Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қамчӣ Қулбоевро дар Абӯзабӣ боздошт карданд


Қамчӣ Қулбоев, ки аз шоҳони олами ҷиноии Қирғизистон дониста мешавад, дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Вазири умури дохилаи Қирғизистон Мелис Турғонбоев гуфт, Қулбоев ҳамроҳ бо намояндаи дигари олами ҷиноӣ Олмамбет Анапиёевро дар Абӯзабӣ дар робита ба ҷиноёти ҳанӯз мушаххасношудае, ки дар Иморот содир шудааст, дастгир кардаанд. Ӯ афзуд, пулиси Иморот Бишкекро аз ин қазия дирӯз дар ҷараён гузошт. Қулбоеви 37-сола бо иттиҳоми аъмоли ҷиноӣ таҳти таъқиби мақомоти Бишкек ва аз моҳи июн ҳатто таҳти таҳримоти Амрико қарор дошт. Дар Қирғизистон ӯро раҳбари яке аз бузургтарин шабакаҳои ҷиноӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG