Дар Эрон барои хабардор кардани занону мардоне, ки пӯшиши исломиро риоят накардаанд ва ҳар лаҳза мумкин аст, зери заррабини пулиси мазҳабӣ ё гашти иршод қарор бигиранд, барномаи махсуси телефонӣ (APP) таҳия шудааст. Ин барнома Гиршод ном дошта, сокинон метавонанд якдигарро аз маҳалли гаштугузори пулиси мазҳабӣ огоҳ кунанд.
Оғози фаъолияти ин барнома дар фазои маҷозии форсизабон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Торнамои расмии Гиршод ҳам ҳадаф аз ироаи чунин имконро "хашм аз ин ҳама ситами бедалел ва талош барои ёфтани роҳе барои муқовимати амалӣ дар баробари ин ҳуҷуми беадолатӣ" номидааст.
Ин сайт гуфтааст, ки барномаи Гиршод "роҳи мусолиматомез ва бо ҳадди ақалли риск" барои пас гирифтани бахше аз озодиҳои мардуми Эрон аст.
Он тавр ки муаллифони Гиршод шарҳ додаанд, корбарони барнома бо нигоҳ кардан ба нақшаи шаҳре, ки дар он зиндагӣ мекунанд, метавонанд масирҳоеро интихоб кунанд, ки эҳтимоли рӯбарӯ шудан бо гашти иршод камтар аст. Ин сайт имкони афзудани макони истиқрори гаштҳои иршод дар гӯшаҳои мухталиф аз сӯи корбарони барномаи мазкурро яке дигар аз имконоти Гиршод муаррифӣ кардааст.
Торнамои Гиршод тавзеҳ додааст, ки иттилооти макони гаштҳо тавассути худи шаҳрвандон гузориш мешавад. Созандагони ин барнома таъкид кардаанд, агар дар як шаҳр теъдоди зиёде аз шаҳрвандон аз Гиршод истифода кунанд ва гузориш додан дар бораи маҳалли гаштугузори пулиси мазҳабиро ҷиддӣ бигиранд, иттилои Гиршод низ бисёр дақиқ хоҳад буд. Ин апплекейшн дар ҳоли ҳозир танҳо барои Андроидҳо омода шудааст.
Ин барои нахустин бор аст, ки чунин барнома дар Эрон ва бо ҳадафи муқобила бо маҳдудиятҳои ҷорӣ аз сӯи гаштҳои иршод таҳия ва барои истифода ба сокинон дода мешавад.
Бар асоси эълони мақомҳои пулис, танҳо дар ду соли пеш наздики се миллион нафар тавассути гашти иршод огоҳӣ гирифта, бархе аз онҳо ба муҳокимаи додгоҳӣ низ кашида шудаанд. Пулиси мазҳабӣ солҳо пеш аз сӯи пулиси Эрон бо ҳадафи огоҳӣ ба занон ва мардоне, ки пӯшиши исломиро риоят намекунанд ва, ба ақидаи мақомот, тарғибгари фарҳанги Ғарб ҳастанд, роҳандозӣ шудааст.
Мақомҳои пулис иддао доранд, ки беш аз 50 дарсади мардуми Эрон мувофиқи чунин гашт ҳастанд, аммо раванди тағийри ҷомеаи Эрон, бахусус дар бахши либос, иддаои пулисро тасдиқ намекунанд.
Ҷомеаи Эрон дар пайи афзоиши нуфузи интернет ва моҳвора ва густариши истифода аз телефонҳои ҳамроҳ шоҳиди тағйир ва таҳаввулоти иҷтимоӣ нисбат ба гузашта шудааст, ки аз он ба унвони тағйири сабки зиндагии мардум ном бурда мешавад. Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ низ интернету моҳвора ва шабакаҳои иҷтимоиро муҳимтарин омили ин тағийрот ном бурда ва барои маҳдуд кардани онҳо талошҳои зиёдро ба кор бурдаанд.