Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашт. Қатли сарроф аз дасти сарроф


Як саррофи “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт аз аслиҳаи оташфишони ҳамкораш кушта шуда, пулис гумонбари аслӣ дар ин кушторро дастгир кардааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сарроф аз тири як ҳамкори худ ва он ҳам аз силоҳи шикорӣ ба қатл расидааст: “18-уми апрели соли равон тахминан соати 17.30 Аминҷон Аминҷонов, сокини ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт, ки аз Фирӯз Эргашев, сокини соҳибкори ин ноҳия қарзи калон дошт, бо силоҳи “ТОЗ -8” мусаллаҳ шуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардан ӯро ба назди корхонаи намаки Ашт даъват мекунад. Баъди ҳозир шудан Аминҷон ба курсии ақиби автомобили “Мерседес”-и Фирӯз нишаста, ба сараш тир холӣ мекунад. Сипас барои рӯпӯш кардани ҷинояташ ба гардани Фирдавс Ҳайдаров, ҷавоне, ки ҳамроҳи Фирӯз омада буд, корд мезанад. Фирдавс фирор мекунад ва аз пасаш Аминҷон ба сӯи ӯ тир холӣ мекунад, вале ба ҳадаф намерасад.”

Фирӯз Эргашев дар бемористони маркази ноҳияи Ашт ҷон дода, вале Фирдавс Ҳайдаров бо захмҳое дар гардану даст таҳти табобат қарор дорад. Ба гуфтаи наздиконаш, ҷароҳатҳои бардоштаи Фирдавс ба ҳаёташ хатарнок нестанд, вале вай баъди дидани манзараи куштори хешовандаш – Фирӯз - дар ҳоли бади равонӣ қарор дорад.

Пулис бо занги Фирдавси зиндамонда Аминҷоновро дастгир кардаанд. Ҳоло ӯ ба куштор айбдор мешавад.
Фирӯз Эргашев 30 сол ва Аминҷон Аминҷонов 34 сол дошта, ҳар ду дар намояндагии “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт ба ҳайси сарроф кор мекардаанд. Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи “Амонатбонк” дар вилояти Суғд хабари кушта шудани саррофи ин бонкро тасдиқ кард, вале гуфт, ин ҳодиса дар нуқтаи саррофӣ рух надода, баъд аз кор сурат гирифтааст ва бо ҷузъиёташ ошно нест.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда, ки нахост номи худро ошкор кунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир додситонии вилоят ва идораи корҳои дохилии Суғд муштаракан тафтиш мебаранд, то “ҳолатҳову сабабу ангезаҳои рух додани ҷиноят”-ро дақиқ кунанд.

Қатли Эргашев нахустин мавриди куштори саррофон ва ходимони бонк дар вилояти Суғд нест. Наздики як сол аст, ки куштори дигари пуровозаи посбони намояндагии “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт нокушода боқӣ мондааст. Миёнаҳои соли гузаштаи 2013 афроди номаълум шабона ба бинои навсохти “Амонатбонк” дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт дохил шуда, посбони онро бо зарба ба сараш зада куштанд. Вале қотилон ба шикастани дари утоқи хазинаву рабудани маблағ даст наёфтанд.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли 2011 дар Хуҷанд ду сарроф падару писар Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо, вақте ки аз дӯкони саррофии худ бармегаштанд, дар назди манзили зисташон дар маркази Хуҷанд аз сӯи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи раёсати корҳои дохилии Суғд, тафтишот омилони эҳтимолии куштори ин ду саррофро маълум намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст. Вале ин гумонбарон ҳанӯз боздошт нашудаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG