Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 миллион $ ҷоиза - барои "Коля-Қирғиз" (ВИДЕО)


Қамчибек Қулбоев дар додгоҳ
Қамчибек Қулбоев дар додгоҳ

Амрико барои маълумоте, ки барои тахриби сохтори молии шабакаи ҷиноии Қамчибек Қулбоев, яке аз раҳбарони олами ҷиноии Қирғизистон, кумак кунад, 1 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Амрико барои бори аввал дар ивази маълумот дар бораи як раҳбари олами ҷиноӣ аз Осиёи Марказӣ ҷоиза таъин мекунад. Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 29 май дар сомонааш хабар дод, ки Барномаи махсуси ҷоизаҳо барои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллии ин вазорат “барои маълумоте ки ба тахриби механизмҳои молии шабакаи ҷиноии Қамчибек Қулбоев мусоидат кунад, то 1 миллион доллар ҷоиза пешниҳод мекунад.”

Мақомоти Амрико аз ҳар нафаре ки дар бораи шабакаи ҷиноии Қулбоев иттилое дорад, хостаанд, то ба вазорати дороии Амрико бо телефони (1) 202-622-2420 ё бо емейли OFAC_OGT_Investigation@treasury.gov, муроҷиат кунанд ваё маълумоти доштаи худро ба наздиктарин сафорат ё консулгарии Амрико бирасонанд. Гуфта мешавад, ки сирри тамоми маълумот пурра ҳифз карда хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, “шабакаи Қамчибек Қулбоев дар Осиёи Марказӣ мустақар буда, ба ҷиноятҳое, чун қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қочоқи инсон, тамаъҷӯӣ ва ҷиноятҳои дигар даст дорад. Шабакаи ҷиноии Қулбоев бахше аз созмони байналмилалии ҷиноии мавсум ба “Братва” аст, ки раҳбарон ва аъзои чадин гурӯҳи ҷиноӣ дар паҳнои АвроОсиёро дар бар мегирад.” Вазорати дороии Амрико дар моҳи феврали соли 2012 Қамчибек Қулбоевро узви “Братва”, ки бо номи “мафияи русӣ” маъруфтар аст, эътироф кард. Баъди ин исми ин “авторитет” ба “рӯйхати сиёҳ”-и вазорати дороии Амрико шомил шуд.
Қулбоев дар рӯйхати Интерпол
Қулбоев дар рӯйхати Интерпол
Қамчибек Қулбоев, мулаққаб ба “Қамчӣ Бишкекский” ва “Коля-Қирғиз”, ки аз тарафи Интерпол ҳам ҷустуҷӯ мешавад, бо як амри вижаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 1 июни соли 2011 ба рӯйхати афроди таҳти таҳримоти Вошингтон шомил гардид. Ин иқдом ба атбоъ ва ширкатҳои Амрико ҳар навъ муомила бо Қулбоевро манъ мекунад.

Қамчибек Ҳасанбекович Қулбоев соли 1974 дар Чӯлпон-Отаи Қирғизистон таваллуд шудааст. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ки ӯ бо яке аз бародарони раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев иртибот дошт.

Қамчибек Қулбоев, ки баъди суқути режими Боқиев дар соли 2010 дар ҳоли фирор ба сар мебурд, моҳи июли соли 2011 ҳамроҳ бо яке аз ёрони наздикаш Олмамбет Анапиёев дар Абӯзабӣ – пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – дастгир ва баъди чанде ба Бишкек истирдод шуд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек рӯзи 18 октябри соли 2013 ӯро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард. Вале рӯзи 24 декабр додгоҳи шаҳри Бишкек иттиҳоми “таъсиси созмони ҷиноӣ”-ро аз айбномаи Қулбоев гирифта, ҳукми ин раҳбари олами ҷиноии Қирғизистонро 3 сол муқаррар кард.
Қамчибек Қулбоев - дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00
Линки мустақим

Бар асоси ин ҳукм, Қамчибек Қулбоев бояд рӯзи 8 декабри соли 2015 аз маҳбас озод шавад. Вале азбаски ҳар рӯзи дар боздоштгоҳ ба сар бурдаи ӯ ба ҷои 2 рӯз ҳисоб мешавад, Қамчибек Қулбоев метавонад алакай рӯзи 8 июн, яъне баъди як ҳафта, аз маҳбас рухсат шавад. Мақомоти пулиси Қирғизистон аз ҳоло табли изтироб мезананд, ки бо раҳоии ӯ бояд мунтазири ташдиди бештари вазъи ҷиноӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ шуд.

Барномаи ҷоизаҳо барои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллии Амрико, ки дар ивази маълумот дар бораи фаъолияти шабакаи ҷиноии Қамчибек Қулбоев 1 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст, дар соли 2013 аз сӯи Конгресси Амрико бо ҳадафи кумак ба талошҳо ҷиҳати маҳви созмонҳои ҷиноии фаромиллӣ ва ба масъулият кашондани раҳбарон ва аъзои ин шабакаҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Ин барнома як бахши калидии Стратегияи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи маъмурияти Амрико ном бурда мешавад.

Қамчибек Қулбоев, мулаққаб ба “Қамчӣ Бишкекский” ва “Коля-Қирғиз”, ки дар соли 2008, дар синни ҳамагӣ 34-солагӣ ҳамчун “дузди қонунӣ” (“вор в законе”) тоҷгузорӣ шудааст, ҳатто дар зиндон ҳам тавонистааст, ки нуфузи худро дар олами ҷиноии Қирғизистон нафақат ҳифз кунад, балки тақвият ҳам диҳад. Аз ҷумла, ба навиштаи сомонаи “Фергананюс”, ӯ аз дохили маҳбас тавонист рақиби асосиаш дар арсаи ҷиноии Қирғизистон – Азиз Батукаевро маҷбур ба тарки кишвар кунад.

Дар Қирғизистон, ба фарқ аз Гурҷистон, ки ҳатто барои эътирофи мақоми “дузди қонунӣ” ҳукми умрбод медиҳанд, иртибот ба олами ҷиноӣ ба сари худ ҳанӯз ҷиноят шинохта намешавад. Вале зоҳиран дардисарҳои Қамчибек Қулбоев баъди раҳоии қарибулвуқӯаш ҳам тамом нахоҳад шуд. Гумон намеравад, ки мақомоти амрикоӣ домани ин нафари гумонбар ба сохтани “мафия”-ро ба зудӣ ё ба осонӣ раҳо кунанд.

Нарконбаронҳои тоҷик - "Боим", "Бек"...

Бо вуҷуди 1370 километр марзи мустақими Тоҷикистон Афғонистон – як манбаи асосии қочоқи афюну ҳероини ҷаҳон – ва бо вуҷуди як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ таъриф шудани Душанбе, то ҳол ягон наркобарони тоҷик ба чунин “шараф” – роҳ ёфтан ба “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико даст наёфтааст.

Аз қазияҳои пурсарусадои марбут ба “наркобарон”-ҳои тоҷик яке қазияи сокини Душанбе Иброҳим Сафаров, мулаққаб ба “Боим”, “Раис” ва ҳатто “Министр” аст, ки рӯзи 26 ноябри соли 2004 дар Русия бо ҷурми қочоқи ҳудуди 200 кило ҳероин дастгир шуд. “Боим”, ки ҳоло 43 сол дорад, раҳбари яке аз бузургтарин шабакаҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ном бурда мешуд. Мақомоти Русия мегуфтанд, шабакаи "Боим" солона ба ин кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир меовард. Ӯро соли 2006 ба 19 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳамин тавр, дар соли 2012 дар Дубай Атобек Гулмамадов, зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшонро дастгир ва моҳи феврали соли 2013 ба Маскав истирдод шуд. Мақомоти Русияро Гулмамадов, имулаққаб ба "Бек"-ро аз соли 2009 ба далели даст доштан дар қочоқи 400 килограмм ҳероин ҷустуҷӯ мекарданд. Вале наздикони ӯ мегуфтанд, ки ӯ бисёр як зиндагии хоксоронае дошт ва пулиси Русия ба хотири бузург нишон додани натиҷаи кораш “аз пашша фил сохтааст.”
XS
SM
MD
LG