Дар паи ҳисоби натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумонии Молдова, ҳеҷ ҳизби сиёсӣ натавонист аксари раъйҳоро ба худ ихтисос диҳад.
- Бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ, ҳизби рӯ ба Русияи сотсиалистии Молдова дар ҷои аввал, баъди ӯ демократҳои рӯ ба Ғарб ва дар мақоми сеюм ҳизби аврупоигарои ACUM қарор гирифтанд.
Интихоботи рӯзи 24 феврал бар асоси системаи нави интихоботӣ баргузор шуд, ки 101 курсии парлумониро ду тақсим карда, бар асоси он 50 курсӣ бар асоси рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 51 курсӣ бар асоси рақобатҳои рӯбарӯ бурда мешаванд. Агар парлумони оянда натавонист дар 45 рӯзи баъди нашри натиҷаҳои расмии интихобот эътилофи ҳукуматиро таъсис диҳад, президент парлумонро пароканда ва таърихи овоздиҳии навро эълон мекунад.
Игор Додон, ки то замони президент шуданаш ҳизби сотсиалистиро раҳбарӣ мекард, рӯзи 24 феврал гуфт, ки хатари дар моҳҳои наздик даъват шудани интихоботи зудраси нав хеле зиёд аст.
Рӯзи 25 феврал дар паи ҳисоби қариб ҳамаи баргаҳои раъй, Комиссиюни маркази интихоботҳо гуфт, ки ҳизби сотсиалист бар асоси феҳристи ҳизбӣ тавонист бештари овозҳоро бубарад ва дар паи он ҳизби ACUM ҷойгир шуд.
Дар ҳоле, ки интихобот дар маҷмӯъ орому бидуни ҳодиса ҷараён гирифт, ҳизби рӯ ба Русия ва нирӯҳои рӯ ба Аврупо ҳизби ҳокими демократиро дар тақаллуб гунаҳгор кард. Майя Санду, раҳбари ҳизби ACUM дар сӯҳбат бо хабарнигорон овоздиҳиро “на озоду одилона ва на демократӣ” унвон кард. Ба гуфтааш, ин интихобот хеле кам ба як интихоботи демократӣ монанд буд.
Комиссиюни интихоботӣ гуфт, ки дар овоздиҳӣ 49 дарсади шаҳрвандони қобили раъй иштирок карданд.
Дар бархе манотиқ овоздиҳандагон гуфтанд, ки онҳоро барои овоздиҳӣ бо автобус оварданд.
Сотсиалистҳову демократҳо ҳамдигарро дар хариду фурӯши овозҳо гунаҳгор карданд. Раҳбари демократҳо Владимир Чеботар нақз шудани қонуни интихоботро эътироф кард, вале айни замон гуфт, ки ин ҳодисаҳо ҷараёни овоздиҳиро халалдор накардаанд. Нахуствазир ва раҳбари парлумон баръакс интихоботро ҳамчун “озод, шаффоф ва демократӣ” ситоиш карданд.
Нахуствазир Павел Филип баъди ширкат дар овоздиҳӣ гуфт, ки “ба ояндаи Молдова эътимод дорад”. Ӯ гуфт, “мо омода ҳастем, ки ислоҳот ва иҷрои ҳама барномаҳои иҷтимоиро идома диҳем. Татбиқи ин барномаҳо зиндагии шаҳрвандони Молдоваро беҳтар мекунад”.
Интихоботи рӯзи якшанбеи Молдоваро 340 корманди созмонҳои байналмилалӣ аз 38 кишвар назорат карданд. Қарор аст САҲА дар ҷараёни рӯзи 25 феврал гузориши худро бар асоси арзёбиҳои интихоботи Молдова нашр кунад.
Дар Молдова, як ҷумҳурии собиқи шӯравии дорои 3,6 миллион ҷамъият, аз соли 2015 ба ин сӯ се дафъа ҳукумат нав шудааст. Яке аз моҷароҳои сангин дар ин муддат ба нопадид шудани 1 миллиард доллар пул рабт мегирад, ки тахминан 12 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдоваро ташкил медиҳад. Нопадидшавии ин пул кишварро дучори бӯҳрони сиёсиву бонкӣ кард.
Президенти Молдова Игор Додон як пуштибони қавии Русия ва Владимир Путин аст. Русия 95 дарсади гази табиии Молдоваро таъмин мекунад, нирӯҳои русӣ дар минтақаи Приднестровйе қарор доранд ва ба даъватҳои СММ оид ба тарки ин макон гӯш намедиҳанд.
Вале баъди он ки дар соли 2014 Молдова ва Иттиҳодияи Аврупо созишномаи ҳамкориро имзо карданд, робитаҳои Кишинев ва Маскав бадтар шуд. Русия баъди ин бархе молҳои воридотии Молдоваро таҳрим кард. Ҳоло 70 дарсади молу маҳсулоти тавлидшуда дар Молдова ба Иттиҳодияи Аврупо меравад.