танҳо дар як маърака кофӣ аст. Дар тӯю маъракаҳо дастархони назди одамони сарватманд ва ё мақомдор аз дигарон фарқ мекунад.

Ҳама хӯрокҳои лазизу хос ба назди онҳо бурда мешаванд. Барои онҳо ҳатто дар ҷойҳои махсус дастархон ороста мешавад, то ҳангоми ғизохӯрӣ касе халал нарасонад. Аксари нафарони сарватманд дар навбати худ бо одамони маъмулӣ сари як хон намешинад. Бо ин далел, равоншиносон мегӯянд, азбаски худи одамон ҳангоми мансабдорӣ ва сарватмандӣ бо атрофиён хуб муносибат намекунанд, вақте камбағал шуданд, дигрон низ бо онҳо муносибатро иваз мекунанд.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик мегӯяд, зиёд эҳтиром шудани нафарони сарватманд ба вазъи иҷтимоии ҷомеа бастагӣ дорад. Агар ҷомеа як ҷомеаи сармоягузорӣ бошад, дақиқ кардан душвор нест, ки одамон бо кӣ чӣ гуна муносибат доранд. Ин равоншинос мегӯяд, арзишҳои фарҳангиву тарбия ва муҳити хонаводагӣ омилҳое ҳастанд, ки дар баҳодиҳии шахсиятҳо таъсиргузор мебошанд.

Ба қавли ҷаноби Давлатов, онҳоеро, ки ҳангоми сарват доштан одамро эҳтиром мекунад ва ҳангоми аз даст рафтани дороӣ рӯяшро ҷониби дигар мегардонад, дар равоншиносӣ «одамони дучанда», яъне дурӯя мегӯянд. Ин равоншиноси тоҷик мегӯяд, кам нестанд нафароне, ки инсонро аз рӯи арзишҳои инсонӣ баҳогузорӣ мекунад. Ё гуфтан душвор аст, ки ҳама сарватмандон бо одамон вобаста аз вазъи иқтисодияшон муносибат мекунанд. Дар илми равоншиносӣ низ собит шудааст, ки пул иқтидори деформатсия ё тағйири шахсиятро низ дорад. Бинобар ин, дар миёни мусоҳибони мо, ки замоне ҳам мақому эътибор ва ҳам пулу сарвати зиёд доштанд, ҳастанд нафароне, ки аз он рӯзҳои хуб бо ҳасрат ёд мекунанд.

Ҳикоятулло Раҳматуллои 57-сола, собиқ тоҷир аз водии Ҳисор аст. Вай мегӯяд, замоне хеле сарватманду бой буд ва ҳеҷ мушкиле надошт. Вале рӯзе расид, ки аз ҳамаи ин манзалаташ маҳрум шуд ва якбора обрӯву нуфузашро ҳам аз даст дод. Ӯ имрӯз дар яке аз корхонаҳои обу нӯшокиҳои Ҳисор кор мекунад. Ҳикоятулло Раҳматулло то солҳои 2000-ум тиҷорати калоне дошт, соҳиби 6 фурӯшгоҳи бузурги молу ашё буд ва ҳамеша мехост сарваташ аз ин ҳам бештар шавад.

Эътироф мекунад, ки ҳирси пулу сарват ӯро ба тиҷорати ғайриқонунӣ ҳам бурд ва соли 2000-ум дар шаҳри Самараи Русия ба мӯҳлати 8 сол зиндонӣ шуд. Ӯ танҳо соли соли 2008 ба Тоҷикистон баргашт. “Вақте одам пулдор бошад, ҳама дар пешаш мисли ғуломанд. Таърифат мекунанд. Бе машварати ту коре намекунанд.

Ҳатто ҳамсоя духтару писарашро бе маслиҳати ту оиладор намекунад. Ёд дорам, ки ҳатто аз дигар кунҷи деҳа наздам омада мегуфтанд, ки «ака, фалонӣ ба духтарамон хостагорӣ омадаст, шумо чӣ мегӯед? Ба назари шумо ҳамон одам чӣ хел аст?» Ё «писарамонро барои духтари фалонӣ хостгорӣ равем, зид нестед? Мехоҳем раиси маъракаи мо шумо бошед». Ҳоло дарк мекунам, ки он ҳама эҳтиром ба хотири пул будааст”, - мегӯяд Ҳикоятулло Раҳматулло.

Дар Тоҷикистон онҳое, ки мансаб ва сарват доранд, ба хусус дар навоҳӣ ва рустоҳо, машваратчии асосии аҳли деҳа мебошанд. Ҳарчанд, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, сарват омили хушбахтии инсон буда наметавонад ва мансабу пул низ арзиши инсонро то абад нигоҳ намедорад.

XS
SM
MD
LG