Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба Русия рафту дигар барнагашт"


Ҷомеъашиносон мегӯянд, занону кӯдаконе, ки моҳҳову солҳо интизори бозгашти шавҳарону падарони муҳоҷирашон аз Русия ҳастанд, ҳисоб надоранд.

Хонуми Гулҷаҳон, аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, чанд рӯз пеш ба радиои Озодӣ муроҷиат кард ва хоҳиш кард, ки паёми ӯ ва фарзандони чашминтизорро ба падари хонавода расонад.

Гулҷаҳон, ки модари ду фарзанд аст, мегӯяд, фарзандонаш солҳо боз орзуи дидори падарро доранд. Аммо чаҳор сол боз шавҳараш аз ӯву бачаҳояш суроғ намекунад ва барояшон кӯмак намерасонад.

Хонуми Гулҷаҳон мегӯяд, «Дар шаҳрҳои рус шавҳарам чаҳор сол пеш рафта, зани рус гирифтааст. Моро суроғ намекунад. Ба меҳнати худ нон мехӯрем. Хеле азоб дорем, рӯзгор мушки ласт, шароит нест. Кори мактаб мекунам, маошаш кам аст. Боз кори кишоварзӣ ҳам мекунам, то фарзандон гурусна намонанд. На телефон мекунад, ҳа ягон маблағ мефиристад барои фарзандонаш. Намедонам чӣ кунам ва чаро якбора аз мо дилсард шудааст. Доим дар намозам дуо мекунам, замоне расад,ки шавҳари ман ва ҳамаи шавҳарону падарону писарону бародарон ба назди пайвандони худ баргарданд. На худашон дар мулки бегона хор шаванду на ақрабояшон дар ин ҷо».

Хонуми Гулҷаҳон ҳоло бо ҳамсараш ҳеҷ иртибот надорад, азбаски дер боз бо ӯ ҳатто телефонӣ суҳбат надоштааст, шумораи телефонашро ҳам гум кардааст. Аммо вай хабар дорад, ки падари фарзандонаш дар Русия соҳиби оилаи нав шуда, аз зани русаш ҳам ду фарзанд дорад. Гулҷаҳон мегӯяд, ҳоло розӣ аст, ки ба хотири фарзандонаш оилаи дувуми ҳамсарашро қабул кунад, зеро ширкати ӯро дар раванди тарбия ва парастории фарзандони худ муҳим мехонад.
«Ҳадди ақал соле як маротиба фарзандонаш рӯйи падарро бинанд, сарбаланд хоҳам буд», - мегӯяд Гулҷаҳон.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорҳо зану кӯдаки хатлонӣ имрӯзҳо ба мисли Гулҷаҳону фарзандонаш дар интизории шавҳарону падарони муҳоҷири худ рӯзу моҳу солҳоро пушти сар мекунанд ва бори гарони рӯзгорро дар танҳоӣ мекашанд.

Маҳмуд Хоркашев, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мегӯяд, шикоятҳои занонро дар мавриди аз парастории хонаводаи худ даст кашидани иддае аз муҳоҷирони корӣ зиёд мешунавад. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дарди рӯз аст ва роҳи ҳал мехоҳад. Ҷаноби Хоркашев аз як зани хатлонӣ мисол овард, ки ахиран ба хадамоти муҳоҷират пиромуни бенишонии шавҳари муҳоҷираш шикояти расмӣ бурдааст:
«Аз зани маҳаллие ариза гирифтем. Ҷустӯҷӯ карда, шавҳари ӯро аз Русия пайдо кардем. Бо ӯ телефонӣ суҳбат доштам. Вай ба хонаводааш дар ҳақиқат маблағ равон мекардааст, аммо камтар ва нокифоя. Рости гап, ба он мард гуфтам, ки агар бори дигар аз зану фарзандонаш оид ба ҳамин масъала шикоят бирасад, ба ниҳодҳои танзимкунандаи муҳоҷирати Русия мактуб менависем ва таъкид мекунем, ки шумо ғамхори оилаи худ нестед ва пешниҳод мекунем, ки иҷборан ба Тоҷикистон фиристода шавед. Ростӣ, ин суханро танҳо ба хотири бедор кардани масъулияти хонадории он мард гуфтам. Шояд ба худ омад, ки гуфт, минбаъд ҳар моҳ ба андозаи кофӣ барои фарзандонаш маблағ хоҳад фиристод. Аммо, медонед, гап сари танҳо интиқоли маблағ нест, балки муҳоҷирони корӣ бояд ҳамзамон донанд, ки пеши ҳамсар ва фарзандони худ масъулиятҳои дигар ҳам доранд. Занон ҳам пеши худ шавҳарашонро дидан мехоҳанд, фарзандон муштоқи дидору оғӯши падар ҳастанд».

Маҳмуд Хоркашев афзуд, агар Гулҷаҳон ба хадамоти муҳоҷирати Хатлон муроҷиат кунад, дар пайдо намудани шавҳари муҳоҷир ва ба ҳам омадани ин хонаводаи парешон мусоидат хоҳад кард.

Дар зимн, занҳое, ки шавҳарони худро дар хона, дар Ватан, мунтазир нишастаанд, ба иддаои коршиносон, рӯзгори осудаву таъмин надоранд.

Муҳаббат Мирзораҳимова, таҳлилгари созмони иҷтимоии «Муҳоҷират» аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, гоҳе занон аз ҳамсарони муҳоҷири худ талаби таваҷҷуҳ ва ироаи маблағ барои рӯзгору таъмини фарзандон мекунанду мавриди хушунати лафзию равонӣ қарор мегиранд.
Вай дар идома гуфт: «Хушунати телефонӣ ҳам зиёд шудааст. Гоҳе мардон ба занҳояшон аз Русия занг зада, ҷангҷол мебардоранд, ки чаро маблағи фиристодаашонро зиёд сарф мекунанд. Ба кори зан эрод мегиранд, дашном медиҳанд. Бехабар аз он ки ҳама кори вазнини хонаро маҳз ҳамин занони бечора анҷом медиҳанд. Зан ҳам ба меҳрубонӣ, сухани хуши шавҳараш ниёз дорад. Аслан зарур аст, ки қонуни махсусе оид ба ҳимояи хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ қабул карда шавад».

Аммо завҷаҳои муҳоҷирони корӣ роҳи бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоии худро танҳо дар сабру таҳаммули вазъ мебинанд. Аксаран, ба хотири фарзандонашон аз хонаи шавҳар берун намераванд ва солҳо мунтазири бозгашти падари фарзандон менишинанд. Ин занҳои муштипар бори гарони рӯзгор, таълиму тарбия ва таъмину саробонии фарзандони худро бар дӯши худ доранд.
XS
SM
MD
LG