Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳроб холӣ монд ё Довталабони пешаи имомхатибӣ кам мешавад. ВИДЕО


Мақомоти кумитаи дин мегӯянд, ки дар масҷидҳои кишвар ҷойи 12 имомхатиб холӣ шудааст.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар суҳбат бо Радио Озодӣ рӯзи 15-уми октябр гуфт, “Ҷои имомхатибон бинобар аз кор рафтани хатибони собиқ, ё бо қарори муассисон аз кор сабукдуш шудан, беморӣ ва ё аз дунё гузаштани онҳо, холӣ мешавад”.

Агар дар гузашта баъзе домуллоҳо дар мавъизаҳои худ ба назорати бештар аз рӯи сарулибоси занҳо даъват мекарданд, ҳоло ин даъватҳо тақрибан ба гӯш намерасад. Баръакс, муллоҳо ба театру музей мераванд, дар “агитбригадаҳо” иштирок мекунанд ва дар тарҳҳои барои кишвар муҳим пул ҷамъ мекунанд.

Ин масъули кумита гуфт, ки дар муддати муайян қарор аст имомхатибони нав дар мақомҳои холишуда пазируфта шаванд. Муқаррароти ба имоматӣ таъин шудани шахс чунин аст, ки ҳар як иттиҳодияи динӣ – яъне масҷид шӯрои муассисон дорад, ки маъмулан аз ҳисоби намозгузорони маҳаллӣ ташкил мешавад. Ин шӯро ба унвонии мақомоти умури дини ҳукумати маҳалли номзади мавриди назари худро ба мақоми имоматӣ пешниҳод мекунад. Мақомот ин шахсро аз имтиҳон гузаронида, ба вазифаи нав таъин ваё номзадиашро рад мекунанд.

Обрӯву эътибори пешаи имомхатибӣ дигар шуд

Ин дар ҳолест, ки пешаи имомхатибӣ дар Тоҷикистон зоҳиран обрӯву эътибори қаблиашро аз даст медиҳад ва ҳоло кам нафароне ёфт мешаванд, ки масъулиятро бар дӯш бигиранд. Солҳои ахир на танҳо симои имомхатибон ба таври куллӣ дигар шуд, балки доираи фаъолияти онҳо низ густариш ёфт ва онҳо аз як муллои пешнамоз ба як таблиғотгари ҷамъиятӣ табдил ёфтанд. Имомхатибон маъмулан аз буҷаи давлат маош мегиранд.

Ислом Раззоқзода, зодаи деҳаи Дурбати воқеъ дар канори шаҳри Душанбе як муҳоҷири корӣ аст, ки ҳоло дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Челябински Русия фаъолият мекунад. Ӯ аз хонаводаи мазҳабӣ буда, Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст. Як сол пеш сокинони деҳаи Дурбат ва бархе ҳам аз деҳаи ҳамсоя ба ӯ пешниҳод карданд, ки имоматии масҷидро бар дӯш бигирад. Аммо ӯ ин пешниҳодро напазируфт.

Муҳоҷирон дар берун аз кишвар ҳам талош мекунанд маросими диниро иҷро кунанд
Муҳоҷирон дар берун аз кишвар ҳам талош мекунанд маросими диниро иҷро кунанд

«Имомхатибӣ масъулияти хеле вазнин дорад. Ҳам дар назди Худо ва ҳам бандагони ӯ ҷавобдиҳанда ҳастӣ. Ҳоло талаботи мақомот аз имомхатибон хеле зиёд аст, аз ин рӯ фикр кардам беҳтараш муҳоҷират равам ва пешниҳодҳои ҳамдеҳагонамро қабул накардам», мегӯяд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо, ки ҳудудан 40-сола аст, мегӯяд, агар масъулияти имоматӣ дар шароити дигар як ифтихор ва ҳам эътибор бошад, ҳоло бисёр рӯҳониёни босаводу бонуфуз талош мекунанд аз чунин масъулият канор раванд. Ислом Раззоқзода мегӯяд, шояд як вақти дигар чунин пешниҳодро бо хурсандӣ мепазируфт ва дар ҷустуҷӯи кор ба мулки ғарибӣ намерафт.

Ӯ мегӯяд, хонданаш дар донишгоҳ чандон барои ӯ муфид набуд ва ҳоло гоҳ-гоҳ бо доираи хурди муҳоҷирон намоз мегузорад ва онҳоро аз зовияҳои мазҳабӣ насиҳат мекунад, то ба роҳи рост раванд.

Чаро касби имом-хатиб аз мӯд баромад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:13 0:00

Ҳодисаи ҷудогона нест

Агар дар гузашта имомхатибон барои ба даст овардани ин мақом вориди сабқат мешуданд, акнун даст кашидани Раззоқов аз пешниҳоди имомхатибӣ низ ҳодисаи ҷудогона ба назар намеояд. Чанд имомхатиб, ки ба шарти набурдани номашон бо мо сӯҳбат карданд, мегӯянд, дар шароите, ки талоши ҳукумат барои тақвияти арзишҳои дунявӣ то рафт бештар мешавад, аз даҳони имомхатиб баромадани ҳарфе, ки аз рӯи шариат ё Қуръон аст, вале хилоф бо меъёрҳои дунявият аст, метавонад барояш дардисарсоз шавад.

Дар ду соли ахир 20 имомхатиб танҳо дар шимоли Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ ва бар пояи банди 307-уми Кодекси ҷиноӣ - «иштирок дар ҳизбу ҳаркатҳои хислати экстремистӣ дошта» маҳкум ба зиндон шуданд. Аксари онҳо бо ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд гуноҳе надоранд. Вале мақомоти интизомӣ онҳоро ба таблиғи ақидаҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳгор мекунанд.

Назорати бештари мақомот аз рӯи фаъолияти ходимони дин дар даҳсолаи ахир на танҳо дар шеваи ба шеваи кор, балки ба матну мазмуни мавъизаҳои онҳо низ таъсир гузошт. Агар дар гузашта баъзе домуллоҳо дар мавъизаҳои худ ба назорати бештар аз рӯи сарулибоси занҳо даъват мекарданд, ҳоло ин даъватҳо тақрибан ба гӯш намерасад. Баръакс, муллоҳо ба театру музей мераванд, дар “агитбригадаҳо” иштирок мекунанд ва дар тарҳҳои барои кишвар муҳим пул ҷамъ мекунанд.

Имомхатибон ҳамчунон аз салоҳияти баргузор кардани никоҳи бидуни иҷозат маҳрум шуданд ва танҳо дар сурати доштани санади расмӣ ҳақ доранд хутбаи никоҳро бихонанд. Агар пешаи имомхатибӣ ё домулло будан дар гузашта соҳибашро аз нуфузи беандоза ва сарват бархурдор мекард, ҳоло бо ҷорӣ шудани қонуни танзим ин имтиёзҳо низ маҳдуд шуданд.

Касби хатарнок?

Аммо дар гузашта чнуин ҳолате кам иттифоқ меафтод, чун имомхатиб як шахси дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва аз ҷиҳати молӣ ҳам пешаи пурдаромаде буд.

Фариддун Ҳодизода, як талилгари масоили динӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло фаъолияти имомхатибон сахт назорат мешавад ва ҳар сухани носанҷида метавонад онҳоро пушти панҷара барад. Ӯ гуфт:

“Вақте мебинанд, ки дигар имомхатибон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд… Бар замми ин чанд масъулияти дигари ҷамъиятӣ ба душашон аст. Масалан, аз ҳисоби бошандагони масҷид таъмир кардани роҳ, мактаб… Бинобар ин, «ба ман дарди сар чӣ даркор?» гуфта, руҳониён масъулияти имомхатибиро бар душ гирифтан намехоҳанд”.

Имомхтибон дар Тоҷикистон ҳоло ба иҷрои корҳое ҷалб мешаванд, ки дар гузашта хоси онҳо набуд. Масалан, дар ноҳияи Шаҳритус ахиран руҳониён пул ҷамъ карда дасти ҳайкали Ленин – доҳии ҳукумати шӯроро таъмир карданд.

Муллоҳайдар Шарифзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва аз рӯҳониёни шинохта мегӯяд, имомхатиби масҷид дар назди Худо ва ҳам ҷомеа масъулияти сахте дорад ва на ҳама аз ӯҳади иҷрои он мебароянд.

«Пайғамбар гуфтаанд, ки замоне барои пайравони ман фаро мерасад, ки теладиҳӣ дар масҷидҳо сар мешавад. Аз ӯ пурсиданд, «чаро, магар олимони дин боқӣ намемонанд?» Пайғамбар гуфтанд, «олимони дин хоҳанд буд, аммо чун мардум онҳоро дастгирӣ намекунанд, онҳо аз пайи ҷусутуҷӯи ризқи худ мераванд ва дар миёни авом бар сари пеш даромадан дар намоз теладиҳӣ ба вуҷуд меояд. Яке мегӯяд, ту пеш даро, дигарӣ мегӯяд, ту даро».

Муллоҳайдар Шарифзода гуфт, ки шояд бархе аз имомхатибон аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин карда наметавонанд ва аз ин рӯ тарки пеша карда рӯ ба касбҳои дигар меоранд.

Ин рӯҳонӣ гуфт, дар асл имомхатибон харҷи рӯзгори худро аз «меҳанати ҳалол ва бо арақи ҷабин ёбанд», аммо агар мулло даст ба корҳои дигар занад, барои баргузор кардани маросими динии мардум вақт намеёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG